Предыдущая публикация
Худ накарди бо чунин сомон сафар.
Теғ баҳри иззати дин асту бас,
Мақсади ӯ ҳифзи ойин асту бас.
Мосиваллоҳро мусалмон банда нест,
Пеши Фиръавне сараш афканда нест.
Хуни ӯ тафсири ин асрор кард,
Миллати хобидаро бедор кард.
Теғи Ло чун аз миён берун кашид,
Аз раги арбоби ботил хун кашид.
Нақши иллаллоҳ бар саҳро навишт,
Сатри унвони наҷоти мо навишт.
Рамзи Қуръон аз Ҳусайн омӯхтем,
З-оташи ӯ шӯълаҳо андӯхтем.
Тори мо аз захмааш ларзон ҳанӯз,
Тоза аз такбири ӯ имон ҳанӯз.
Эй сабо, эй пайки дурафтодагон,
Ашки мо бар хоки поки ӯ расон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 12