Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро, 300 ҳазор сомонӣ туҳфа ва ордени Шараф, дараҷаи 1-ро супурд. Ин гурзандози маъруф моҳи августи соли гузашта бо медали Шараф, дараҷаи дувум сарфароз шуда буд.
Дилшод Назаров шоми 26-уми август ба Душанбе омад ва суҳбаташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат ҷараён гирифт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ, оқои Раҳмон ба Дилшод Назаров "барои хизматҳои бузургаш дар муарифии бештари давлату миллати тоҷик ва баланд бардоштани шарафи варзишии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ" изҳори сипос кардааст.
Ӯ гуфтааст, "ба медали тиллоии мусобиқоти ҷаҳонӣ ноил шудани Дилшод Назаров дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар руйдоди фараҳбахшу беназир буда, Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон гардонид"
Дилшод Назаров баъди анҷоми Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аввал ба Франкфурти Олмон ва аз онҷо ба Маскав расида, сипас, ба Душанбе омадааст. Вай дар лаҳзаҳои аввали расидан ба пойтахт гуфт, ба ваъдаи додааш вафо кард ва аз ин хушҳол аст.
"Ман ба Шумо ваъда додам, ки бо медал бармегардам ва ба ваъдаи додаам вафо кардам. Ин пирӯзии натанҳо ман, балки ғалабаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст. Бе пуштибонии Шумо ва бе ҳимояти раисиҷумҳур наметавонистам ба ин пирӯзӣ даст ёбам," - афзуд ӯ.
Ба пешвози ӯ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе садҳо нафар, аз ҷумла Рустами Эмомалӣ – раҳбари Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва писари раисиҷумҳури Тоҷикистон омада буданд. Дар канори Дилшод, инчунин, Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раисиҷумҳур ва Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ низ ҳузур доштанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2