Ҳамд ва шукри бепоён барои парвардигори оламиён бод ва дуруду раҳмати беандоза барои паёмбари мо ва ҳабиби мо Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ва олу асҳобаш ва касе, ки ба даъвати ӯ амал мекунад ва даъват мекунад то рӯзи қиёмат бод.
Маъмурияти Nodir-News барои фаро расидани иди саиди фитр аз самими қалб барои ҳама бародарон ва хоҳарони мусулмон табрик ва таҳният гуфта умедвор ҳастем, ки Худованди бузург тоат ва ибодати мо ва шумо азизонро қабул намуда, подош ва савоби бузургро насибамон гардонад.
Аз Анас (р.) ривоят аст, ки ҳангоме ки расули Худо (с) ба Мадина омаданад, мардум ду рӯзро доштанд, ки ба бозию саргармӣ машғул мешуданд ва ҷашн мегирифтанд. Паёмбари Худо фармуд: «Худованд ба ҷойи онҳо барои шумо ду рӯзи беҳтаре қарор додаст, рӯзи фитр (иди рамазон), рӯзи иди қурбон».
📚 (ривояти Насоӣ ва ибни Ҳиббон дар саҳеҳаш).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2