Аё Сино,
Аё истораи таърихи точик,
Табиби асри худ то асри бисти ман,
Хакими нуктасанчу нуктаборик,
Табиби дидаю дилхои беморони бедармон,
Харифи дардхои нобасомон,
Ба тули карнхо устод,
Шогирдони бетадбир,
Китобатро,
Китобе, ки ба хуни дил навишти бо хазор умед,
Ба чанги зидди душманхо
сипар карданд,
Вале аз оташи онон,
Варо бо чон хазар карданд.
Ба тули соли бисёре,
Китоби ту яке буду дигар
"Куръони"-и яздони,
Саропо мушкилифшо буд,
вале "Куръони"-и синои,
Даруни он буди махфуз,
Хазорон хочату чора,
Хазорон мархаму дармони бас,
дармони бечора.
Саропо буд калиди банд,
Калиди банди инсони,
Калиди дарди инсони...
Биё, Сино,
Биё, Сино, ки инак халки точикат,
Бароят сохт "гахвора",
На чун гахвораи чубин, ки гардад хоку нопайдо,
Зи чисми ту агарчи косаи сар кардаанд пайдо,
Аз он гахвора нопайдо,
Сухангахворае сохта,
Сухангахвораи човид,
Туро табрик мегуянд,
Ба туи як хазорум навбахори худ...
Биё, Сино,
Биё, Сино, Бухоро шуд Душанбеву,
атои тахти шуроист,
На тахти Газнаву Махмуд,
ки бахрат руз буд торик.
Биё, ки дар канораш чои ту холист.
Бахшиди ба чашни 1000-солагии А. и. Сино.
Душанбе 1980 с.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев