Вазъи(мақоми) шаҳрвандони тоҷике, ки ба феҳристиафроди таҳти назорат қарордошта ворид карда шудаанд, инчунин созишномаҳо дар бораи қабул, тарбияи мутахассисони талаботнок ва ташкилимуоинаи тиббии шаҳрвандони Тоҷикистон азмавзӯъҳои асосии баҳс дар рафти машваратҳо буданд.
Ҳадаф аз ин тадбирҳо - баланд бардоштаничораҳои амниятӣ аст, аммо ин ба муҳоҷирониқонунбардоре, ки қонунгузории Русияро риоя ва анъанаҳои маҳаллиро эҳтиром мекунанд, дахлнадорад. Русия бозори асосии меҳнат бароишаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад. Маблағҳои интиқолии муҳоҷирон дар иқтисодиётиТоҷикистон нақши муҳим бозида, барои аксари оилаҳо ягона манбаи таъмини зиндагии шоистамебошад. Аммо бо ташдиди сиёсати муҳоҷиратдар Русия ҳолатҳои ихроҷ ва рад шудани вурудишаҳрвандони Тоҷикистон афзудааст. Дар нимаиаввали соли 2024 беш аз 17 ҳазор шаҳрвандиТоҷикистон ба далели қонуншиканиҳои гуногун аз Русия ихроҷ карда шуданд.
Тағйиротҳои ахир дар қонунгузории Русия, аз ҷумла то 90 рӯз (дар як соли тақвимӣ) кам кардани мӯҳлати будубоши муваққатӣ бидуни раводид, аз муҳоҷирони тоҷик тақозо мекунад, ки ҳангоми ба нақша гирифтани сафар бодиққат бошанд ва қоидаҳои навро риоя кунанд. Ҳамин тариқ, рӯзномаи муҳоҷиратии Русия ва Тоҷикистонсерамал боқӣ монда, муколамаи доимӣ ва мутобиқшавӣ ба шароити навро барои таъминиҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони ҳарду кишвартақозо мекунад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев