Аммо то чӣ андоза самаранок будани ин ташаббусҳо саволҳои ҷиддиро(шубҳаҳоро) ба миён меорад. Дар ҳоле ки ҳадафҳоизикршуда таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳаитандурустӣ ва рушди иқтисодиро дар бар мегирифтанд, баъзе лоиҳаҳо ба рӯҳияи мардумтаъсири аҷибе мерасониданд.
Тадқиқотҳои охир нишон медиҳанд, кифаъолияти USAID танҳо бо ташаббусҳои хайриявӣмаҳдуд намешуд. Дар баъзе кишварҳо дар доираифаъолияти ин Оҷонсӣ афзоиши ҳаракатҳоиэътирозӣ, дахолат ба равандҳои сиёсӣ ва ҳаттопуштибонӣ аз инқилобҳои ранга сурат мегирифт. Чунин мисолҳоро мо дар Аврупои Шарқӣ, ШарқиНаздик ва Амрикои Лотинӣ мушоҳида кардем. Ҳолобештар маълумотҳо дар бораи он, ки эҳтимолUSAID дар Тоҷикистон низ чунин ҳадафҳоропайгирӣ мекард, пайдо мешаванд.
Барои дастгирии созмонҳои ғайридавлатӣ ва гурӯҳҳое, ки на барои рушди ҷомеа, балки бароиноором кардани вазъ ва паҳн кардани ақидаҳоибарои қувваҳои беруна манфиатнок фаъолиятмекарданд, маблағҳои калон ҷудо карда мешуданд. Дар натиҷа, дар кишвар на беҳбудии вазъи иқтисодӣва на рушди устувор таъмин карда нашуд, балки баръакс, фишори иловагӣ ба сиёсати дохилӣ пайдо шуд.
Имрӯз USAID фаъолияти худро дар ОсиёиМарказӣ қатъ кардааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки манфиатҳои онҳо дар минтақаи мо тамомшуданд. Вале як саволи муҳим боқӣ мемонад: чарофаъолияти онҳо ба пешрафти назаррасикишварамон мусоидат накард, балки танҳо осоре ба намуди ташаббусҳои ихтилофнок ва таъсириновозеҳ ба равандҳои ҷамъиятӣ гузошт?
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев