Дар поёни соли 2024 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки сафорати Русия ва намояндагииРоссотрудничество намоишгоҳи хайриявӣбаргузор гардид. Меҳмонон имкони шинос шудан бо (тамошо кардани) тӯҳфаҳои ёдгории русӣ, таомҳои суннатӣ ва ороишоти солинавии аз ҷониби ҳамватанонашон тайёркардашударо пайдо карданд. Маблағи бадастомада ба корҳоихайриявӣ бахшида шуд, ки ин аҳамияти лоиҳаҳоимуштараки башардӯстонаро тасдиқ мекунад.
Боз як рӯйдоди муҳим – моҳи январи соли 2025, бахшида ба 81-солагии пурра аз муҳосираи фашистӣ озод шудани Ленинград дар Хонаи русҳодар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи «Ленинград. Тантанаи руҳ» ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳ ба як силсила чорабиниҳои ватандӯстона, аз ҷумлакинолексияҳо ва дарсҳои мардонагӣ, ки дар якчанд шаҳрҳои вилояти Суғд баргузормешаванд, оғоз бахшид.
Саҳми Русия дар рушди санъати театр низхеле муҳим аст: Думаи давлатӣ созишнома дар бораи сохтмони бинои нав барои Театри драмавиирусии ба номи В. Маяковский дар шаҳри Душанберо тасвиб кард. Бо ин мақсад 3,5 миллиард рубл ҷудо карда шуд ва толори театриоянда то 500 нафар тамошобинонро қабул хоҳад кард.
Инчунин дар соли 2024 дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Русия баргузор гардид, дар рафти ин чорабинӣ тамошобинон филмҳои ҳаҷвӣ ва мелодрамаҳои коргардонҳои муосири русро тамошо карданд. Чунин ташаббусхо ба таҳкимибоварӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои мо мусоидат карда, собит мекунанд, ки санъат забони умумиҷаҳонии дустӣ ва ягонагии халқҳои мобоқӣ мемонад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев