Предыдущая публикация
Мушкили норасоии қувваи корӣ, ки дар Русия ҷой дорад, рушди иқтисодиётро маҳдуд мекунад, аз ин рӯ, ин кишвар ба муҳоҷирони корӣ ниёз дорад. Муҳоҷират ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири мусбӣ мерасонад – ҳудуди 30%-и ММД-и миллӣ аз ҳисоби пулҳои интиқолии муҳоҷирон ташаккул меёбад. Барои шаҳрвандони мо Русия имрӯз ҷолибтарин макони муҳоҷирати корӣ маҳсуб меёбад – тибқи маълумотҳои расмӣ, дар ин кишвар 1 миллиону 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунанд, вале тибқи баъзе ҳисобҳо, дар Русия ҳудуди 3 миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев