Дар ҷаласаи ифтитоҳии Шӯрои намояндагониваколатдори кишварҳои ИДМ дар Минск сардори Раёсати кишварҳои ИДМ дар Вазоратикорҳои хориҷии Тоҷикистон АҳмадСаидмуродзода нақшаи васеъмиқёсро барои соли оянда муаррифӣ кард, ки дар он 113 чорабинӣпешбинӣ шудааст.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба се самти асосӣ равона карда мешавад: сиёсат, иқтисодиёт ва ҳамкориҳои башардӯстона. Барномаи сиёсӣтаҳкими мавқеи ИДМ-ро дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути ташаббусҳои муштарак бо СозмониМилали Муттаҳид, СҲШ ва дигар созмонҳоибайналмилалӣ пешбинӣ мекунад. Дар байниғояҳои навоварона такмил додани механизмҳоикори Иттиҳодро барои мутобиқшавӣ ба чолишҳои муосир ном бурдан мумкин аст.
Дар соҳаи иқтисод идомаи татбиқиСтратегияи рушди иқтисодии ИДМ то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст. Диққати махсус ба тараққиёти саноат, мошинсозии вазнин ва ҷорӣкардани технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозадода мешавад. Моҳи июн дар Душанбе намоишгоҳи бузурги байналмилалии саноатӣбаргузор мегардад.
Барномаи башардӯстона низ пур аз рӯйдодҳост (рӯйдодҳои зиёдеро дар бар мегирад). Соли 2025 дар Озарбойҷон Бозиҳои III кишварҳои ИДМ баргузор мегарданд, инчунин Тоҷикистон мизбони конфронси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад. Илова бар ин, чорабиниҳои васеъмиқёс бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба нақша гирифта шудаанд. Тоҷикистон ният дорад дар рушди ҳамгироӣ ва таҳкими равобити байникишварҳои Иттиҳод саҳми назаррас гузорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев