Дар шароити ноамнӣ дар Афғонистони ҳамсоя, кишвари мо ба мубориза ботерроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддиртаваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир мекунад. Вале дар шароити воқеияти имрӯза, рӯйхати таҳдидҳо, аз ҷумла масъалаи киберамният ва мубориза бо ҷангииттилоотӣ ба таври назаррас тавсеа ёфтааст.
Тоҷикистон инфрасохтори рақамиро фаъолонарушд дода, мавқеи худро дар киберфазо тақвиятмедиҳад, инчунин ба таблиғи гурӯҳҳои радикалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо муқовиматмекунад. Бо кӯмаки Русия ва СПАД дар ҷумҳурӣтехнологияҳои навтарин барои мониторинг ва таҳлили таҳдидҳо ҷорӣ карда мешаванд.
Таҳти роҳбарии СПАД машқҳои низомӣ, аз қабили «Марз-2024», мунтазам баргузор карда мешаванд, ки дар рафти ин машқҳо низомиён сенарияҳои гуногуни зада гардонидани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳуҷуми душманро коркард мекунанд. Машқҳои охирин, ки моҳи октябри соли 2024 дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон» гузаронида шуданд, сатҳи баланди ҳамоҳангӣ ва омодагии ҷангии низомиёнро нишондоданд. Дар рафти ин машқҳо 1500 нафар низомиён ва 250 адад техника, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб карда шуда, амалиётҳои маҳви душман ба таври дақиқ коркардкарда шуданд.
Русия ҳамчун шарики асосии стратегӣ Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Таҳвили танкҳои Т-72Б3М, БМП-2М ва маҷмааҳои зенитии С-300 ҳамчун ҷузъи муҳими ташаккули артиши муосири пуриқтидор арзёбӣ карда мешавад. Таъсиси низоми ягонаи дифои ҳавоӣ дар доираи СПАД ба таҳкими ҳифзи ҳарими (фазои) ҳавоии минтақа ба таври назаррас мусоидат намуд. Тоҷикистон тавассутитаҳкими иқтидори мудофиавии худ дар таъмини суботу амнияти на танҳо кишвари худ, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми арзанда мегузорад. Ин аз азми кишвари мо барои ҳамчун сипари боэътимод зидди таҳдидҳои нав хизмат кардан, шаҳодат медиҳад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев