Мафҳуми инноватсия ба маънои навоварӣ, навҷӯӣ ва кашфиёту ихтироот дар соҳаҳои техникиву технологӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, хизматрасонӣ ва ё идоракунӣ бо роҳҳои муосир буда, бо истифодаи тафаккури ташаккулёфта ва дастовардҳои илмии ба технологияҳои замонавӣ асосёфта, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ доранд, амалӣ гардонида мешавад.
Фаъолияти инноватсионӣ - фаъолияте мебошад, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои такмилдодашудаи таҳқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию конструкторӣ ва дигар дастовардҳои илмию техникӣ алоқаманд мебошад.
Фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёти миллӣ бо ворид намудани навоварию навҷӯиҳо, ҷустуҷӯҳо, кашфиёту ихтироот, натиҷаи таҳқиқоти илмӣ ва ё дастовардҳои илмиву техникӣ татбиқ мегардад.
Тоҷикистон дар масъалаи он ки: «Бо вуҷуди дастовардҳои муайяни илмӣ, робитаи илм бо истеҳсолот, воридшавии инноватсия дар низоми илмӣ ва муҳимтар аз ҳама, рушди илмҳое, ки бо иқтисодиёти кишвар робитаи бевосита доранд, ҳамчун масъалаҳои мубрами рӯз боқӣ мондаанд».
Барои комёб шудан ба дастовардҳои муайяни илмӣ ва рушди илмҳое, ки метавонанд боиси пешрафт гарданд - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ бошанд, дар низоми илмӣ воридшавии раванди инноватсия, робитаи илм бо истеҳсолот ва ҷалби бештари аҳли ҷомеа ба фаъолияти инноватсионӣ талаби замони муосир аст. Аз қабили такмил ва баланд бардоштани тахассуси мутахассисон дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ, таъсиси заминаи моддию техникӣ ва технологии фаъолияти инноватсионӣ (паркҳои илмию технологӣ, марказҳои инноватсионӣ, тиҷорат - инкубаторҳо, марказҳои иттилоотӣ ва маркетинг, марказҳои трансфераи технология ва амсоли инҳо), дар ҳамаи соҳаҳо таҳия ва қабул намудани барномаҳои рушди инноватсионӣ ва таъсиси фондҳои инноватсионӣ, ҷалби нерӯи илмӣ ва илмию техникии муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ ба равандҳои инноватсионӣ, мутобиқ ба иқтисоди бозоргонӣ ба роҳ мондани фаъолияти паркҳои технологӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои мувофиқ оид ба фаъолияти инноватсионии дар самтҳои барои иқтисодиёти миллӣ афзалиятдошта, ҷалби мутахассисони ҷавон, магистрантону аспирантон ва муҳаққиқон ба таҳияи рисолаҳои инноватсионии амалӣ ва муайян кардани самтҳои афзалиятноки фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамаи соҳаҳо мебошанд.
Ҳамчунин, дар соҳаи илм ва маориф такмил додани низоми маблағгузории фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, мутамарказ гардонидани имтиёзҳо дар самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқот, коркард ва татбиқ намудани технологияҳои инноватсионии таълимию тарбиявӣ, фароҳам овардани шароит барои дастгирии ҳуқуқӣ ва ташкилии корхонаҳои хурди инноватсионӣ ва марказҳои инноватсионӣ, дастгирии рушди инфрасохторҳои инноватсионӣ (технопаркҳо, марказҳои инноватсионии технологӣ, комплексҳои инноватсионии саноатӣ, марказҳои литсензиядиҳӣ ва сертификатдиҳӣ, маркетинг), тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, такмил ва рушди заминаи ҳуқуқии илм ва фаъолияти инноватсионӣ бо дарназардошти ҳифзи моликияти зеҳнӣ ба натиҷаҳои фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, ҷалби объектҳои моликияти зеҳнӣ ба гардиши иқтисодӣ, рушди шабакаи ягонаи телекоммуникатсионии соҳаи илм ва маориф ва татбиқи истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионию коммуникатсионӣ, қабули чораҳо оид ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ ва корҳои патентиву литсензионӣ ва бо назардошти сиёсати давлатии фаъолияти инноватсионӣ аз аттестатсия ва аккредитатсия гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ ҳадафҳои ниҳоии Барномаи рушди инноватсионӣ мебошанд.
Асри XXI - асри рушди бемайлони илму техника, асри ташаккули техникаву технологияи муосири замонавӣ, асри рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ буда, ҳар фарди бедордилу худогоҳро водор месозад, ки огоҳ ва ҳамқадами замон бошад. Пӯшида нест, ки кишварҳои абарқудрат маҳз тавассути ташаккули техникаву технологияҳои замонавӣ дар соҳаҳои гуногуни техникиву технологӣ, электронӣ, металлургӣ, энергетикӣ, тиббӣ, табиӣ-риёзӣ ва амсоли инҳо ба комёбиву пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд.
Зеро, замони мо замони дастовардҳои бузурги илмиву техникӣ ва кашфиёти нав ба нави тафаккури инсонӣ ва ташаккули моликияти зеҳнӣ мебошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев