Бародарон ва Хоҳарони Азиз якояки мову шумо бояд ватани худро дӯст дорем, чун ин Ватан ватани мову шумо аст, ва барои ободии ин Ватан саҳми худро гузорем, агар мову шумо ин Ватан-ро ободу зебо накунем ҳеҷ як бегонае Ватани мову шуморо обод нахоҳад кард, биёед Ватани худро худ ободу зебо кунем...
Дустон бародарон ва хоҳарони азиз биёед фирефтаи ин ё он гурӯҳҳои Ифротӣ ва Террористӣ-ро нахурем чун онҳое, ки воқеан ҳам Ифротӣ ва Террорист ҳастанд ман фикр мекунам онҳо бе-Ватан бе-Миллат бе-Дин бе-Мазҳаб ва бе-Номус ҳастанд...
Ба гуфти Шоир:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Биёед бародарон ва хоҳарони азиз ба қадри ин ҳама тинҷиву ороми бирасем чун ин ҳама тинҷиву ороми ба осонӣ ба даст наомадааст бо заҳматҳои тамоми бузургони мову шумо ба даст омадааст биёед ҚАДР кунем ин ҳама тинҷиву оромиро ва шукр гузор бошем, ва агар ношукри кардем ун вақт аст, ки ба азоби Худо гирифтор хоҳем шуд...
Биёед Шукри Аллоҳи Меҳрубон-ро кунем барои ин ҳама тинҷиву оромие, ки дар ватани азизамон аст ва ҳамеша шукр гузор бошем ва ҳамеша дастгирӣ якдигар бошем ва ҳамеша барои ободии ин Ватан саҳми худро гузорем ва ҳамеша дар ҳаққи якдигар Дуъо-гӯ бошем...
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев