Предыдущая публикация
Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар,
Ҳайфи он умр, ки эй бесару по,
Дар раҳи тарбият кардам сарф.
Дили фарзанд аз ин ҳарф шикаст,
Бехабар аз падараш кард сафар.
Ранҷ бисёр кашеду баъд аз ин,
Зиндагӣ гашт ба комаш чу шакар,
Оқибат шӯҳрату волоӣ ёфт,
Ҳокими шаҳр шуду соҳибзар.
Чанд рӯзе бигузашту пас он,
Амр фармуд ба эҳзори падар.
Падараш омада аз роҳи дароз,
Назди ҳоким шуду бишнохт писар
Писар аз ғояти худхоҳиву кибр,
Назар афканд ба сару пои падар.
Гуфт:-гуфтӣ, ки ту одам нашавӣ,
Ту кунун ҳашмату ҷоҳам бинигар.
Пир хандиду сараш дод такон,
Гуфт, ин нукта бурун шуд аз дар,
Ман нагуфтам, ки ту ҳоким нашавӣ,
Гуфтам:одам нашавӣ ҷони падар.
Совол:чоро,
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев