«Салом бар ҳамватанон!
Ҳамеша орузу ва ҳадафам ин аст,ки миллати азизамро сарбаланд ва хушҳол гардонам .Ҳар инсон мехоҳад,ки ба Ватану миллату худ ба роҳҳои гуногун химат кунад .Яке дар илм ,яке дар фарҳанг ,дигаре дар мудирияту дар сиёсат ва дигаре бо як касби одди ва ҳалол мехоҳад дар хидматгузори ба кишвару мардумаш саҳм гузорад .Ман варзишро интихоб кардам ва мехоҳам аз ин роҳ ба шумо миллати азизам шуҳрату ифтихор биёварам ва дирузу имруз дар сабқати ҷудои Бозиҳои Осиёӣ дар гушини Дзюдо ва Самбо соҳиби ду медали биринҷӣ шудам .Агар бо ин медалхо лаҳзае ҳам бошад дилҳои шуморо хурсанд карда бошам Худоро шукр мегуям . Мехостам аз Пешвои Миллат ,Асосгузори сулҳу ваҳдат ,Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ,ки ҳамеша моро пуштибонӣ мекунанд сипосгузорӣ кунам .Ва ҳамчунин аз Раиси кумитаи ҷавонон ва варзиш ,Кумитаи Милли Олимпи ва аз Раиси Вилояти Суғд Рачабой Ахмадзода аз мураббиёнам ,аз падари меҳрубонам ва бародари ғамхорам ва харифхои тамриниам ва аз ҳамаи мухлисон ва ҳаводоронам ибрози ташаккур ва миннатдорӣ кунам .
Бо эҳтиром Комроншоҳи Устопириён!»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев