Предыдущая публикация
Ояти нафсу марг мехонем.
Лек дар лаҳзаҳои хурсандӣ.
Сураи ҳамдро намедонем.
Фахр дорем аз тани бедард.
Гӯиё ҷовидона мемонем.
Соати шод масту бехотир.
Соати ғам зи ҳушёронем.
Гоҳе аз худ чунон бадар гардем.
Ҳайратовар ба чашми ҳайвонем.
Гоҳе аз худ ончунон нолем.
Ки чаро ҳамчу мӯр камҷонем.
Як нафас ғарраи шикамсерӣ.
Як нафас зори бурдаи нонем.
Як нафас соҳиби ҳама дунё.
Як нафас пеши дар чу меҳмонем.
Эй Худо раҳмате ба мо бинмо.
Мо ҳамин сон намуди инсонем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев