Предыдущая публикация
Ба номи Худо
Ой баргузидаи ҳамаи интихобҳо
Қуръони ту китоби тамоми китобҳо.
Андешаи ту теша ба асли бади зада
Ой решаи ҳамешатарин инқилобҳо.
Фахри фалак ба туст ки фонус гашта буд
Дар кучаҳои омаданат офтобҳо.
Сармашқи осмону замини ки номи туст
Бар лавҳи шаб навишта ба хати шаҳобҳо.
Ман такя кардаам ба наву(1) поймардият
Дар рузи чуну чанду чи рузи ҳисобҳо.
Саргашта дар мазоиқи васфи ту мондаам
Чандон ки додаам ба сухан обу тобҳо.
Хуршеди Макка, Моҳи Мадина, Расули ман
Ой хоксори мидҳати ту Бутуробҳо.
Шамъе забон бурида чи лофат зи Офтоб
Гунгам ки дар ҳавои ту дидаст хобҳо.
(Ҳусайн Манзуи)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев