(1280 - 1352)
ОЙ СУБҲИ СОДИҚОН, РУХИ ЗЕБОИ МУСТАФО
ВОЙ САРВИ РОСТОН, ҚАДИ РАЪНОИ МУСТАФО.
Ба номи Худо.
Ой субҳи содиқон рухи зебои Мустафо
Вой сарви ростон қади раънои Мустафо.
Оинаи Сикандару оби ҳаёти Хизр
Нури ҷабину лаъли шакархои Мустафо.
Меъроҷи Анбиёву шаби Қадри Асфиё
Гесуи рузпуши қамарсои Мустафо.
Идрис к-у муъалами илми Иллоҳи аст
Лаб баста пеши мантиқи гуёи Мустафо.
Исо ки дайри доираи Алави мақоми уст
Хошокруби Ҳазрати Аълои Мустафо.
Ваз ҷоми руҳпарвари мо зоғ гашта маст
Оҳуи чашми дилкаши шаҳлои Мустафо.
Шамсу Қамар ки лулуи дарёи ахзаранд
Аз руи меҳр омада лолои Мустафо.
Холи зи ранги бидъату, оре зи занги ширк
Оинаи замири мусафои Мустафо.
Каҳл ал-ҷавоҳири фалаку тутиёи руҳ
Дони ки чист, хоки кафи пои Мустафо.
Қарси Қамар шикаста бар ин хони лаҷарад
Вақти салои муъҷизи имони Мустафо.
Руҳул Амин ки ояти қурбат ба шони уст
Қосир зи дарки пояи адни Мустафо.
Дар бар фиканда заҳраи бағалбанди нилгун
Аз суки заҳр хурдани Заҳрои Мустафо.
Гу маҳ ба нури хеш машав ғарра зон ки у
Аксе бувад зи ғарра ғарои Мустафо.
Бар бом ҳафт манзари боло кашидаанд
Зин чор саҳфа рояти олои Мустафо.
Хоҷа гадои даргаҳи у шав ки Ҷабраил
Шуд бо камоли мартаба Мавлои Мустафо.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
Кирмони