Ҷавон ба фикр фуру рафт ва назди яке аз устодони донишгоҳиаш рафт ва бо ҳиҷолат чунин гуфт.
-Дар сини як солгиаам Падарам аз дунё гузашт ва барои ин, ки Модарам харҷи зиндагиямонро таъмин кунад,дар хонаҳо мардум рахт ва либос мешуст. Ҳоло духтаре, ки хеле дӯсташ медорам, шарт гузоштааст, ки фақат бидуни ҳузури Модарам ба издивоҷамон рози мешавад. Ин мавзӯъ маро хиҷолатзада кардааст ва дар сари дуроҳа мондаам,ба назаратон чи кор кунам?
Устод гуфт:
Аз ту хостае дорам. Ба хонаатон бирав ва дастони Модаратро бишуй, фардо ба наздам биё ва ман ба ту маслиҳат хоҳам дод....
Ҷавон ба хона омад ва дастони Модарашро ба дастонаш гирифт, то бишуяд вале ногаҳон ашк ба чашмонаш ҳалқа зад, зеро аввалин бор буд,ки дастони Модарашро, ки аз шиддати шустани либосҳои мардум хазон шуда буд, ва пур аз кафидагиҳо буд дид. Вақте, ки обро руи дастони Модар мерехт, Модар аз дард ба ларза меафтод. Пас аз шустани дастони Модараш натавонист, ки то субҳ тоқат кунад ва ҳамон лаҳза ба устодаш занг зада гуфт;
Мамнунам, ки роҳи дурустро ба ман нишон додед.Ман Модарамро ба имрӯзам намефурушам, чун ӯ зиндагиашро барои ояндаи ман табоҳ карда аст..
Худо модаронро дар паноҳат ногаҳ дор Омин🤲
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 9
Ку бгу моям яке мегирем