Сураи ОЛИ ИМРОН
(хонадони Имрон)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1 Алиф. Лом. Мим.
2 Оллоҳ аст, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Зинда асту поянда аст!
3 Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, ба ҳак бар ту нозил кард ва қабл аз он Тавротро ва Инҷилро фиристод.
4 барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Барои онон, ки ба оёти Худо имон намеоранд, азобе сахт муҳайёст ва Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст.
5 Ҳеҷ чиз дар замину осмон бар Худо пӯшида нест.
6 Ӯст, ки шуморо дар батии модароп ба ҳар сон, ки хоста бошад, сурат мебандад. Нест худое ҷуз Ӯ, ки пирӯзманду ҳаким аст!
7 Ӯст, ки ин китобро бар ту нозил кард. Баъзе аз ояҳо муҳкамотанд, ин ояҳо уммулкитобанд ва баъзе ояҳо муташобеҳотанд. Аммо онҳо, ки дар дилашон майл ба ботил аст, ба сабаби фитнаҷӯӣ ва майл ба маъно аз муташобеҳот пайравй мекунанд, дар ҳоле ки маънои онро ҷуз Худо намедонад. Ва окон, ки қадам дар дониш устувор кардаанд, мегӯянд: «Мо бад-он имон овардаем. Ҳама аз ҷониби Парвардигори мост». Ва хирадмандон панд мегиранд.
8 Эй Парвардигори мо, аз он пас, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо ато бикун, ки ту бахшояндаӣ!
9 Эй Парвардигори мо, ту мардумро дар он рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар он нест, гирд меоварӣ. Ба яқин, ки Худо аз ваъда хилоф накунад!
10 Кофиронро дороиҳо ва фарзандонашон ҳаргиз аз азоби Худо нараҳонад. Онҳо худ ҳезуми оташи ҷаҳаннаманд.
11 Ба мисли Оли Фиръавн ва пешиниёнашон оёти моро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд). Пас Худо ононро ба ҷазои гуноҳонашон бозхост кард. Ва уқубяти Худо сахт яст!
12 Ба кофирон бигӯй: «Ба зудӣ мағлуб хоҳед шуд ва дар ҷаҳаннам, он оромгоҳи бад, гирд хоҳед омад!»
13 Дар он ду гурӯҳ, ки ба ҳам расиданд, барои шумо ибрате буд: Гурӯҳе дар роҳи Худо меҷангиданд ва гурӯҳе дигар кофир буданд. Ононро ба чашми худ дучандони хеш медиданд. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ диҳад. Ва соҳибназаронро дар ин ибратест!
14 Дар чашми мардум ороиш ёфтааст ишқ ба орзуҳои нафсонӣ ва дӯст доштани занону фарзандон ва ҳамёнҳои зару сим ва аспони нишонадор ва чорпоён ва зироат. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии инҷаҳонӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки бозгаштангоҳи хуб назди Худост!
15 Бигӯ: «Оё шуморо ба чизҳое беҳтар аз инҳо огоҳ кунам?» Барои онон, ки парҳезгорӣ пеша кунанд, дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест, ки наҳрҳо дар он равон аст. Инон бо занони покиза дар айни хушнудии Худо ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд. Ва Худо аз ҳоли бандагон огоҳ аст:
16 Касоне, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем. Гуноҳони моро биёмурз ва моро аз азоби оташ ҳифз кун»;
17 собирону ростгӯён ва фармонбардорону нафақакунандагон ва онон, ки дар саҳаргоҳон омурзиш металабанд.
18 Оллоҳ ҳукм кард ва фариштагону донишмандон низ, ки ҳеҷ худое барпойдорандаи адл ҷуз Ӯ нест. Худое ҷуз Ӯ нест, ки пирӯзманду ҳаким аст!
19 Албатта дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли китоб муқобили он рафтанд, аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ, шуданд ва
низ аз рӯи ҳасад. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки Ӯ ба зудӣ ба ҳисобҳо хоҳад расид!
20 Агар бо ту ба доварӣ бархезанд, бигӯй: «Ману пайравонам дар дини хеш ба Худо ихлос намудем». Ба аҳли китоб ва мушрикон бигӯ: «Оё шумо ҳам ба Худо ихлос намудед?» Агар ихлос варзидаанд, пас ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шудаанд, бар ту таблиғ асту бас ва Худо бандагонро мебинад.
21 Касоне, ки ба оёти Худо имон намеоваранд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва мардумеро, ки аз рӯи адл фармон медиҳанд, мекушанд, ба азобе дардовар хабар деҳ!
22 Аъмоли инҳо дар дунё ва охират нобуд шудааст ва ҳеҷ ёваре надоранд!
23 Оё ононро надидӣ, ки аз китоб баҳрае ёфта буданд, чун даъват шуданд то китоби Худо дар бораи онҳо ҳукм кунад, гурӯҳе аз онҳо бозгаштанд ва рӯй гардонӣ карданд?
24 Ва ин бад-он сабаб буд, ки мегуфтанд: «Ҷуз чанд рӯзе оташи дӯзах ба мо нарасад». Ва ин дурӯғ, ки бар худ баста буданд, дар дини худ фиребашон дод.
25 Ҳолашон чӣ гуна хоҳад буд дар он рӯз бешубҳа, вақте, ки ҳамаро гирд оварем, то подоши амали ҳар кас дода шавад, бе он ки бар касе ситаме равад?
26 Бигӯ: «Бор Худоё, Туӣ - - дорандаи мулк! Ба ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк медиҳӣ ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти туст ва ту бар ҳар коре тавоноӣ!
27 Аз шаб мекоҳӣ (кӯтоҳ мекунӣ) ва ба рӯз меафзоӣ ва аз рӯз мекоҳӣ ва ба шаб меафзоӣ! Зиндаро аз мурда берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда. Ва ба ҳар ки бихоҳӣ, беҳисоб рӯзӣ медиҳӣ!
28 Набояд мӯъминон кофиронро ба ҷои мӯъминон ба дӯстӣ гиранд. Пас ҳар кӣ чунин кунад, ӯро бо Худо робитае нест. Магар ин ки аз онҳо бимнок бошед. Ва Худо шуморо аз худаш метарсонад, ки бозгашт ба сӯӣ Ӯст».
29 Бигӯ: «Ҳар чӣ дар дил доред, чӣ пинҳонаш кунед ва чӣ ошкораш созед. Худо ба он огох, аст. Ӯ ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва бар ҳар коре тавоност!
30 Рӯзе, ки ҳар кас корҳои нек ва корҳои бади худро дар баробари худ ҳозир бинад, орзу кунад, ки эй кош, миёни ӯ ва кирдори бадаш масофае бузург бувад. Худованд шуморо аз Худаш метарсонад. Ва Худо ба бандагонаш меҳрубон аст!»
31 Бигӯ: Агар Худоро дӯст медоред, ба ман пайравӣ кунед, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ки омурзанда ва меҳрубон аст!»
32 Бигӯ: «Аз Худо ва расулаш фармон бибаред. Пас агар рӯйгардон шуданд, бидоканд, ки Худо кофиронро дӯст надорад!»
33 Худо Одаму Нӯҳ, ва хонадони Иброҳиму хонадони Имронро бар ҷаҳониён бартарӣ дод:
34 Фарзандоне буданд баъзе аз насли баъзе дигар падидомада. Ва Худо шунаво ва доност!
35 Ва зани Имрон гуфт: «Эй Парвардигори ман, назр кардам, ки он чӣ дар шикам дорам, аз кори инҷаҳонӣ озоду танҳо дар хидмати Ту бошад. Ин назрро аз ман бипазир, ки Ту шунаво ва доноӣ».
36 Чун фарзанди хеш бизод, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин ки зойидаам, духтар аст — ва Худо ба он чӣ зоида буд, донотар аст — ва писар чун духтар нест. Ӯро Марям ном ниҳодам. Ӯ ва фарзандашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту месупорам».
37 Пас Парвардигораш он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариёро ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ меёфт, Мегуфт: «Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад?» Марям мегуфт: «Аз ҷониби Худо;» зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад.
38 Дар он ҷо Закариё Парвардигорашро нидо дод ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, албатта Ту дуъоро мешунавӣ».
39 Пас-ҳамчунон, ки дар меҳроб ба намоз истода буд, фариштагон нидояш доданд: «Худо туро ба Яҳё хушхабар медиҳад. Ӯ калимаи Худоро тасдиқ мекунад ва худ бузургест безор аз занон ва паёмбарест аз шоистагон».
40 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро писаре бошад, дар ҳоле ки ба пирӣ расидаам ва занам нозост?» Гуфт; Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, мекунад».
41 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барон мая нишонае падидор кун». Гуфт: «Нишони ту ин аст, ки се рӯз бо мардум сухан нагӯӣ, магар ба ишора ва Парвардигоратро фаровон ёд кун ва дар шабонгоҳу бомдод Ӯро шукр гӯй.
42 Ва фариштагон гуфтанд: «Эй Марям, Худо туро инхитоб кард ва покиза сохт ва бар занони ҷаҳон бартарӣ дод.
43 Эй Марям, аз Парвардигорат итоъат кун ва саҷда кун ва бо намозгузорон намоз бихон!»
44 Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Вагарна он гоҳ, ки қуръа заданд, то чӣ касе аз миёнашон ӯҳдадори нигаҳдории Марям шавад ва он гоҳ ки корашон ба низоъ кашид, ту дар наздашон набудӣ.
45 Фариштагон гуфтанд; «Эй Марям, Худо туро ба калимаи Худ мужда медиҳад: Номи ӯ Масеҳ — Исо писари Марям аст. Дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикон аст.
46 Бо мардум ҳамчунон, ки дар бузургӣ, дар гаҳвора сухан мегӯяд ва аз шоистагон аст».
47 Марям гуфт: «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро фарзанде бошад, дар ҳоле ки одамӣ ба ман даст назадааст?» Гуфт; «Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Чун иродаи чизе кунад, ба ӯ гӯяд: «Мавҷуд шав!» — пас мавҷуд мешавад.
48 Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад.
49 Ва ба пайғамбарӣ бар банӣ-Исроилаш мефиристад», ки ман ба мӯъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз лой чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба амри Худо паррандае шавад ва кӯри модарзодро ва пес гирифтаро шифо медиҳам. Ва ба фармони Худо мурдаро зинда мекунам. Ва ба шумо мегӯям, ки чӣ хурдаед ва дар хонаҳои худ чӣ захира кардаед. Агар аз мӯъминон бошед, инҳо барои шумо нишонаҳои ҳаққонияти ман аст!
50 Тавроти ҳозирро тасдиқ мекунам ва баъзе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда, ҳалол мекунам. Бо нишонӣ аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Аз Худо битарсед ва ба ман итоат кунед!
51 Оллоҳ Парвардигори ману шумост. Бипарастедаш, ки роҳи рост ин аст!
52 Чун Исо дарёфт, ки ба ӯ имон намеоваранд, гуфт: «Чӣ касоне дар роҳи Худо ёрони мананд?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо ёрони Худоем. Ба Худо имон овардем. Шаҳодат деҳ ки мо таслим ҳастем.
53 Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, имон овардем ва ба расул пайравӣ кардем, моро дар шумори гувоҳидиҳандагон бинавис!»
54 Онон макр карданд ва Худо ҳам макр кард ва Худо беҳтарини макркунандагон аст.
55 Он гоҳ Худо гуфт: «Эй Исо, ман туро мемиронам ва ба сӯи худ бармеоварам ва аз кофирон дур месозам ва то рӯзи қиёмат ононро, ки ба ту паиравӣ кунанд, болои кофирон қарор хоҳам дод. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман дар он чӣ ихтилоф мекардед, миёнатон ҳукм мекунам.
56 Аммо ононро, ки кофир шуданд, дар дунёву охират ба сахтӣ азоб хоҳам кард ва онҳоро мададгороне нест!»
57 Аммо онон, ки имон оварданд ва корҳои нек карданд, Худо муздашонро ба тамомӣ хоҳад дод. Худо ситамкорокро дӯст надорад!
58 Инҳо, ки бар ту мехонем, аз оёт ва паидҳои ҳикматомез аст.
59 Мисоли Исо дар назди Худо чун мисоли Одам аст, ки ӯро аз хок биёфарид ва ба ӯ гуфт: «Мавҷуд шав». Пас мавҷуд шуд.
60 Ин сухапи ҳақ аз ҷониби Парвардигори, ту аст. Аз шаккунандагон мабош.
61 Аз он пас, ки ба огоҳӣ расидаӣ, ҳар кас, ки дар бораи ӯ бо ту ҷидол кунад, бигӯ: «Биёед, то ҳозир оварем мо фарзандони худро ва шумо фарзандони худро, мо занони худро ва шумо занони худро, мо бародарони худро ва шумо бародарони худро. Он гоҳ, дуову тазарруъ кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгӯён бифиристем!»
62 Ҳамоно ин достокест росту дуруст. "Ҷуз Оллоҳ ҳеҷ худое нест. Ӯ Худои пирӯзманду ҳаким аст!
63 Агар рӯйгардон шаванд, Худованд муфсидонро мешиносад!
64 Бигӯ: «Эй аҳли китоб, биёед ба он калимае, ки пазируфтаи мову шумост, пайравӣ кунем, он ки ҷуз Худоро напарастем ва ҳеҷ чизро шарики Ӯ насозем ва баъзе аз мо баъзе дигарро ғайри Худо ба парастиш нагирад. Агар онон рӯйгардон шуданд, бигӯ: « Шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем ».
65 Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил баъд аз ӯ нозил шуда аст? Магар намеандешед?
66 Шумо ҳамон касоне ҳастед, ки дар он ба он илм доред, баҳсу ҷидол мекардед, чаро дар он чӣ ба он нлм надоред, ҷидол мекунед? Дар ҳоле, ки Худо медонад ва шумо намедонед!
67 Иброҳим на яҳудӣ буд, на насронӣ, балки ҳанифии'" мусалмон буд. Ва аз мушрикон набуд.
68 Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ӯ ва ин паёмбару мӯъминон ҳастанд. Ва Худо ёвари мӯъминон аст.
69 Гурӯҳе аз аҳли китоб дӯст доранд, ки шуморо гумроҳ кунанд ва ҳол он ки намедонанд, кн танҳо худро гумроҳ мекунанд!
70 Эй аҳли китоб, бо он ки худ ба оёти Худо шоҳидӣ медиҳед, чаро инкораш мекунед?
71 Эй аҳли китоб, бо он ки аз ҳақиқат огоҳед, чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақиқатро пинҳон мекунед?»
72 Гурӯҳе аз аҳли китоб гуфтанд; « Дар аввали рӯз ба он чӣ бар мӯъминон нозил шудааст, имон биёваред ва дар охири рӯз инкораш кунед, то шояд аз эътиқоди хеш бозгарданд».
73 Ва гуфтанд; «Ғайри пайравони дини худро тасдиқ накунед». Бигӯ; «Ҳидоят хидояти худоист». Ва агар гӯянд, ки ба дигарон ҳамон чизҳое дода шавад, ки ба шумо дода шудааст ё агар гӯянд, ки фардо дар назди Парвардигоратон бо шумо ба ҳуҷҷат меистанд, бигӯ: «Фазилат ба дасти Худост, ба ҳар кӣ хоҳад, онро ато мекунад, ки Ӯ бахшояндаву доност!»
74 Ҳар киро бихоҳад хоси раҳмати худ мекунад ва Худо соҳибкарамест бисёр бузург!
75 Аз миёни аҳли китоб касест, ки агар ӯро амин шуморӣ ва қинторе ба ӯ бисупорӣ, онро ба ту бозмегардонад ва аз онҳо кассет, ки агар аминаш шуморӣ ва диноре ба ӯ бисупорӣ, ҷуз ба тақозо ва талаб онро бознагардонад. Зеро мегӯяд: «Роҳи омиёни мардуми Макка бар мо баста аст ва кас моро маломат накунад». Инҳо худ медонанд, ки ба Худо дурӯғ мебанданд.
76 Оре, ҳар кас, ки ба аҳди хеш вафо кунад ва парҳезгор бошад, Худо парҳезгоронро дӯст медорад.
77 Касоне, ки аҳди Худо ва савгандҳои худро ба баҳои андак мефурӯшанд, дар охират насибе надоранд ва Худо дар рӯзи қиёмат на ба онон сухан мегӯяд ва на ба онон менигарад ва на ононро покиза месозад. Ва барояшон азобе дардовар аст!
78 Ва аз миёни онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки ба шеваи китоби Худо сухан мегӯянд, то пиндоред, ки он чӣ мегӯянд, аз китоби Худост, дар ҳоле ки аз китоби Худо нест. Ва мегӯянд, ки аз чониби Худо омада ва ҳол он ки аз ҷониби Худо наёмада аст. Ва худ медонанд, ки бар Худо дурӯғ мебанданд.
79 Нашояд ҳеҷ башареро, ки Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва нубувват дода бошад, он гоҳ ба мардум бигӯяд, ки бандагони ман бошед, на бандагони Худо. Ва ҳол он ки паёмбарон мегӯянд: «Ҳамчунон, ки аз китоби Худо меомӯзед ва дар он мехонед, парастандагони Худо бошед».
80 Ва низ ба шумо намефармояд, ки фариштагону паёмбаронро худоён пиндоред. Оё пас аз он ки ислом овардаед, шуморо ба куфр фармон медиҳад?
81 Ва Худо аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам; ба паёмбаре, ки дини шуморо тасдиқ мекунад ва ба паём назди шумо меояд, имон оред ва ёриаш кунед.Гуфт: «Оё иқрор кардед ва аҳди Маро пазируфтед?» Гуфтанд: «Иқрор кардем». Гуфт; «Пас шаҳодат диҳед ва Ман низ бо шумо аз шоҳидонам».
82 Ва ҳар кӣ аз он пас сарпечӣ кунад, аз фосиқон аст.
83 Оё дине ҷуз дини Худо меҷӯянд, ҳол он ки он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, хоҳу нохоҳ таслими фармони Ӯ ҳастанд ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед!
84 Бигӯ: «Ба Худо ва он чӣ бар мо ва бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеч як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама таслими иродаи Ӯ ҳастем».
85 Ва ҳар кас, ки дине ҷуз ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд.
86 Чӣ гуна Худо ҳидоят кунад қавмеро, ки аввал имон оварданд ва ба ҳаққонияти расул шаҳодат доданд ва далоилу оёти равшанро мушоҳида карданд, сипас кофир шуданд? Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад!
87 Ҷазояшон ин аст, ки лаънати Худо ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онон аст.
88 Абадӣ дар лаънат бимонанд ва аз азобашон кам нашавад ва мӯҳлаташон надиҳанд,
89 магар онон, ки аз он пас тавба кунанд ва ислоҳ шаванд, зеро Худо омурзанда ва меҳрубон аст!
90 Тавбаи касоне, ки пас аз имон овардан кофир шуданд ва бар куфри худ афзуданд, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо гумроҳонанд!
91 Онон, ки кофир шуданд ва кофир мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест.
92 Некиро дарнахоҳед ёфт, то он гоҳ ки аз он чӣ дӯст медоред, инфоқ (нафақа) кунед. Ва ҳар чӣ инфоқ мекунед, Худо ба он огоҳ аст.
93 Ҳамаи таъомҳо бар банӣ-Исроил ҳалол буд, ғайри онҳо, ки пеш аз нузули Таврот Исроил бар худ ҳаром карда буд. Бигӯ: «агар рост мегӯед, Тавротро биёвареду бихонед».
94 Аз он пас ҳар кӣ бар Худо дурӯғ бандад, аз ситамкорон аст.
95 Бигӯ: «Худо рост мегӯяд. Дини ҳанифи Иброҳимро пайравӣ кунед ва ӯ аз мушрикон набуд.
96 Нахустин хонае, ки барои мардум бино шуда, ҳамон аст, ки дар Макка аст. Хонае, ки ҷаҳониёнро сабаби баракат ва ҳидоят аст!
97 Дар он ҷост оёти равшан ва мақоми Иброҳим. Ва хар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, кн Худо бар ҷаҳониён мӯҳтоҷ нест».
98 Бигӯ: «Эй аҳли китоб, чаро оёти Худоро инкор яекунед? Худо нозир бар аъмоли шумост!»
99 Бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба чӣ сабаб онҳоро, ки имон овардаанд, аз роҳи Худо бозмедоред ва мехоҳед, ки ба роҳи каҷ раванд? Ва шумо худ ба зиштии кори хеш огоҳед ва Худо низ аз он чӣ мекунед, ғофил нест!
100 Эй касоне , ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз аҳли китоб итоъат кунед, шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд.
#музыка
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев