100 Эй касоне , ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз аҳли китоб итоъат кунед, шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд.
101 Чӣ гуна кофир мешавед, дар ҳоле, ки оёти Худо бар шумо хонда мешавад ва расули Ӯ дар миени шумост? Ва ҳар кӣ ба Худо тамассук (наздикӣ) ҷӯяд, ба роҳи рост ҳидоят шудааст.
102 Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз Ӯ битарсед ва дар ҳолати мусалмонӣ миред.
103 Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, шояд ҳидоят ёбед.
104 Бояд, ки аз миёни шумо гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Инҳо наҷот ёфтагонанд.
105 Ба монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд.
106 Он рӯз, ки гурӯҳе сафедрӯй ва гурӯҳе сияҳрӯй шаванд, ба онон, ки сияҳрӯй шудаанд, мегӯянд: «Оё шумо пас аз имон оварданатон кофир шудед? Ба сабаби кофир шуданатон бичашед азоби Худоро!»
107 Аммо онон, ки сафедрӯй шудаанд, ҳамеша ғарқ дар раҳмати Парвардигор бошанд.
108 Инҳо оёти Худост, ки ба ҳақ бар ту мехонем. Ва Худо ба мардуми ҷаҳон ситам раво намедорад!
109 Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва корҳо ба ӯ бозгардонида шавад.
110 Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падидомада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Агар аҳли китоб низ имон биёваранд, барояшон беҳтар аст. Баъзе аз онҳо мӯъминанд, вале бештарин фосиқонанд.
111 Ба шумо ҷуз андак озор дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҳарб кунанд, пушт кунанд ва рӯй ба гурез раванд ва пирӯз нагарданд.
112 Ҳ,ар ҷо, ки бошанд, мӯҳри хори бар онҳо зада шуда аст, магар он ки дар амони Худо ва дар амони мардум бошанд. Ва бо хашми Худо қарин шудаанд ва мӯҳри бадбахтӣ бар онҳо ниҳодаанд, зеро ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ, куштанд. Ва ин бад-он сабаб буд, ки исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд.
113 Аҳли китоб ҳама яксон нестанд. Гурӯҳе ба тоъати Худо истодаанд ва оёти Худоро дар дили шаб тиловат мекунанд ва саҷда ба ҷой меоваранд.
114 Ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва дар корҳои нек шитоб меварзанд ва аз ҷумлаи солеҳонанд.
115 Ва ҳар кори нек, ки кунанд, ношукрӣ карда нашавад, зеро Худо ба парҳезгорон огоҳ аст!
116 Кофиронро амволу авлодашон ҳеҷ аз азоби Худо нараҳонад ва онон аҳли оташанд, ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд!
117 Он чӣ инҳо дар ин ҷаҳон хайр мекунанд, ҳамонанди он аст, ки тундбоде сард бар киштзори қавме бар хеш ситам карда бивазад ва он киштаро нобуд созад. Худо бар онҳо ситам раво надошт. Онон худ бар худ ситам карданд.
118 Эй касоне, ки имон овардаед, дӯсти ҳамрозе ғайр аз ҳамдинони худ магиред, ки дигарон аз ҳеҷ фасоде дар хаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд ва хостори ранҷу машаққати шумоянд. Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед!
119 Огоҳ бошед, ки шумо ононро дӯст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дӯст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китоб имон овардаед. Чун шуморо бубинанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба Шумо доранд, сарангушти худ ба дандон газанд. Бигӯ: «Дар кинаи хеш бимиред! Албатта Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст».
120 Агар хайре ба шумо расад, андӯҳгин шаванд ва агар ба мусибате гирифтор оед, шодмоп гарданд. Агар сабр варзед ва парҳезгорӣ кунед, аз макрашон ба шумо зиёне наррсад, кк Худо бар ҳар коре, ки мекунанд, огоҳӣ дорад!
121 Ва бомдодон аз миёни касони хеш берун омадӣ, то мӯъминонро дар он ҷойҳо, ки мебоист биҷанганд, биншонӣ ва Худо шунавову доност!
122 Ду гурӯҳ аз шумо нияти он карданд, ки дар ҷанг сустӣ намоянд ва Худо ёварашон буд, пас мӯъминон бояд, ки бар Худо таваккал кунанд!
123 Албатта Худо шуморо дар Бадр ёрӣ кард ва ҳол он ки нотавон будед. Пас аз Худо битарсед, бошад, ки шукргузор шавед!
124 Он гоҳ, ки ба мӯъминон мегуфтӣ, ки агар Худо се ҳазор фаришта ба ёриатон фурӯ фиристад, оё шуморо кофӣ нахоҳад буд?
125 Бале, агар пойдорӣ кунед ва парҳезгор бошед, чун душманон тохтутоз оваранд, Худо бо панҷ ҳазор аз фариштагони аломатдор шуморо ёрӣ кунад.
126 Ва Худованд ин корро танҳо барои шодмонӣ ва дилгармии шумо кард. Ва нест ёрие, магар аз сӯи Худои пирӯзманду доно,
127 то гурӯҳе аз кофиронро ҳалок кунад ё хор гардонад. Он гоҳ навмед бозгарданд.
128 Ё эшонро ба тавба водорад ё он ситамкоронро азоб кунад ва туро дар ин корҳо дасте нест.
129 Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст!
130 Эй касоне, ки имон овардаед, рибо махӯред ба афзуданҳои пай дар пай. Ва аз Худой битарсед, то растагор шавед!
131 Ва битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шудааст!
132 Ва аз Худову расул итоат кунед то шояд раҳмат карда шавед!
133 Бар якдигар пешӣ гиред барои омурзиши Парвардигори хеш ва расидан ба он биҳишт, ки паҳнояш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барон парҳезгорон мухайё шудааст,
134 он касон, ки дар тавонгариву тангдастӣ эҳсон мекунанд ва хашми худ фурӯ мехӯранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад!
135 Ва он касон, ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳони хеш омурзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро биёмурзад? Ва чун ба зиштии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, пой нафушуранд.
136 Ҷазои инҳо омурзиши Парвардигорашон аст ва низ биҳиштҳое ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он ҷо ҷовидонанд ва чӣ некӯст ҷазои некӯкорон!
137 Пеш аз шумо воқеъаҳое будааст, пас бар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори онҳо, паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат медоданд, чӣ будааст?
138 Ин барои мардум далеле равшан ва барои парҳезгорон роҳнамову пандест.
139 Сустӣ макунед ва андӯҳгин мабошед, зеро агар имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед.
140 Агар бар шумо захме расид, ба он қавм низ ҳамчунон захме расидааст. Ва ин рӯзгор аст, ки ҳар дам онро бар муроди касе мегардонем, то Худо касонеро, ки имон овардаанд, бишиносад ва аз шумо гувоҳон гирад. Ва Худо ситамкоронро дӯст надорад,
141 ва то мӯъминонро покиза гардонад ва кофиронро нобуд созад.
142 Оё гумон доред, ки ба биҳишт хоҳед рафт ва ҳол он ки ҳанӯз Худо маълум накардааст, ки аз миёни шумо чӣ касоне ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне сабр мекунанд?
143 Пеш аз он ки маргатон фаро расад, орзуи марг макардед, инак маргро дидед ва дар он менигаред!
144 Шубҳае нест, ки Муҳаммад паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбароне дигар будаанд. Оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба дини пешини худ бозмегардед? Ҳар кас, ки бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳад расонид. Худо шукргузоронро подош (мукофот) хоҳад дод.
145 Ҳеч кас бе фармони Худо намемирад. Муддат навишта шудааст. Ҳар кас хоҳони савоби инҷаҳонӣ бошад, ба ӯ медиҳем ва ҳар кас хоҳони савоби онҷаҳонӣ бошад, ба ӯ медиҳем ва шокиронро подош хоҳем дод!
146 Чӣ басо паёмбароне, ки худодӯстони бисер ҳамроҳи онон ба ҷанг рафтанд ва дар роҳи Худо, ҳарчӣ ба онҳо расид, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва сар фуруд наёварданд ва Худо сабркунандагонро дӯст дорад.
147 Суханашон ҷуз ин набуд, ки мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро ва зиёдаравиҳои моро дар корҳо биёмурз ва моро собитқадам гардон ва дар баробари кофирон ёрӣ кун».
148 Худо подоши инҷаҳонӣ ва подоши неки онҷаҳониро ба онҳо арзонӣ дошт ва Худо накӯкоронро дуст дорад!
149 Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба кофирон пайрави кунед, шуморо ба дини пешина бармегардонанд, пас зиёндида бозмегардед.
150 На, ёрикунандаи шумо Худованд аст, ки беҳгарини ёрикунандагон аст!
151 Дар дили кофирон тарс хоҳем афканд. Зеро чизеро, ки аз осмон барои он ҳуҷҷате нафиристодааст, шарики Худо гирифтанд. Ҷои онон ҷаҳаннам аст, ки барои ситамкорон макони бадест!
152 Худо ба ваъдае, ки бо шумо ниҳода буд, вафо кард, он гоҳ ки ба амри Ӯ душманро мекуштед. Ва чун ғаниматеро, ки ҳаваси онро дар сар доштед, ба шумо нишон дод, сустӣ кардед ва дар он амр ба низоъ пардохтед ва нофармонӣ варзидед. Баъзе хостори дунё шудед ва баъзе хостсри охират. Сипас то шуморо ба балое мубтало кунад, ба гурехтан водошт! Инак шуморо бибахшид, ки Ӯро ба мӯъминон бахшоишест!
153 Он гоҳ ки мегурехтед ва ба касе нигоҳ намекардед ва паёмбар шуморо аз пушти сар садо медод. Пас ба ҷазо ғаме бар ғами шумо афзуд. Акнун андӯҳи он чиро, ки аз даст додаед, ё ранҷеро, ки ба шумо расидааст, нахӯред. Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!
154 Он гоҳ пас аз он андӯҳ, Худо ба шумо эминӣ арзонӣ дошт, чукон ки гурӯҳеро хоби ором фурӯ гирифт. Аммо гурӯҳе дигар, ки чун мардуми асри ҷоҳилӣ ба Худо гумони ботил доштанд, ҳанӯз дар фикри андӯҳи хеш буданд ва мегуфтанд: «Оё ҳаргиз кор ба дасти мо хоҳад афтод?» Бигӯ: «Ҳамаи корҳо ба дасти Худост». Онон дар дили худ чизеро пинҳон медоранд, ки намехоҳанд барои ту ошкораш созанд.Мегӯянд: «Агар моро ихтиёре буд, ин ҷо кушта намешудем». Бигӯ: «Агар дар хонаҳои худ ҳам мебудед, касоне, ки кушта шудан бар
онҳо муқаррар шудааст, аз хона ба қатлгоҳашон берун мерафтанд. Худо он чиро, ки дар сина доред, меозмояд ва дилҳоятонро пок мегардонад».Ва Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст!
155 Аз миёни шумо онон, ки дар рӯзи муқобалаи он ду гурӯҳ, бигурехтанд, ба сабаби баъзе аз амалҳояшон шайтон онҳоро ба хато афканда буд. Инак Худованд афвашон кард, ки Ӯ омурзанда ва бурдбор аст!
156 Эй касоне, ки имон овардаед, монанди он кофирон мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар ё ба ҷанг рафта буданд, мегуфтанд: «Агар назди по монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд». Худо ин гумонро чун ҳасрате дар дили онҳо ниҳод. Ва Худост, ки зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯст, ки корҳои шуморо мебинад!
157 Агар дар роҳи Худо кушта шавед, ё бимиред, омурзиш ва раҳмати Худо аз он чӣ дар ин ҷаҳон чамъ меоваред, беҳтар аст.
158 Ва агар бимиред, ё кушта шавед, албатта дар пешгоҳи Худованд маҳшур (хамсӯҳбат) мешавед.
159 Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худой таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад.
160 Агар Худо шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо ғалаба нахоҳад кард. Ва агар шуморо хор дорад, чӣ касе аз он пас ёриатон хоҳад кард? Пас мӯъминон бояд ки бар Худо таваккал кунанд!
161 Ҳеҷ паёмбаре хиёнат накунад ва ҳар кӣ ба чизе хиёнат кунад, онро дар рӯзи қиёмат бо худ оварад. Сипае ҷазои амали ҳар кас ба тамоми дода хоҳад шуд ва бар касе ситаме нашавад!
162 Оё он кас, ки ба роҳи хушнудии Худо меравад, ҳамонанди касест, ки мӯҷиби хашми ӯ мешавад ва макони ӯ ҷаҳаннам, он саранҷоми бад аст?
16З Ин ду гурӯҳро назди Худо дараҷаҳоест гуногун ва Ӯ ба корҳояшон огоҳ аст!
164 Худо бар мӯъминон инъом фармуд, он гоҳ, ки аз худашон ба миёни худашон паёмбаре равон кард то оёташро бар онҳо бихонад ва покашон созад ва китобу ҳикматашон биёмузад, ҳарчанд аз он пеш дар гумроҳии ошкоре буданд.
165 Ва оё ҳангоме ки осебе ба шумо расид, ки шумо худ дучанди он расонда будед, гуфтед: «Ин осеб аз куҷо расид?» Бигӯ: «Аз ҷониби худатон». Албатта Худо бар ҳар чизе тавоност!
166 Он чӣ дар рӯзи бархурди он ду гурӯҳ, ба шумо расид, ба изни (ризой) Худо буд, то мӯъминонро маълум дорад.
167 Ва оконро низ, ки нифоқ варзиданд маълум дорад. Ба онҳо гуфта мешуд: «Биёед, дар роҳи Худо ҷанг кунед ё ба дифоъ пардозед». Мегуфтанд: «Агар яқин доштем, ки ҷанге дармегирад, бо шумо меомадем». Онон ба куфр наздиктаранд, то ба имон. Ба забои чизҳое мегӯянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Худо ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст!
168 Ба онон, ки аз ҷанг бозистоданд ва дар бораи бародарони худ гуфтанд, ки агар сухани моро шунида буданд кушта намешуданд, бигӯ: «Агар рост мегӯед, маргро аз худ биронед!»
169 Касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндор, балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд.
170 Аз фазилате, ки Худо насибашон кардааст, шодмонанд. Ва барои онҳо, ки дар паяшон ҳастанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд, хушдиланд, ки биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд!
171 Ононро муждаи неъмату фазли Худо медиҳанд ва Худо подоши мӯъминонро бекор намекунад.
172 Аз миёни он касон, ки пас аз захм хӯрдан боз ҳам фармони Худо ва расулашро иҷобат карданд, онон, ки некӯкор бошанд ва аз Худой битарсанд, музде бузург доранд.
173 Касоне, ки мардум гуфтандашон, ки мардум барои ҷанг бо шумо гирд омадаанд, аз онҳо битарсед ва ин сухан бар имонашон бияфзуд ва гуфтанд: «Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест!»
174 Пас аз ҷанг бозгаштанд, дар ҳоле ки неъмату фазли Худоро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Худо рафтанд ва Худоро бахшоише азим аст!
175 Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, аз онҳо матарсед, аз ман битарсед!
176 Онон, ки ба куфр мешитобанд, туро ғамгин насозанд. Инҳо ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд. Худо мехоҳад онҳоро дар охират бебаҳра гардонад ва барояшон азобест бузург!
177 Ҳар оина албатта онон, ки имон доданд ва куфр хариданд, ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд ва барояшон азобе дарднок аст!
178 Кофирон напиндоранд, ки дар мӯҳлате, ки ба онҳо медиҳем, хайри онҳост. Ба онҳо мӯҳлат медиҳем, то бештар ба гуноҳонашон бияфзоянд ва барои онҳост азобе хоркунанда!
179 Худо бар он нест, ки шумо мӯъминонро бад-ия ҳол, ки акнун ҳастед, раҳо кунад. Меозмояд, то нопокро аз пок ҷудо созад. Ва Худо бар он нест, ки шуморо аз ғайб биогоҳонад, вале баъзе аз паёмбаронашро, ки худ бихоҳад, бармегузинад. Пас ба Худо ва паёмбаронаш имон биёваред. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, аҷре азим ёбед!
180 Онон, ки дар неъмате, ки Худо ба онҳо ато кардааст, бахилӣ мекунанд, напиндоранд, ки дар бахилӣ кардан барояшон хайр аст. На, шарр аст! Дар рӯзи қиёмат он чиро, ки дар бахшиданаш бухл меварзиданд, чун тавқе ба гарданашон хоҳанд озехт. Ва аз они Худост мероси осмонҳову замин ва Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст!
181 Албатта Худо шунид сухани он касонро, ки мегуфтанд: «Худо бенавост ва мо тавонгарем». Гуфторашонро ва низ ин ки паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд, хоҳем навишт ва гӯем: «Бичашед азоби оташи сӯзонро!»
182 Ин ҷазои амалҳоест, ки пешопеш ба ҷой овардед вагарна Худованд ба бандагонаш ситам раво намедорад.
183 Касоне гуфтанд: «Моро бо Худо аҳдест, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, магар барои мо қурбоние биёварад, ки оташ онро бихӯрад». Бигӯ: «Пеш аз ман паёмбароне бо мӯъҷизаҳо ва он чи акнун мехоҳед, омадаанд, агар рост мегӯед, чаро онҳоро куштед?»
184 Агар туро такзиб карданд, паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту бо муъҷизаҳо ва навиштаҳо ва китоби равшангар омада буданд, такзиб шудаанд.
185 Ҳама кас маргро мечашад ва дар хақиқат дар рӯзи қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба бихишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст. Ва ин зиндагли дунё ҷуз матоъе фиребанда нест.
186 Шуморо ба молу ҷон озмоиш хоҳанд кард. Ва аз забони аҳли китоб ва мушрикон озори фаровон хоҳед шунид. Агар сабр кунед ва парҳезгор бошед, пас ин корест бузург,
187 Худо аз аҳли китоб паймон гирифт, ки китоби Худоро барои мардум ошкор созанд ва пинҳонаш накунанд, вале онҳо паси пушташон афканданд ва дар ивазаш баҳои андаке гирифтанд. Чӣ бад муъомалае карданд!
188 Ононро, ки аз корҳое, ки кардаанд, шодмон шудаанд ва дӯст доранд ба сабаби корҳои нокардаи хеш ҳам мавриди ситоиш қарор гиранд, мапиндор, ки дар паноҳгоҳе дур аз азоби Худо бошанд. Барояшон азобе дардовар муҳайёст!
189 Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва Худо бар ҳар чизе тавоност!
190 Албатта дар офариниши осмонҳову замин ва омадушуди шабу рӯз хирадмандонро ибратҳост,
191 онҳо, ки Худоро истодаву нишаста ва ба паҳлӯ хуфта ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳову
замин меандешанд: «Эй Парвардигори мо, ин ҷаҳонро ба бехуда наёфаридаӣ, ту покӣ, моро аз азоби оташ боздор!
192 Эй Парвардигори мо, ҳар касро, ки ба оташ дарорӣ, расвояш кардаӣ ва золимонро ҳеҷ ёваре нест!
193 Эй Парвардигори мо, шунидем, ки нидокунандае ба имон фаро мехонд, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Ва мо имон овардем. Пас, эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биёмурз ва бадиҳои моро аз мо дур кун ва моро бо некон бимирон!
194 Эй Парвардигори мо, ато кун ба мо он чиро, ки ба забони паёмбаронат ба мо ваъда додаӣ ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун, ки Ту ваъдаи хеш хилоф намекунӣ».
195 Парвардигорашон дуояшонро иҷобат фармуд, ки Ман кори ҳеҷ коргузореро аз шумо, чӣ зан ва чӣ мард — ҳама аз якдигаред — ночиз намесоеам. Пас гуноҳони касонеро, ки муҳоҷират кардаанд ва аз хонаҳояшон ронда шудаанд ва дар роҳи Ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, мағфират мекунам ва ононро дар биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил мекунам. Ин мукофот аз ҷониби Худо ва подоши некӣ назди Худост.
196 Омадурафти кофирон дар шаҳрҳо туро нафиребад!
197 Ин бархурдорип андакест. Пас аз он ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чаҳаннам бад оромгоҳест!
198 Аммо барои онон, ки аз Парвардигорашон метарсанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамеша дар он ҷо меҳмони Худо ҳастанд, Ва он чӣ назди Худост, барои некон беҳтар аст!
199 Баъзе аз аҳли китоб ба Худо ва китобе, ки бар шумо нозил шуда ва китобе, ки бар худашон нозил шудааст, имон доранд. Мутеъи фармони Худоянд. Оёти Худоро ба нархи андак намефурӯшанд. Музди эшон назди Парвардигорашон аст. Албатта Худо ҳисобҳоро зуд хоҳад кард.
200 Эй касоне, ки имон овардаед, бурдбор бошед ва дигаронро ба бурдборӣ даъват кунед ва дар ҷангҳо пойдорӣ кунед ва аз Худо битарсед, шояд, ки наҷот ёбед!.
#музыка
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев