Сураи АЪРОФ
(баландиҳо)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
1 Алиф, лом, мим, сод.
2 Китобест, ки бар ту нозил шуда, дар дили ту аз он шубҳае набошад, то ба он бим диҳӣ (тарсонӣ) ва мӯъминонро панде бошад.
3 Ба он чӣ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шудааст, пайравӣ кунед ва ғайри Ӯ аз худоёни дигар пайравӣ макунед! Шумо чӣ андак пандмегиред!
4 Чӣ бисёр деҳаҳое, ки мардумашро ба ҳалокат расонидем ва азоби мо шабҳангом ё он гоҳ ки ба хоби нимрӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид.
5 Чун азоби Мо ба онон даррасид, суханашон фақат ин буд, ки гуфтанд; «Мо ситамкор будем!» .
6 Албатта, аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд, суол хоҳем кард.
7 Ва аз ҳар чӣ кардаанд, бо огоҳии тамом барояшон ҳикоят хоҳем кард, зеро Мо ҳаргиз ғоиб набудаем!
8 Дар он рӯз вазн кардан ба ҳақ хоҳад буд. Онҳо, ки тарозуяшон сангин (вазнин) аст, наҷот ёфтаанд.
9 Онон, ки тарозуи аъмолашон сабук гаштааст, касоне ҳастанд, ки ба оёти Мо имон наёварда буданд ва аз ин рӯ ба худ зиён расонидаанд.
10 Дар замнн ҷойгоҳатон додем ва роҳҳои маъишататонро дар он қарор додем. Ва чӣ андак шукр мегузоред!
11 Ва шуморо биёфаридем ва сурат бахшидем, он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед», ҳама ҷуз Иблис саҷда карданд ва Иблис дар шумори саҷдакунандагон набуд.
12 Худо гуфт: «Вақте туро ба саҷда фармон додам, чӣ чиз туро аз он боздошт?» Гуфт: «Мап аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офарндаӣ ва ӯро аз гил».
13 Гуфт: «Аз ин мақом поён рав! Туро чӣ расад, ки дар он гарданкашӣ кунӣ? Берун рав, ки ту аз хоршудагонӣ?»
14 Гуфт: «Маро то рӯзи қиёмат, ки зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ».
15 Гуфт: «Ту аз мӯҳлатёфтагонӣ».
16 Гуфт; «Ҳоло ки маро ноумед сохтаӣ, ман ҳам онҳоро аз роҳи рости Ту мунҳариф (каҷ) мекунам.
17 Он гоҳ аз пешу аз пас ва аз чапу рост бар онҳо метозам. Ва бештаринашонро шукргузор нахоҳӣ ёфт».
18 Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, манфури ронда! Аз касоне, ки пайравии ту мекунанд ва аз ҳамаи шумо ҷаҳаннамро хоҳам пур кард!
19 Эй одам, туву ҳамсарат дар биҳишт макон гиред. Аз ҳар ҷо, ки хоҳед, бихӯред, вале ба ин дарахт наздик машавед, ки дар қатори ба хеш ситамкунандагон хоҳед шуд!»
20 Пас шайтон он дуро васваса кард, то шармгоҳашонро, ки аз онҳо пӯшида буд, дар назарашон ошкор кунад. Ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард, то мабод аз фариштагон ё ҷобидонон шавед».
21 Ва барояшон савганд хӯрд, ки некхоҳи шумоям.
22 Ва он дуро фиребнд ва ба пастӣ андохт. Чун аз он дарахт хӯрданд, шармгоҳҳояшон ошкор шуд ва ба пӯшидани худ бо баргҳои биҳишт сар карданд. Парпардигорашон нидо кард: «Оё шуморо аз он дарахт манъ накарда будам ва нагуфта будам, ки шайтон ба ошкоро душмани шумост?»
23 Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳмат накунӣ, аз зиёндидагон хоҳем буд».
24 Гуфт: «Поён равед, баъзе душмани баъзе дигар ва то рӯзи қиёмат замин қароргоҳ ва ҷои манфиати шумо хоҳад буд».
25 Гуфт: «Дар он ҷо зиндагӣ хоҳед кард ва дар он ҷо хоҳед мурд ва аз он берун оварда шавед».
26 Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем то шармгоҳатонро бипушад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз хар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд.
27 Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон, ки падару модаратонро аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон канд, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ӯ ва қабилааш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки имон намеоваранд.
28 Чун кори зиште кунанд, гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Худо моро ба он фармон додааст». Бигӯ: «Худо ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Чаро дар бораи Худо чизҳое мегӯед, ки намедонед?»
29 Бигӯ: «Парвардигори ман ба адл фармон додааст ва ба ҳангоми ҳар намоз рӯй ба ҷониби Ӯ доред, ва Ӯро бо имони холис бихонед. Ва ҳамчунон, ки шуморо офаридааст, бозмегардед.
30 Гурӯҳеро ҳидоят карда ва гурӯҳе гумроҳиро лоиқанд. Инҳо шайтонҳоро ба ҷои Худо ба дӯстӣ гирифтанд ва мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтаанд».
31 Эй фарзандони Одам, ба ҳангоми ҳар ибодат либоси худ бипӯшед. Ва низ бихӯреду биёшомед, вале исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад.
32 Бигӯ: «Чӣ касе либосҳоеро, ки Худо барои бандагонаш баровардааст ва хурданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?». Бигӯ: «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯки қиёмат низ хоси онҳо бошад». Оёти Худоро барои доноён инчунин батафсил баён мекунем.
33 Бигӯ: « Парвардигори ман, зишткориҳоро чӣ ошкор бошанд ва чӣ пинҳон ва низ гуноҳону афзунӣ ҷустан ба ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром аст, чизеро шарики Худо созед, ки ҳеҷ далеле бар вуҷуди он нозил нашудааст ё дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки намедонед.
34 Ҳар умматеро муддати умрест. Чун аҷалашон фаро расад, як соат пешу пас нашаванд».
35 Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оёти Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва ба салоҳ оянд, биме бар онҳо нест ва худ ғамгин намешаванд!
36 Ва онҳо, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд ва аз он сар баргофтаанд, аҳли ҷаҳанкаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд!
37 Кист ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ бандад ё оёти Ӯро дурӯғ барорад? Насибе, ки барояшон муқаррар шуда, ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ ки фиристодагони мо биёянд, то ҷонашонро бигиранд, мепурсанд: « 0н чизҳое, ки ба ҷои Худо парастиш мекардед. акиуи куҷоянд?. Гӯянд; «Нест шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шоҳидӣ диҳанд, ки кофир будаанд.
38 Гӯяд: «Ба миёни умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳамдини худро лаънат кунад. То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд: «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!»
39 Пешвоён ба пайравон гӯянд: «Шуморо бар мо ҳеҷ бартарӣ нест, инак ба ҷазои корҳое, ки карда будед, азобро бичашед!»
40 Дарҳои осмон бар рӯи касоне, ки оёти Моро дурӯғ гуфтанд ва аз онҳо сар тофтаанд, кушода намешаванд ва ба биҳишт намедароянд, то он гоҳ, ки шутур аз сӯрохи сузан бигзарад. Ва осиёнро инчунин ҷазо медиҳем!
41 Бистаре аз оташи ҷаҳаннам дар зер ва пӯшише аз оташи ҷаҳаннам бар рӯй доранд. Ва ситамкоронро инчунин ҷазо медиҳем!
42 Ба ҳеҷ кас ғайри андозаи тавонаш таклиф намекунем. Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некӯ кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонанд.
43 Ва ҳар гуна кинаеро аз дилашон бармеканем. Наҳрҳо дар зери пояшон ҷорист. Гӯянд: «Шукр Худоро, ки моро ба ин роҳ раҳбарӣ карда ва агар моро раҳбарӣ накарда буд, роҳи худ намеёфтем. Расулони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд. Ва он гоҳ онҳоро овоз диҳанд, ки ба ивази корҳое, ки мекардед, ин биҳиштро ба шумо додаанд!»
44 Биҳиштиён дузахиёнро овоз диҳанд, ки мо ба ҳақиқат ёфтем он чиро, ки Парвардигорамон ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он чиро, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре». Он гоҳ овоздиҳандае дар он миён овоз диҳад, ки лаънати Худо бар кофирон бод!
45 Онон, ки аз роҳи Худо рӯй бармегардонанд ва онро каҷравӣ мепиндоранд ва ба қиёмат имон надоранд!
46 Ва миёнашон ҳиҷобест ва бар аъроф мардоне ҳастанд, ки ҳамаро ба нишонияшон мешиносанд ва аҳли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд тамаъя биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд.
47 Чун чашм ба ҷониби дӯзахиён гардонанд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!»
48 Сокинони аъроф мардонеро, ки аз нишонияшон мешиносанд, овоз диҳанд ва гӯянд; «Он молҳо, ки ҷамъ оварда будед ва он ҳама саркашӣ, ки доштед, шуморо фоидае набахшид!
49 Оё инхо6 хамом касонанд, ки шумо7 савганд хурда будед, ки ра^мати Худованд насибашон намешавад? Дохил дар бих,ишт шавед8, на биме бар шумост ва на гамгин мешавед!»
50 Дузахиён бихиштиёнро овоз диҳанд, ки андаке об ё аз чизҳое, ки Худо ба шумо арзонӣ кардааст, бар мо фурӯ резед! Гӯянд: «Худо онҳоро бар кофирон ҳаром кардааст!
51 Имрӯз онҳоро, ки дини хеш лаҳву бозича пиндоштанд ва зиндагии дунё фиребашон дода буд, фаромӯш мекунем, ҳамчунон, ки онҳо низ расидан ба мн рӯзро аз ёд бурда буданд ва оёти Моро дурӯғ мебароварданд.
52 Барои ҳидояти мӯъминон ва бахшоиш ба онҳо китобе овардем, ки дар он ҳар чизро аз рӯи дониш батафсил баён кардаем.
53 Оё ғайри натиҷаи амалҳоро интизоранд? Рӯзе, ки натиҷаи аъмол падидор шавад, касоне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: «Паёмбарони Парвардигори мо ба хақ омаданд. Оё шафеъоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё он ки касе ҳаст, ки моро бозгардовад то корҳои дигаре ҷуз он корҳо, ки мекардем, анҷом диҳем?» Ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак
аз даст додаанд.
54 Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар арш пардохт. Шабро дар рӯз мепушонад ва рӯз шитобон онро металабад. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони Ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст!
55 Парвардигоратонрр бо тазаррӯъ (зорӣ) ва дар ниҳон бихонед, зеро Ӯ аз ҳадгузарандагони саркашро дӯст надорад!
56 Дар замин он гоҳ, ки ба салоҳ омадааст, фасод макунед! Ва Худоро аз рӯи тарсу умед бихонед! Ва раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст.
57 Ва Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ бодҳоро хушхабар мефирстад. Чун бодҳо абрҳои гаронборро бардоранд, Мо онро ба сарзаминҳои мурда равон созем ва аз он борон мефиристем ва ба борон ҳар гуна меваҳоеро мерӯёнем. Мурдагонро низ инчунин зинда мегардонем, шояд панд гиред!
58 Ва сарзамини хуб — гиёҳи он ба фармони Парвардигораш мерӯяд ва замини бад — ҷуз андак гиёҳе аз он падид намеояд. Барои мардуме, ки шукр мегӯянд, сети Худоро инчунин гуногун баён мекунем?
59 Нӯҳро бар қавмаш ба рисолат фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо Худое ҷуз Ӯ нест, ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо метарсам».
60 Бузургони қавмаш гуфтанд: «Ту]ро ба ошкоро дар гумроҳӣ мебинем».
61 Гуфт: «Эй қавми ман, гумроҳиро дар ман роҳе нест, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониёнам.
62 Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо панд медиҳам ва аз Худо он медонам, ки шумо намедонед.
63 Оё аз ин ки бар марде аз худатон аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад ва парҳезгори кунед ва коре кунад, ки мавриди раҳмат қарор гиред, тааҷҷуб кардед?»
64 Пас дурӯғ бароварданд ва Мо ӯву касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, раҳонидем ва ононро, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоштанд, ғарқ сохтем, ки мардуме кӯрдил буданд!
65 Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро биперастед, ки шуморо ғайри Ӯ худое нест ка чаро намепарҳезед?»
66 Бузургони қавми ӯ, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: «Мебинем, ки ба бехирадӣ гирифтор шудаӣ ва пиндорем, ки аз дурӯғгуён бошӣ».
67 Гуфт: «Эй қавми ман, дар ман нишонае аз бехирадӣ нест, ман паёмбари Парвардигори ҷаҳониёнам.
68 Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо пандгӯе боваринокам.
69 Оё аз ин, ки бар марде аз худатон аз ҷониби Пар-вардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад, таъаҷҷуб мекунед? Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишини қавми Нӯҳ сохт ва ба ҷисм фузунӣ дод. Пас неъматҳои Худоро ба ёд оваред, бошад, ки наҷот ёбед!»
70 Гуфтанд: «Оё назди мо омадаӣ, то танҳо Оллоҳро бипарастем ва он чиро, ки падаронамон мепарастиданд, раҳо кунем? Агар рост мегӯӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!»
71 Гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо воқеъ хоҳад шуд. Оё дар бораи ин бутҳое; ки худ ва падаронатон ба ин номҳо номидаед ва Худо ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ҳусумат мекунед? Ба интизор бимонед, ман ҳам бо шумо ба интизор мемонам».
72 Ҳуд ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш раҳонидем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ бароварданд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем.
73 Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Худо барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Худо бароятон нишонаест. Ӯро бигузоред то дар замини Худо бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт.
74 Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишинони қавми Од кард ва дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи хокаш қасрҳо бино кунед ва дар кӯҳистонҳояш хонаҳое биканед, Неъматҳои Худоро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!»
75 Бузургони қавмаш, ки гарданкашӣ мекарданд, ба забуншудагони қавм, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё медонед, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш омада аст?» Гуфтанд: «Мо ба дине, ки ба он амр шуда, имон дорем!»
76 Гарданкашон гуфтанд: «Мо ба касе, ки шумо имон овардаед, имон намеоварем».
77 Пас модашутурро қатл карданд ва аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар паёмбар ҳастӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!»
78 Пас зилзилае сахт ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд.
79 Солеҳ аз онон рӯй баргардонид ва гуфт: «Эй қавми ман, рисолати Парвардигорамро ба шумо расонидам ва шуморо панд додам, вале шумо некхоҳонро дӯст надоред!»
80 Ва Лутро фиристодем. Он гоҳ ба қавми худ гуфт: «Чаро коре зишт мекунед, ки ҳеҷ кас аз мардуми Ҷаҳон пеш аз шумо накардааст?
81 Шумо ба ҷои занон бо мардон шаҳват меронед. Шумо мардуме таҷовузкор ҳастед».
82 Ҷавоби қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онҳоро аз деҳаи худ биронед, ки онон мардуме ҳастанд, ки аз кори мо безорӣ меҷӯянд!
83 Лут ва хонадонашро наҷот додем. Ғайри занаш, ки бо дигарон дар шаҳр монд.
84 Бар онҳо бороне боридем, бингар, ки оқибати муҷримон чӣ гуна буд!
85 Ва бар мардуми Мадян бародарашон Шуъайбро фирестодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Парвардигоратон нишонае равшан омадааст. Паймонаву тарозуро расо адо кунед ва ба мардум кам мафурӯшед ва аз он пас, ки замин ба салоҳ омадааст, дар он фасод макунед, ки агар имон овардаед, ин бароятон беҳтар аст!
86 Ва бар сари роҳҳо манишинед, то мӯъминони ба Худоро битарсонед ва аз роҳи Худо боздоред ва ба каҷравӣ водоред. Ва ба ёд оред он гоҳ ки андак будед, Худо бар шумори шумо афзуд. Ва бингаред, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст!
87 Агар гурӯҳе аз шумо ба он чӣ ман аз ҷониби Худо ба он мабъус шудаам, имон овардаанд ва гурӯҳе ҳанӯз имон наовардаанд, сабр кунед, то Худо миёни мо ҳукм куиад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст!»
88 Бузургони қавмаш, ки саркашӣ пеша карда буданд, гуфтанд: «Эй Шуъайб, туву касонеро, ки ба ту имон овардаанд, аз деҳаи худ меронем, агар ба дини мо барнагардед». Гуфт: «Ва ҳарчанд аз он бадбинӣ дошта бошем?».
89 Пас аз он ки Худо моро аз дини шумо раҳонидааст, агар ба он бозгардем, бар Худо дурӯғ баста бошем ва мо дигар бор ба он дин бознамегардем, магар он ки Худо, он Парвардигори мо хоста бошад. Зеро илми Парвардигори мо бар ҳама чиз иҳота дорад. Мо бар Худо таваккал мекунем. Эй Парвардигори мо, миёни мову қавми мо ба ҳақ роҳе бикшо, ки Ту беҳтарин роҳкушоён ҳастӣ!»
90 Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Агар ба Шуъайб пайравӣ кунед, сахт зиён кардаед».
91 Пас зилзилае сахт ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд.
92 Онон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, гӯӣ, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Окон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, худ зиён карданд.
93 Пас аз онҳо руйгардон шуд ва гуфт: «Эй қавми ман, албатта паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расонидам ва пандатон додам. Чӣ гуна бар мардуме кофир андӯҳгин шавам?»
94 Ва мо ҳеҷ паёмбареро ба ҳеҷ деҳае нафиристодем, магар он ки сокинонашро ба сахтиву беморӣ гирифтор кардем, бошад, ки зорӣ кунанд.
95 Он гоҳ ба ҷои балову меҳнат ба хушиву хубӣ супурдем, то шумораашон афзун шуд ва гуфтанд: Падарони мо ҳам бо сахтиву беҳрузӣ буданд». Ногаҳон ононро бехабар фурӯ гирифтем.
96 Агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва парҳезгорӣ пеша карда будакд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушудем. Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон муохазашон (уқубат) кардем.
97 Оё мардуми деҳаҳо бепарвоанд, аз ин ки азоби мо шабҳангом, ки ба хоб рафтаанд, бар сари онҳо биёяд?
98 Ва оё мардуми деҳаҳо бепарвоанд, аз ин ки азоби мо ба ҳангоми чошт, ки ба бозӣ машғуланд, бар сари онҳо биёяд.
99 Оё пиндоштанд, ки аз макри Худо дар амонанд? Аз макри Худо ҷуз зиёнкорон эмин нанишинанд.
100 Оё барои онон, ки заминро аз пешиниён ба ирс бурдаанд, равшан нашудааст, ки агар бихоҳем, онҳоро низ ба ҷазои гуноҳонашон ба уқубат мерасонем ва бар дилҳояшон мӯҳр мениҳем, то шунидаи натавонанд?
#музыка
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев