101 Инхо деҳаҳоест, ки мо ахборашонро бар ту ҳиконт кунем. Паёмбаронашон бо далелҳои равшан омаданд. Ва ба он чизҳо, ки аз он пеш дурӯғ хонда буданд, имон наёварданд. Ва Худо бар дилҳои кофирон инчунин мӯҳр мениҳад!
102 Дар бештаринашон вафое ба аҳд наёфтем ва бештаринро ҷуз нофармонон надидем.
103 Баъд аз онҳо Мӯсоро бо оётамон бар Фиръавну қавмаш фиристодем. Ба оётамон кофир шуданд. Инак бингар, ки оқибати муфсидон чӣ гуна будааст!
104 Мӯсо гуфт: «Эй Фиръавн, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори оламиёнам.
105 Шоиста аст, ки дар бораи Худо ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Банӣ-Исроилро бо ман бифирист».
106 Гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар».
107 Асояшро андохт, аждаҳое ростин шуд.
108 Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд сафеду дурахшон буд.
109 Бузургони қавми Фиръавн гуфтанд: «Ин ҷодугарест доно,
110 мехоҳад шуморо аз сарзаминатон берун кунад, чӣ мефармоед?»
111 Гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро нигаҳ дор ва касонеро ба шаҳрҳо бифирист,
112 то ҳамаи ҷодугарони доноро назди ту биёваранд».
113 Ҷодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: «Агар ғалаба ёбем, моро мукофоте ҳает?»
114 Гуфт: «Оре, ва шумо аз наздиконам хоҳед буд».
115 Гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё нахуст ту мепартоӣ ё мо партоем?»
116 Гуфт; «Шумо бипартоед». Чун афканданд, дидагони мардумро ҷоду карданд ва онҳоро тарсониданд ва ҷодуе азим оварданд.
117 Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асои худро бияфкан. Ба ногоҳ диданд, ки ҳамаи ҷодуҳояшонро фурӯ мебарад.
118 Пас ҳақ ба субут расид ва корҳои онон ботил шуд.
119 Дар ҳамон ҷо мағлуб шуданд ва хору забун бозгаштанд.
120 Ҷодугарои ба саҷда афтоданд.
121 Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем,
122 Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун».
123 Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки ман ба шумо рухсат диҳам, ба Ӯ имон овардед? Ин ҳиллаест, ки дар бораи ин шаҳр андешидаед, то мардумашро берун кунед. Ба зудӣ хоҳед донист!
124 Дастҳову пойҳоятонро ба хилофи якдигар хоҳам бурид ва ҳамагиятонро бар дор хоҳам кард!»
125 Гуфтанд: «Мо ба назди Парвардигорамон бозмегардем!
126 Хашм бар мо мегирӣ, ба;рои оя ки чун нишонаҳои Парвардигорамон бар мо ошкор шуд, ба онҳо имон овардем. Эй Парвардигори мо, бар мо сабр бибор ва моро мусалмон бимирон!
127 Меҳтарони қавми Фиръавн гуфтанд: <Оё Мӯсо ва қавмашро мегузорӣ, то дар замин фасод кунанд ва туву худоёнатро тарк гӯянд?» Гуфт: «Писаронашонро хоҳам кушт ва занонашонро зинда хоҳам гузошт. Мо болотар аз онҳоем ва бар онҳо ғалаба меёбем!»
128 Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Худо мадад ҷӯед ва сабр пеша созед, ки ин замин аз они Худост ва ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, онро ба мерос медиҳад. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!»
129 Гуфтанд: «Пеш аз он ки ту биёӣ, дар ранҷ будем ва пас аз он ки омадӣ, боз дар ранҷем». Гуфт: «Умед аст, ки Парвардигоратон душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар рӯи замин ҷонишини ӯ гардонад. Он гоҳ бингарад, ки чӣ мекунед!»
130 Қавми Фиръавнро ба қаҳту нуқсони ҳосил мубтало кардем, шояд панд гиранд!
131 Чум некие насибашон мешуд, мегуфтанд: «Ҳаққи мост». Ва чун бадие ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мӯсо ва пайравони ӯст.» Огоҳ бошед, он неку бад, ки ба онҳо расад, аз Худост, вале бештаринашон намедонанд!
132 Ва гуфтанд: «Ҳар гуна мӯъҷиза барои мо биёварӣ, ки моро ба он ҷоду кунӣ, ба ту имон нахоҳем овард!
133 Мо низ ба онҳо нишонаҳое ошкор ва гуногун чун тӯфону малах ва шапушу қурбоққа ва хун фиристодем. Боз саркашӣ карданд, ки мардуме гунаҳкор буданд.
134 Ва чун азоб бар онҳо фурӯд омад, гуфтанд: «Эй Мӯсо, ба он аҳде, ки Худоро бо ту ҳаст, ӯро бихон, ки агар ин азоб аз мо дур кунӣ, ба ту имон меоварем ва банӣ-Исроилро бо ту мефиристем».
135 Чун то он замон, ки қарор ниҳода буданд, азобро аз онҳо дур кардем, паймони худро шикастанд.
136 Пас аз онҳо интиком гирифтем ва дар дарё ғарқашон кардем. Зеро оёти Моро дурӯғ донистанд ва аз онҳо ғафлат карданд!.
137 Ва ба он мардуме, ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро, ки баракат дода будем, ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, ки Парвардигори ту ба банӣ—Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр намуда буданд, ба камол расид ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд ва қасрҳоеро, ки бармеафроштанд, вайрон кардем!
138 Ва банӣ-Исроилро аз дарё гузаронидем. Бар қавме гузаштанд, ки ба парастиши бутҳои худ дил баста буданд. Гуфтанд: «Эй Мӯсо, ҳамон тавр, ки онҳоро худоёнест, барон мо ҳам худое бисоз». Гуфт: «Шумо мардуме бехирад ҳастед.
139 Он чӣ инҳо дар онанд, нобудшаванда ва коре, ки мекунанд, ботил аст».
140 Гуфт: «Оё ҷуз Оллоҳ бароятон худое биҷӯям ва ҳол он ки Ӯст, ки шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ бахшид?»
141 Ва шуморо аз оли Фиръавн раҳонидем. Ба азобҳои сахтарин меозурданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон озмоише бузург буд.
142 Сӣ шаб бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва даҳ шаби дигар бар он афзудем, то ваъдаи Парвардигораш чиҳил шаби комил шуд. Ва Мӯсо ба бародараш Ҳорун гуфт: «Бар қавми ман ҷонишини ман бош ва роҳи салоҳ пеш гир ва ба тариқи фасодкорон марав».
143 Чун Мӯсо ба миъодгоҳи (ваъдагоҳи) мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт, гуфт: Эй Парвардигори ман, бинамой, то дар ту назар кунам». Гуфт: Ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид. Ба он кӯҳ бингар. Агар бар ҷои худ қарор ёфт, ту низ Маро хоҳӣ дид». Чун Парвардигорзш бао кӯҳ таҷаллӣ кард, кӯҳро ба замин яксон кард ва Мӯсо беҳуш бияфтод. Чун ба хуш омад, гуфт: «Ту покӣ, ба Ту бозгаштам ва ман гахустини мӯъминонам».
144 Гуфт: «Эй Мӯсо, Ман туро ба паёмҳоям ва сухан гуфтанам аз миёни мардум интихобидам, пас он чиро ба ту додаам, фаро гир ва аз сипосгузорон бош!»
145 Барои ӯ дар он алвоҳ ҳар гуна панд ва тафсили ҳар чизро навиштем. Пас гуфтем: «Онро ба нерӯмандӣ бигир ва қавматро бифармоӣ, то ба беҳтарини он амал кунанд, ба зудӣ ҷойгоҳи нофармононро ба шумо нишон диҳам.
146 Он касонеро, ки ба ноҳақ дар замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз оёти хеш рӯйгардон созам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, ба он нараванд ва агар тариқи гумроҳӣ бубинанд, бо он бираванд. Зеро онҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат карданд.
147 Ва корҳои онон, ки оёти Мо ва дидори қисматро дурӯғ донистанд, ночиз шуд. Оё ҷуз дар муқобили кирдорашон ҷазо хоҳанд дид?
148 Қавми Мӯсо баъд аз ӯ аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд, ки овоз мекард. Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба хеҷ роҳе ҳидоят намекунад?» Онро ба худоӣ гирифтанд ва бар худ ситам карданд.
149 Ва чун аз он кор пушаймон шуданд ва диданд, ки дар гумроҳӣ афтодаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наёмурзад, дар зумраи зиёнкардагон хоҳем буд».
150 Чун Мӯсо хашмгину андӯҳнок назди қавми худ бозгашт, гуфт: «Дар ғайбати ман чӣ бад ҷонишиноне будед. Чаро бар фармони Парвардигори худ шитоб кардед? Ва алвоҳро бар замин афканд ва мӯи бародарашро гирифту ба сӯи худ кашид. Ҳорун гуфт: «Эй писари модарам, ин қавм маро забун ёфтанд ва наздик буд, ки маро бикушанд, душманонро хурсанд макун ва дар шумори ситамкорон маёвар!»
151 Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро ва бародарамро бибахшо ва моро дар раҳмати худ дохил кун, ки Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ!
152 Онон, ки гӯсоларо интихобиданд, ба зудӣ ба ғазаби Парвардигорашон гирифтор хоҳанд шуд ва дар зиндагонии инҷаҳонӣ ба хори хоҳанд афтод. Дурӯғсозонро инчунин ҷазо мадиҳем!
153 Онон, ки содиркунандаи корҳои бад шуданд, он гоҳ тавба карданд ва имон оварданд, бидонанд, ки Парвардигори ту пас аз тавба бахшояндаву меҳрубон аст!
154 Чун хашми Мӯсо фурӯ нишаст, тахтаҳоро баргирифт. Ва дар навиштаҳои он барои онҳое, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ҳидоят ва раҳмат буд.
155 Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро бигирифт. Чун зилзила онҳоро фурӯ гирифт, гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостӣ онҳоро ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё ба хотири корҳое, ки бехирадони мо анҷом додаанд, моро ба ҳалокат мерасонӣ? Ва ин ҷуз имтиҳони Ту нест. Ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят. Ту ёвари мо ҳастӣ, моро биёмурз ва бар мо бибахшой, ки Ту беҳтарини бахшояндагонӣ!
156 Барои мо дар дунё ва охират некӣ бинавис! Мо ба сӯи ту бозгаштаем». Гуфт: «Азоби худро ба ҳар кас, ки бихоҳам, мерасонам ва раҳмати ман ҳама чизро дар бар мегирад, Онро барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва закот медиҳанд ва ба оёти Мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам дошт,
157 онон, ки аз ин расул, ин паёмбари уммӣ, ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд — он кӣ ба некӣ фармонашон медиҳад ва аз ношоист бозашон медорад ва чизҳои покизаро бар онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бармедорад ва банду занҷирашонро мекушояд. Пас касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоб, ки ба ӯ нозил кардаем, пайравӣ карданд, наҷот ёфтагонанд!»
158 Бигӯ: «Эй мардум, ман фиристодаи Худо бар ҳамаи шумо ҳастам. Он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад. Пас ба Худо ва расули Ӯ — он паёмбари уммӣ, ки ба Худову калимоти Ӯ имон дорад, имон биёваред ва аз Ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед!»
159 Гурӯҳе аз қавми Мӯсо ҳастанд, ки мардумро ба хақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд.
160 Бакӣ-Исроилро ба дувоздаҳ сибт таисим кардем. Ва чун қавми Мӯсо аз ӯ об хостанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки асоятро бар санг бизан. Аз он санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ва ҳар гурӯҳ ҷои оби хешро бишинохт. Ва абрро соябонашон сохтем ва барояшон «манна ва салво» нозил кардем. Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки бар шумо рӯзӣ додаем! Ва онон ба мо ситам накарданд, балки ба худашон ситам мекарданд.
161 Ва ба онон гуфта шуд, ки дар ин деҳа сукунат кунед ва ҳар ҷо ҳар чӣ хоҳед, бихӯред ва бигӯед, ки гуноҳони моро бирез ва саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем. Ба мукофоти некӯкорон хоҳем афзуд.
162 Аз миёни онон он гурӯҳ, ки бар худ ситам карда буданд, суханеро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, дигар карданд. Пас ба ҷазои ситаме, ки мекарданд, барояшон аз осмон азоб фиристодем.
163 . Дар бораи он деҳаи наздик ба даре аз онҳо Бипурс. Он гоҳ ки дар рӯзи шанбе суннат мешикастанд. Зеро дар рӯзе, ки шанбе мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва рӯзе, ки шанбе намекарданд, намеомаданд. Инҳоро, ки мардуме нофармон буданд, инчунин меозмудем!
164 Ва он гоҳ ки гурӯҳе аз онҳо гуфтанд; «Чаро қавмеро панд медиҳед, ки Худо ҳалокашон хоҳад кард ва ба азобе дарднок мубтало хоҳад сохт?» Гуфтанд: «То моро назди Парвардигоратон узре бошад. Ва шояд, ки парҳезгор шаванд».
165 Чун пандеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд, ононро, ки аз бадӣ парҳез мекарданд, наҷот додем ва гунаҳкоронро ба сабаби гуноҳашон ба азобе сахт фурӯ гирифтем»
166 Ва чун аз тарки чизе, ки аз он манъашон: карда буданд, сарпечӣ карданд, гуфтем: «Бӯзинагоне хоршуда шавед!»
167 Ва Парвардигори ту эълом кард, ки касеро бар онон бифиристад, ки то ба рӯзи қиёмат ба азобе ногувор азобашон гардонад. Албатта Парвардигори ту зуд уқубат мекунад ва низ омурзандаву меҳрубон аст!
168 Ононро гурӯҳ-гурӯҳ дар замин тақсим кардем, баъзе некӯкор ва баъзе ғайри он-Ва ба некиҳову бадиҳо озмудем, шояд бозгарданд.
169 Баъд аз инҳо гурӯҳе ба ҷояшон нишастанд ва вориси он китоб шуданд, ки ба матоъи дунявӣ дил бастанд ва гуфтанд, ки ба зудӣ омурзида мешавем. Ва агар монанди он боз ҳам матоъо биёбанд, баргиранд. Оё аз онҳо паймон нагирифтаанд, ки дар бораи Худо ҷуз ба ростӣ сухан нагӯянд, ҳол он ки он чӣ дар-он китоб омада буд, хонда буданд? Сарое охират барои касоне, ки мепарҳезанд, беҳтар аст. Оё ақл намекунед?
170 Онҳое, ки ба китоби Худо пойбандӣ меҷӯянд ва намоз мегузоранд, бидонанд, ки подоши некӯкоронро бекор намесозем.
171 Ва кӯҳро бар болои сарашон чун соябоне нигоҳ доштем ва мепиндоштанд, ки акнун бар сарашон хоҳад афтод. Китоберо, ки ба шумо додаем, бо нерӯмандӣ бигиред ва ҳар чиро, ки дар он омадааст, ба ёд доред, шояд, ки парҳезгор шавед!
172 Ва Парвардигори ту аз пушти банӣ-Одам фарзандонашро берун овард. Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид: «Оё Ман Парвардигоратон нестам?» Гуфтанд: «Оре, гувоҳӣ медиҳем». То дар рӯзи қиёмат нагӯед, ки мо аз он бехабар будем.
173 Ё нагӯед, ки падарони мо пеш аз ин мушрик буданд ва мо насле будем баъд аз онҳо ва оё ба сабаби коре, ки гумроҳон карда буданд, моро ба ҳалокат мерасонӣ?
174 Оятҳоро инчунин ба равшанӣ баён мекунем, шояд бозгарданд!
175 Хабари он мардро бар онҳо бихон, ки оёти хешро ба ӯ ато карда будем ва ӯ аз он илм маҳрум гашт ва шайтон дар паяш афтод ва дар зумраи гумроҳон даромад.
176 Агар хоста будем, ба сабаби он илм, ки ба ӯ дода будем, мартабаи баландаш мебахшидем, вале ӯ дар замин бимонд ва аз паи ҳавои хеш рафт. Сифати ӯ чун сифати он саг аст, ки агар ба ӯ ҳамла кунӣ, забон аз даҳон берун орад ва агар раҳояш кунӣ, боз ҳам забон аз даҳон берун орад. Мисоли он,он, ки оётро дурӯғ шумориданд, низ чунин аст. Қиссаро бигӯй, шояд ба андеша фурӯ раванд!
177 Бад аст мисоли мардуме, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва ба худ ситам раво медоштанд!
178 Ҳар касро, ки Худо роҳ намояд, роҳи хеш биёбад. Ва ононро, ки гумроҳ созад, зиёнкор шаванд.
179 Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем. Онҳоро дилҳоест, ки ба он намефаҳманд ва чашмҳоест, ки ба он намебинанд ва гушҳоест, ки ба он намешунаванд. Инҳо ҳамонанди чорпоёнанд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Инҳо худ ғофилонанд.
180 Аз они Худованд аст некӯтарин номҳо. Ба он номҳояш бихонед. Онҳоро, ки ба номҳои Худо каҷравӣ меварзанд, бигузоред. Инҳо ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид.
181 Аз офаридагони мо гурӯҳе ҳастанд, ки ба ҳақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд.
182 Ва ононро, ки оёти моро дурӯғ шумориданд, аз роҳе, ки худ намедонанд, ба тадриҷ хорашон месозем.
183 Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам, ки тадбири Ман устувор аст.
184 Оё фикр накардаанд, ки дар ёрашон нишоне аз девонагӣ нест ва Ӯ ба ошкоро тарсонанда аст?
185 Оё дар мулки осмонҳову замин ва чизҳое, ки Худо офаридааст, намеандешанд? Ва шояд, ки маргашон наздик бошад. Ва баъд аз Қуръон кадом суханро бовар доранд?
186 Ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест. Ва ононро вомегузорад, то ҳамчунон дар саркашии хеш саргардон бимонанд.
187 Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки чӣ вақт фаро мерасад. Бигӯ: «Илми он назди Парвардигори ман аст. Танҳо Ӯст, ки чун замонаш фаро расад, ошкораш месозад. Фаро расидани он бар осмониёну заминиён пӯшида аст, ба ногаҳон бар шумо ояд», Чунон аз ту мепурсанд, ки гӯӣ ту аз он огоҳӣ. Бигӯ: «Илми он назди Худост, вале бештари мардум намедонанд».
188 Бигӯ; «Ман молики нафъу зиёни худ нестам.Ғайри он чӣ Худо бихоҳад. Ва агар илми ғайб медонистам, ба хайри худ хеле меафзудам ва ҳеҷ шарре ба ман намерасид. Ман касе ҷуз бимдиҳанда ва муждадиҳандае барои мӯъминон нестам».
189 Ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як тан биефарид. Ва аз он як тан занашро низ биёфарид то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ якҷоя шуд, ба боре еабук ҳомила шуд ва муддате бо он гузаронд. Ва чун бор сангин гардид, он ду Оллоҳ Парвардигори худро бихонданд, ки агар моро фарзанде солеҳ диҳӣ, аз свпосгузорон хоҳем буд!
190 Чун Худо он дуро фарзанде солеҳ дод, барои Ӯ дар он чӣ ба онҳо ато карда буд, шариконе қоил шуданд, ҳол он ки Худо аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, болотар аст.
191 Оё шарики Худо месозанд чизҳоеро, ки наметавонанд ҳеҷ чиз биёфаринанд ва худ махлуқ ҳастанд?
192 На метавонанд ёрияшон кунанд ва на метавонанд ба ёрии худ бархезанд.
193 Агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, ба шумо пайравӣ нахоҳанд кард. Бароятон яксон аст, чӣ даъваташон кунед ва чӣ хомуш бошед.
194 Онҳое, ки ҷуз Оллоҳ ба худоӣ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, онҳоро бихонед, бояд шуморо иҷобат кунанд!
195 Оё онҳоро поҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он ҳамла кунанд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гушҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Бигӯ: «Шариконатро бихонед ва бар зидди ман тадбир кунед ва маро мӯҳлат надиҳед.
196 Ёвари ман Оллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва Ӯ дӯсти шоистагон аст.
197 Ононро, ки ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ мехонед, на шуморо метавонанд ёрӣ кунанд ва на худро.
198 Ва агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, намешунаванд ва мебинӣ, ки ба ту менигаранд, вале гӯӣ, ки намебинанд.
199 Афвро пеша кун ва ба некӣ фармон деҳ ва аз ҷоҳилон рӯй гардон!
200 Ва агар аз ҷониби шайтон дар ту васвасае падид омад, ба Худо паноҳ бибар, зеро Ӯ шунаво ва доност!
201 Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад, Худоро ёд мекунанд ва ногаҳон бино шаванд.
202 Ва бародаронашон онҳоро ба гумроҳӣ мекашанд ва аз амали хеш бознамеистанд.
203 Чун ояе барояшон наоварӣ гуянд: «Чаро аз худ чизе намегӯӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва ин ҳуҷҷатҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамуду раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд.
204 Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш фаро диҳед ва хомӯш бошед, шояд шомили раҳмати Худо шавед!
205 Парвардигоратро дар дили худ ба зориву тарс бе он, ки садои худ баланд кунӣ, ҳар субҳу шом ёд кун ва аз ғофилон мабош!
206 Албатта онон, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, аз парастиши Ӯ сар наметобанд ва тасбеҳаш мегӯянд ва барояш саҷда мекунанд! Сачдаи тиловат.
#музыка
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2