Муносибот байни Киев ва Вашингтон аз хафтаи гузашта, пас аз он ки Доналд Трамп эълон кард, ки гуфтугуи хубе бо Владимир Путин дошта ва онҳо қарор гузоштаанд, ки ҷангро ба поён расонанд, хеле зуд робитаи Амрико ва Украина ба сӯи бадшавӣ рафт.
Трамп бо нашри паёми хашмгин дар платформаи расонаии худ, Зеленскийро «диктатори бе интихобот» хонд ва ӯро ба он айбдор кард, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро зери фишор қарор додааст, то садҳо миллиард доллар барои «ворид шудан ба ҷанге, ки қобили пирӯзӣ нест», сарф кунад.
Ин ҷанги лафзӣ ба маҷмӯае аз таънаҳо табдил ёфт ва ниҳоят Трамп дар суханрониҳои шаби чоршанбаи худ дар Маямӣ гуфт: «Зеленский беҳтар аст, ки зудтар амал кунад, вагарна кишваре барои ӯ боқӣ намемонад…»
Дар вокуниш ба ин изҳорот ва ҷанги лафзӣ, Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, дар як конференсияи матбуотӣ даъвои Трампро дар бораи он ки Украина ҷангро оғоз кардааст ва мизони маҳбубияти ӯ поинтар аз (4%) аст, рад кард. Ӯ ба як омӯзиши овоздиҳӣ ишора кард, ки нишон медиҳад, ки 58% мардуми Украина ба ӯ ҳамчун раисиҷумҳури худ эътимод доранд. Зеленский инчунин даъво кард, ки Трамп «дар доми иттилооти нодурусти Русия» гирифтор шудааст.
Яке аз меҳварҳои ихтилофи Трамп ва Зеленский ба миқдори ёрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Украина дар давоми се соли гузашта бармегардад, ки аз назари раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба 350 миллиард доллар мерасад. https://tajikpress.com/2025/02/25/%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d1%82%d1%80%d0%b0%d0%bc%d0%bf-%d0%b7%d0%b5%d0%bb%d0%b5%d0%bd%d1%81%d0%ba%d0%b8%d0%b9/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев