Вазири тандурустии Ғазза омори нави шаҳидҳои ҷанги Ғаззаро эълон кард.
Ба гузориши ТоҷикПресс, вазири тандурустии Ғазза эълон кард, ки омори қурбониёни ҷанги Ғазза аз 7 октябри соли 2023 то ҳол ба 48 ҳазору 264 шаҳид ва 111 ҳазору 688 захмӣ расидааст.
Тибқи гузориши ин вазорат, дар давоми 48 соати гузашта ҷасади 25 шаҳид аз зери харобаҳо берун кашида шуд. Ҳамчунин 12 нафар захмӣ шуданд.
19 январи соли 2025 созишномаи оташбас ва мубодилаи асирон байни Ҳамас ва режими сионистӣ ба марҳилаи иҷроӣ дохил шуд. Ин созишнома аз се марҳила иборат аст, ки ҳар як марҳила 42 рӯз давом мекунад.
Режими саҳюнистӣ бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз 7 октябри соли 2023 то 19 январи соли 2025 дар Ғазза як қатли омро ба роҳ андохт, ки тақрибан 160 ҳазор шаҳид ва захмӣ ба ҷо гузошт. Аксарияти қурбониёнро кӯдакон ва занон ташкил медиҳанд ва беш аз 14 ҳазор нафар ҳанӯз гумшудаанд. https://tajikpress.com/2025/02/15/%d0%be%d0%bc%d0%be%d1%80%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d0%b2%d0%b8-%d1%88%d0%b0%d2%b3%d0%b8%d0%b4%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d0%bd%d0%b3%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев