Предыдущая публикация
чу медонам ки мемирам,
Чаро воло кунам ин сар,
чу медонам ки мемирам.
Ҳама умрам ба мастӣ рафт,
билохира ба пастӣ рафт,
Чаро бо умр меҷангам,
чу медонам ки мемирам.
Ба хонам нони бисёр аст,
вале ҳамсоя бемор аст,
Чаро дилтанг чун сангам,
агар донам ки мемирам.
Чи суд аз ишқи маҷнунӣ,
зи ишқи ёр ҷигархунӣ,
Зи ишқи банда безорам,
чу медонам ки мемирам.
На молу сарвате монад,
на тахту давлате монад,
Чаро дил бар ҷаҳон бандам,
чу медонам ки мемирам.
Зи умр омухтаам бояд,
ки дар дунёи фонӣ ман,
Ҷамоли Обиде гардам,
чу медонам ки мемирам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев