Ба ман чунон нафареро дӯст бигардон, ки қалби он фардро бо дӯстдории Худат маъбуд бигардон. Маро бо нафаре рӯ ба рӯ бикун, ки қабл аз ман, бо ӯ танҳо Ту (ҷалла ҷалолаҳу) вохӯрда боши. Дар вақти бо ӯ дасти ба даст кардан дар болои дасти ҳардуямон дасти Ту (ҷалла ҷалолаҳу) бодо. Ба ман чашмоне нишон бидеҳ, ки дар чашмони ӯ, Туро (ҷалла ҷалолаҳу) бубинам. Ба ман чунон дӯстдоштае бидеҳ он чашмҳо ду панҷараи кушодае дар Ҷаннат бошад. Бо ӯ дар роҳе қадам бигузорем, ки Роҳнамоямон Ту (ҷалла ҷалолаҳу) боши, эй Худованди Карим ба ман чунон дӯстдоштае насиб бикун, ки вақте ӯро ба оғӯш мегирам, коинот ба мо назар кунад. Ва ба якдигар оғӯш бигиранд. Муҳабаттамон гургу гӯсфандро ошти доронад. Шайтоне, ки ба мо назар мекунад, ба Одам саҷда бикунад. Барои гуноҳу савоб худро фидо кунад. Мурдаҳо бо муҳаббатамон якояк зинда гарданд. Худоё ба мо чунон муҳаббате ато бифармо, ки аз муҳаббатамон ҳазрати Муҳаммад (с) хушнуд шавад. Якдигарро чунон дӯст бидорем, ки ҳазрати Хадиҷа (р) аз осмон ба мо садо кунад, ва бигӯяд, ки «Бубин эй Муҳаммад (с)» ин ошиқонро, онҳо аз мо ва мо аз онҳоем. Бубин ишқамон бори дигар дар замин зиндаги мекунад. Аллох ишқамонро чунон дӯст медорад, ки ба ҳазорон нафар насиб мекунад...!
ok.ru/group/53014437757157
ok.ru/group/53014437757157
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 7
Гуё ки фикру акидаи маро дар ин чо зикр намуда боши!
Гуё ки фикру акидаи маро дар ин чо зикр намуда боши!
мамнунам
ХЕЛО МАМНУНАМ