Дар инҷо ба 13 бовари ғалате ишора мекунем, ки ҳар кадом аз инҳо метавонад маншаи норизоятӣ баъд аз издивоҷ бошанд.
1- Бояд бо касе издивоҷ кунам, ки аз ҳама назар комил бошад: инсонҳо таркибе аз заъфҳо ва қувватҳо ҳастанд. Тасаввури як инсони комил ва идаол, ки ҳеҷ мушкиле надошта бошад бештар дар хаёлот ҷо мегирад то воқеият. Замони издивоҷ диққат кунед, ки нуқтаҳои заъф ва қуввати ҳамсари ояндаатонро бишносед ва касеро интихоб кунед, ки нуқтаҳои қувваташ арзишмандтар аз нуқтаҳои заъфаш бошад. Таваҷҷуҳ кунед, арзишмандтар бошад на ин, ки сирфан бештар аз нуқтаҳои заъфаш бошад.
2- Баъд аз издивоҷ метавонам ҳамсарамро тағйир даҳам: тағйири фароянди энержибар, замонбар ва нисбатан душвор аст вақте, ки қасди тағйир дигар шахсро доред, бо муқовимати ӯ рӯ ба рӯ мешавед ва ин корро сахттар мекунад. Шумо вақте издивоҷ мекунед, ки эҳсос мекунед ба пухтагӣ расидаед ва вежагиҳои лозимро барои ин кор доред. Бинобарин интизор надоред, ки касе аз роҳ бирасад ва ҳамаи ончи шумо далел бар салоҳияти худ медонед, зери савол бибарад ва тағйир диҳад. Вазъият дар бораи ҳамсари шумо ҳам ба ҳамин шакл аст.
3- Фақат бо як нафар хушбахт мешавам: хушбахтӣ як эҳсоси дарунӣ аст, ки ба шахси хоссе бастагӣ надорад. Муҳим ин аст, ки шумо ва ҳамсаратон қоидаҳои зиндагиро ёд дошта бошед ва ба кор бибаред. Ва-гарна агар ҳангоми издивоҷ ин хушбахтиро сирфан ба як шахс гиреҳ бизанед, пас аз издивоҷ мумкин аст ҳис кунед иштибоҳ кардаед, чун ба ҳар ҳол ҳеҷкас комил ва идаол нест. Он вақт аст, ки сархӯрда мешавед. Агар ҳам ба ҳар далеле ин издивоҷ сар нагирад, бо ҳар мушкил ва дарди саре, ки мувоҷеҳ шавед фикр мекунед чун бо фарди мавриди назаратон издивоҷ накардаед ба мушкил бархурдаед, бинобарин тавони ҳалли масъаларо аз даст медиҳед.
4- Издивоҷ, роҳи ҳалли мушкилот аст: издивоҷ ғолибан бо мушкилоти ҷадиде ҳамроҳ аст, ки дар шурӯи ҳар зиндагӣ ба вуҷуд меоянд. На ин, ки ба унвони роҳи ҳалли масоили пешин корбурд дошта бошад. Шумо бояд қабл аз издивоҷ ба ҳалли мушкилоти мухталифи худ иқдом кунед, то ҳам тамрине барои ҳалли масоили издивоҷ бошад ва ҳам фориғ аз мушкилоти қабл аз издивоҷ вориди зиндагии муштарак шаванд.
5- Издивоҷ роҳи касби истиқлол аст: истиқлол ниёз ба ҳисси масъулиятпазирӣ ва анҷоми беҳина вазоиф дорад. Агар чунин тамрине дар замони қабли издивоҷ ба хубӣ сурат нагирад пас аз издивоҷ ҳам ба хотири вуруд ба бофти хонаводагӣ ҷадид боз ҳам фард бо мушкили адами истиқлол рӯбарӯст.
Маъмулан вобастагӣ ба хотири ин аст, ки худи фард қодир ба анҷоми саҳеҳи вазоифаш нест ва ниёзи фаровоне ба ҳимояти дигарон дорад. Пас аз издивоҷ ҳам ҳамсараш ҷойгузини волидайн ва хонаводаи аслиаш мешавад ва истиқлол дар зиндагии ҷадидш низ мавриди таҳдид воқеъ мешавад.
6- Издивоҷ, яъне оромиш: оромиш ҳам чун хушбахти як ҳис ва нафаси ва даруни одамӣ аз шароит ва мавқеиятҳо аст. Бинобарин касе, ки наметавонад пеш аз издивоҷ ба чунин мафҳуме даст ёбад, пас аз издивоҷ ҳам аз дарки оромиш оҷиз аст. Завҷҳои зиёде ҳастанд, ки мегӯянд бо издивоҷ оромиши худро аз даст додаанд.
7- Издивоҷ роҳи фирор аст: гоҳе фишорҳои зиндагӣ онқадар шадид аст, ки қудрати тасмимгирӣ ва ҳал масъаларо аз мо мегирад. Ва барои халос шудан аз мушкилот ва фирор аз мавқеияти хонавода ба иштибоҳ издивоҷро ба унвони роҳи озодӣ худ мегирем. Дар ин маворид шонси муваффақияти издивоҷ хеле кам аст, чун диққати кофӣ дар интихоби ҳамсар вуҷуд надорад ва бо нигоҳи мусомиҳаомез ба масъала нигоҳ кардаем.
8- Дӯстӣ қабл аз издивоҷ лозимаи як издивоҷи муваффақ аст: мутаассифона ин иштибоҳ рӯз ба рӯз дар байни ҷавонон бештар мешавад. Аз анҷо, ки ин дӯстиҳо бар асоси масоили эҳсосӣ ва ҷаззобиятҳои нахустин, байни ду нафар сурат мегирад, ба куллӣ заминаи як издивоҷ муваффақро ба хатар меандозад. Ба ҳамин сабаб аст, ки аксари ин дӯстиҳо ба издивоҷ хатм намешавад. Беҳтар аст дӯстии қабл аз издивоҷ , ба сурати ошноии қабл аз издивоҷ ва таҳти назари хонаводаҳо ва сурат бигирад ва ба ҷои масоили эҳсосии духтар ва писар ба масоили мантиқӣ фароянди шинохт мунҷар шавад.
9- Издивоҷ ба хотири ризояти волидайн ва дигарон: издивоҷ муҳимтарин тасмимгирии шумо дар зиндагӣ аст ва мусалламан авоқиби ин интихоб қабл аз ҳаркас, гиребонгири худи шумо мешавад. Пас агарчи машварат гирифтан аз дигарон кори писандида аст, вале бо ризояти дарунии худатон издивоҷ накунед, на ба хотири ризояти атрофиён.
10- Издивоҷ яъне саодат ва такомул: издивоҷ ҳадафи зиндагӣ нест ҳатто танҳо роҳи хушбахтӣ ва такомул нест. Издивоҷ агарчи масири муҳиме дар расидан ба мақсад аст, вале танҳо роҳ нест. Агар касе танҳо роҳи хушбахтиро издивоҷ бидонад он вақт таҳти фишорҳои иҷтимоӣ маҷбур аст ба ҳар издивоҷе тан диҳад то бадбахт намонад. Дар ҳоле, ки издивоҷи муваффақ ва бо шинохти кофӣ метавонад роҳи рушдро тасҳил кунад, дар ғайри ин сурат худи издивоҷ монее бар сари роҳи такомул ва хушбахтӣ аст.
11- Издивоҷ фардро масъулиятпазир мекунад: дар воқеъ дақиқан баръакс аст. Яъне фард бояд масъулиятпазир бошад то ба сӯроғи издивоҷ биравад. Касе, ки қабл аз издивоҷ аз анҷоми вазоифи фардӣ ва иҷтимоии худ сарбоз мезанад чигуна пас аз издивоҷ масъулиятпазир мешавад?
12- Издивоҷи ҳар кас тобеи тақдир ва сарнавишт аст: ин иштибоҳ мунҷар мешавад, ки духтарон ва писарон ва хонаводаҳояшон ба андозаи кофӣ дар таҳқиқ ва баррасӣ ва шинохти ҳамсар диққат накунанд. Ва бемаҳоратии худро ба гардани тақдир биандозанд.
13 – Меҳрия тазминкунандаи издивоҷ аст: меҳрия ҳадияе аст, ки домод бояд бо ҳамаи вуҷуд хоҳон пешкаш кардан ба арӯс бошад. Илова бар инки нақши отифӣ дорад, метавонад бахше аз он ба сурати нақдӣ, кумаке ба хонаводаи арӯс ҷиҳати таҳияи ниёзҳои аввали зиндагӣ ва ҷаҳизия бошад. Табиӣ аст, ки миқдори он бояд мутаносиб бо тавоноии иқтисодии тарафайн ва бо ризояти комил бошад. Маъмулан меҳрияҳои сангин, тахфиф гирифтанҳо ва… ҳама ва ҳама аввалан мунҷар ба аз байн рафтани нақши муҳаббатӣ ва отифӣ меҳрия мешавад, дувуман кудуратҳое ба вуҷуд меоварад, ки гоҳе барои ҳамеша рӯи зиндагии муштарак соя меандозад. Аз ҳама муҳимтар ин, ки меҳрия нақши тасбиткунандае дар пайванди заношуӣ надорад ва агар асоси як зиндагӣ иштибоҳ бошад, меҳрияи боло ҳеҷвақт наметавонад зиндагиро ҳифз кунад. https://www.khonavoda.com/?p=8592
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев