«مَن حَسُنَ ظَنُّهُ بِالنَّاسِ، حَازَمَهُمُ المَحَبَّه»
“Ҳар кас ба мардум хушгумон бошад (ва гумони хуб дошта бошад) мардум ӯро дӯст медоранд”.
Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:
«Эй касоне, ки имон овардаед, аз бисёре аз гумонҳои бад парҳез кунед, зеро баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст».
Расули Худо(с) фармуданд:
«Ҳар кас ҳамсарашро (беҷиҳат) муттаҳам ба зино кунад ҳамонанди мое, ки аз пӯсташ хориҷ мешавад аз ҳасаноту некиҳояш хориҷ хоҳад шуд ва ба теъдоди ҳар мӯи баданаш ҳазор гуноҳ дар номаи аъмолаш сабт хоҳад шуд».
Расули Худо(с) фармуданд:
«Ҳар кас ба мард ё зани мӯъмин бӯҳтон бизанад, Худованди Мутаол дар қиёмат ӯро бар оташи афрӯзта нигаҳ медорад то ба кайфари бӯҳтонаш бирасад».
Агарчи мард бояд аз ҳамсараш муроқибат кунад, аммо на ба ҳадде, ки ба васвос хатм шавад, баъзе мардҳо ба бемории бадгумонӣ ва гумони бад мубтало ҳастанд ва беҷиҳат нисбати ҳамсаронашон эҳсоси бадбинӣ мекунанд. Дар чунин хонавода осоишу хушӣ вуҷуд надорад. https://www.khonavoda.com/?p=4344
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев