Дини Ислом барои хонавода аҳамияти меҳварӣ қоил аст. Занон ва мардон ҳар як дар системи иҷтимоӣ, динӣ ва тарбиятии хонавода, вазифа ва нақши калидӣ бар ӯҳда доранд. Нақши муҳими зани мусулмон дар хонавода, тадбири умури дохили хонавода ва назорати масъулона дар ин конуни пурмеҳр аст ва барои сиёнат (муҳофизат) аз як силсила масъулиятҳои муҳим ва амри парвариш, ки танҳо ба ӯҳдаи модар аст, арзиш ва аҳамияти васфнопазир барои зан қоил м
ешавад. Ин ҷойгоҳ дар низоми тарбиятии ғайри исломӣ нодида гирифта шудааст. Фарзанд аз ибтидои инъиқоди нутфа то поёни ширхорге, ки ҳудудан 30 – 33 моҳ тӯл мекашад: дар домани м
одар парвариш ва рушд пайдо мекунад.
Паёмбари раҳмат(с) мефармояд:
اَلجَنَّة تَحتَ اَقدَامِ الاُمَّهَاتِ[1]
Биҳишт дар зери қадамҳои модарон аст.
Ба иборате ин модарон ҳастанд, ки бо тарбияти саҳеҳ метавонанд фарзандонро ба сӯи саодат ва биҳишти барин раҳнамун шаванд.
Ислом бар хилофи ончи дар таърих ва фарҳанги қ
арнҳои пешини ғарб ва шарқ гузаштааст, зан ва мардро дар бисёре аз умури таквинӣ ва ташриӣ, яксон донистааст:
1. Баробарӣ дар моҳияти инсонӣ ва лавозими он. [Нисоъ/11], [Ҳуҷурот/13], [Аъроф/ 189]
2. Баробарӣ дар роҳи такомули инсонӣ ва қурби ба Худо ва убудийят. [Нисоъ/124], [Наҳл/97], [Тавба/72], [Аҳзоб/35]
3. Баробарӣ дар имкони интихоби ҷаноҳи ҳаққ ва ботил, куфр ва имон. [Тавба/67 ва 68], [Нур/26], [Оли Умрон/ 43]
4. Баробарӣ дар бештари таколиф ва масъулиятҳо. [Бақара/183], [Нур/2, 31, 32]
5. Истиқлоли иҷтимоӣ, сиёсӣ ва эътиқодии занон ва ҳақи мушорикати онон. [Мумтаҳина/ 10, 12]
6. Истиқлоли иқтисодии занон. [Нисоъ/33] (ҳол онки ғарб то чанд даҳа пеш занро моли ҳеҷ чиз намедонист)
7. Бархурдории модарон аз ҳуқуқи хонаводагӣ монанди падарон. [Анкабут/8], [Исроъ/23 ва 24] балки ҳаққи модар бо таваҷҷуҳ ба заҳамот ва таколиф ва масъулиятҳояш бештар аст.
[1]. Канзул уммол, ҷ.16, саҳ.461, ҳ. 45439ва Мустадракулвасоил, ҷ.15, саҳ.180 https://www.khonavoda.com/?p=4408
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев