مَلعُونَهٌ مَلعُونَهٌ اِمرَاَةٌ تُؤذِی زَوجَهَا وَ تَغُمَّهُ وَ سَعیِدَهٌ سَعیِدَهٌ اِمرَاَةٌ تُکرِمُ زَوجَهَا وَ لاَتُؤذِیهِ وَ تُطیِعَهُ فِی جَمیِعِ اَحوَالِهِ
“Нефрини Худо ва нефарини Худо бар он ҳамсаре бод, ки шавҳарашро азияту озурдахотир кунад ва саодатманд аст он ҳамсаре, ки ба шавҳараш эҳтиром гузорад ва ӯро озор нарасонад ва дар тамоми вақтҳо аз шавҳараш итоат кунад”.
Зан бояд бидонад, ки эҳтиром ба шавҳар як ниёзи равонӣ ва отифӣ аст ва дар эҷоди меҳру муҳаббат ва гарм нигоҳ доштани конуни хонавода нақши асосӣ дорад.
Бинобарин ба ҷои дар назар гирифтани хусусиёти манфӣ дар зиндагӣ беҳтар аст вижагиҳои мусбатро дар назар бигирад ва ба он таваҷҷӯҳ кунад ва аз пӯзханд задан, масхара кардан, сарзаниш кардан, ва ба рух кашидан корҳои анҷом шуда ва миннат кардан бояд парҳез кард.
Ингуна рафторҳои номатлуб сабаби афзоиши муқоваматҳои равонӣ дар тарафи муқобил мешавад ва идомаи зиндагӣ ва иртиботи заношуиро сахт мекунад.
https://www.khonavoda.com/?p=4377
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев