Қуръон дар як ташбеҳи зебо, ҳамсаронро либоси ҳамдигар муаррифӣ мекунад.
Дар ин оят Худованд бо бардоштани ҳукми ҳурмати ҳамбистарӣ дар моҳи Рамазон, ҷоиз будани онро дар шабҳои моҳи Рамазон содир намудааст. Ва сипас таъбири зебо нисбат ба чигунагии иртиботи зан ва шавҳар баён менамояд, ки зеботарин ва латифтарин ташбеҳ барои иртиботи зан ва шавҳар мебошад ва он дуро ба унвони либоси якдигар муаррифӣ мекунад. Оятуллоҳ ҷаводии Омулӣ барои ин таъбири Қуръонӣ нуктаҳои хоссеро баён мефармояд:
1- Либос монеъ аз осеб аст. Издивоҷ ҳар чанд хомуш кардани ғаризаро ҳамроҳ дорад, лекин рангубуи малакутии он муҳофизат аз гуноҳ ва нигаҳмбонӣ аз нигоҳи олуда аст.
2- Либос бадани инсонро аз сармо ва гармо ва … Ҳифз мекунад. Завҷайн низ бояд дар ҳаводиси талху ширин ва гарму сарди зиндагӣ, мӯҷиботи дилгармии ҳамро фароҳам кунанд.
4- Миёни либос ва касе, ки онро пӯшида робитаи танготанг ва самимӣ аст, ки бегона миёни он ду роҳ надорад дар робитаи завҷайн низ бояд чунин бошад то бегонае ба даруни зиндагии онон роҳ наёбад ки ба асрорашон пай бурда ва аҳёнан фитнагарӣ кунад.
5- Аъзои бадан мустақиман бо либос дар тамосанд ва аз тамоси мустақими онҳо бо берун мумониъат мекунад.
6- Либос мояи оромиш аст. Зан ва шавҳар низ мояи оромиши якдигаранд.
7- Дар Қуръон аз ду чиз ҳам таъбир ба либос фармуда ва ҳам инки мояи сукунат ва оромишанд:
а) Шаб:
و جَعَلنا اللَّیلَ لِبَاساً.
«Шабро либос ва мояи пӯшиш қарор додем»[1].
هو الذی جَعَلَ لکم اللیل لِتَسکُنوا فیه
«Ӯ касе аст, ки шабро барои шумо қарор дод, ки дар он оромиш пайдо кунед.»[2]
б) завҷайн :
هُنَّ لِباسٌ لَکُم وَ اَنتُم لِباسٌ لَهُنَّ[3]
Занҳо либоси шумо мардҳо ҳастанд ва шумо либоси занҳо ҳастед.
Мояи оромиш.[4]
8- Либос мояи оромиши инсон аст ва ба вай зинат мебахшад. Зан ва шавҳар низ бояд зинати якдигар бошанд. Зан ва шавҳар канори ҳам мавқеияте дар хонавода ва иҷтимоъ пайдо мекунанд, ки дар гузашта ва танҳоӣ онро надоштанд. Аз ин рӯ бо онҳо бо эҳтироми бештаре бархурд мешавад.
Дар ин оят пас аз иртиботи ҷинсии зан ва шавҳар, Худои мутаол зуд либос будани ин дуро баён мекунад. Ба иборати дигар метавон ин гуна натиҷагирӣ кард, ки аз натоиҷи муассир ва мусбати барқарории равобити ҷинсӣ, либоси якдигар будан аст ва тамоми хавоси матраҳ шудаи либос, бар асари барқарории як иртиботи ҷинсии солим ва саҳеҳ муҳаққақ хоҳад шуд ва бояд таваҷҷуҳ дошт, ки набуди ирзои ҷинсӣ мӯҷиби осебҳои фаровони фардӣ ва иҷтимоӣ мешавад.
Аз ҷумла авомили муҳим барои эҷоди ихтилоф байни зан ва шавҳар, адами таваҷҷуҳ ба ниёзи ҷинсии якдигар аст, ки ба нотавонӣ, бемайлӣ ё сардмизоҷии фард марбут мешавад ва мушкилтарин ҳолат барои афроде аст, ки ҳамсарашон дучори сардмизоҷӣ, бемайлии ҷинсӣ ё навъе ихтилоли ҷинсӣ аст.
Ингуна хонаводаҳо ба ҷиҳати вуҷуди мамнуъиятҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеияти хонаводагӣ, вобастагӣ ба фарзандон, нигаронӣ нисбат ба оянда, шроитро ба ночор бо фишор таҳаммул мекунанд ва алоими бурузи ҳамчун эрод гирифтан аз якдигар, норизоиятӣ аз зиндагӣ, қаҳрҳои тӯлонимуддат, кӯбидани якдигар, таҳдид ба ҷудоӣ, ибрози хастагӣ ва таморуз (худро ба беморӣ задан) дар онҳо дида мешавад, ки инҳо аз аворизи бароварда нашудани ниёзҳои ҷинсии зан ва шавҳар аст.
[1] . сураи Набаъ, ояти.10
[2] . сураи Юнус, ояти. 67
[3]. сураи Бақара, ояти.187
[4] . сураи Рум, ояти.21 ва Аъроф, ояти. 187. https://www.khonavoda.com/?p=4400
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев