Зану шавҳар бояд бидонанд, ки ҳифз, идома ва тақвияти пайванди муқаддасе, ки баста шуда аз муҳимтарин вазифаҳо ва таклифҳо ва ҳуқуқи ҳар як аз зану шавҳар аст. Ба баёни дигар пойбандӣ ба аҳду паймон, ҳаётитарин масъулият аст ва бояд бидонанд, ки пайванди издивоҷ паймоне аст, ки Худованд дастури ҳифзи онро додааст ва агар ин пайванд қатъ шавад, қатъан кулли ҷомеаи башарӣ зиён хоҳад дид.
«الَّذینَ یَنقُضُونَ عَهدَ اللهِ مِن بَعدِ میثاقِه وَ یَقطَعونَ ما اَمَرَ اللهُ بِه اَن یُوصَلَ و یُفسِدونَ فِی الاَرضِ اولئکَ هُمُ الخاسِرونَ»
«Онон, ки паймони Худоро пас аз маҳкам сохтани он мешикананд ва пайвандҳоеро, ки Худованд дастур дода барқарор созанд қатъ менамоянд ва рӯи замин фасод мекунанд, фосиқ ва зиёнкоранд» (сураи Бақара, ояти 27)
Дар андешаи динӣ аз онҷо, ки мардону занон, бархурдор аз ҳувияти инсонии муштарак ҳастанд ва гавҳари инсоният дар зану мард, ки ҳамон дамидани рӯҳи илоҳӣ аст, ба шакли яксон дар ихтиёри зану мард қарор дода шудааст бар ин асос ҳақиқати занону мардон дорои ҳуқуқи муштараки инсонии баробаре чун, ҳаққи таълиму тарбият, ҳаққи амният, ҳаққи озодӣ, ҳаққи дахолат дар сарнавиштҳои иҷтимоӣ, ҳаққи хӯрок, ҳаққи маскан, ҳаққи издивоҷ ва … ҳастанд; аммо тафовутҳои иҷтинобнопазире ҳам байни занону мардон вуҷуд дорад, ки албатта ин тафовутҳо фақат дар қолаби ҷисму равони онҳост ва инҳо ба ҷиҳати иқтизои ҷойгоҳи ҳар ду синф дар олами таквин ва нақшофаринӣ, ки тарроҳи олам барои онҳо дар низоми беҳтарин тарроҳи намудааст, мебошад ва ин тафовутҳо сабаб гардидааст, ки таклифҳо ва ҳуқуқи мутафовите ҳам барои ду навъ вазъ гардад, ки қатъан ошноӣ ба ин ҳуқуқ аз сирҳои пойдорӣ ва истеҳкому оромиш ва саодату хушбахтӣ ва ризоятмандии хона ва хонавода хоҳад буд. https://www.khonavoda.com/?p=4240
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев