Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд:
«فَدارِها عَلی کُلِّ حالٍ و اَحسِن الصُّحبَــة لها فَیَصفُوا عَیشَک»
«Ҳамеша бо ҳамсарат мудоро кун ва бо ӯ ба некӣ рафтор кун, то зиндагият босафо шавад».
Мудоро кардан бо ҳамсарро калиди зиндагии босафо метавон гуфт ба маънии дигар, агар касе хоҳони зиндагии хубу зебо ва босафо мебошад, бояд бо ҳамсари худ дар ҳама ҳол ва ҳамвора бо ӯ мудоро кунад, то аз зиндагии ширину ошиқона баҳраманд шавад.
5 – Меҳрубонӣ
Русули Акрам(с) мефармоянд:
«… فَاَشفَقُوا عَلَیهِنَّ وَ طَیِّبُوا قُلُوبَهُنَّ، حَتّی یَقِفنَ مَعَکُم، وَ لاتُکرَهُوا النِّساء و لاتَسخَطُوا بِهِنَّ»
«Бо занон меҳрубонӣ кунед ва дилҳояшонро ба даст оваред то бо шумо ҳамроҳӣ кунанд ва ононро маҷбӯр ва хашмгин накунед».
Расули Акрам(с) мефармоянд:
«کُلَّما اِزدادَ العبدُ ایماناً اِزدادَ حُبّاً للنِّساء.»
«Ҳарчи имони инсон афзӯн гардад, дӯстияш ба занон (ва меҳрубонии ӯ дар рафтор бо занон) афзоиш меёбад».
6- Тараҳҳум ва навозиш
Расули Худо(с) мефармоянд:
«خَیرُ الرِّجالِ مِن اُمَّتی الَّذینَ لایَتَطاوَلُونَ عَلی اَهلِهِم و یُعنُونَ عَلَیهم و لایَظلِمونَهم».
«Беҳтарин мардони уммати ман касоне ҳастанд, ки нисбат ба хонаводаи худаш хашин ва мағрур набошад ва бар онон тараҳҳум ва навозиш кунанд ва ба онон озор нарасонанд».
Агар мард мехоҳад, ки давоми зиндагии ӯ истеҳком дошта бошад бояд риояти тараҳҳумро нисбат ба ҳамсараш дошта бошад ва ҳамчунин баъзе аз вақтҳо ҳамсари худро навозиш кунад ва бо ин кор алоқаи ҳамсар нисбат ба шавҳари худ бештар хоҳад шуд. https://www.khonavoda.com/?p=4246
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев