Дар ин марҳала, бояд бархилофи қазоватҳо ва хостаҳои нафси саркаш амал кунӣ. Нафс душмани кардан, бадгӯӣ ва бузургнамоии айбҳои маҳсуд(ҳасадшаванда)-ро мехоҳад, ту бо муҳаббат кардан ва хуш рӯйӣ бо ӯ ва матраҳ кардани нукоти мусбати шахсияти ӯ, аз туғёни нафсат ҷилавгирӣ кун. Ин кор аввал сахт аст, вале дар идома, рӯз ба рӯз осонтар хоҳад шуд ва Худо низ ёри хоҳад кард.
Нафс туро даъват мекунад, ки ӯро азият кун, тавҳин кун, душман дошта бош мафосиди ӯ ва бадиҳои ӯро ба ту нишон медидад.
Тавба
Хилофи майли нафс ба касе, ки ҳасад мекунӣ тараҳҳум кун ва таҷлил ва иҳтиром намо. Забонро ба зикри хайри ӯ водор кун. Некӯиҳои ӯро бар худ ва бар дигарон нишон деҳ. (1)
Бояд гуф, ки агар ҳасад ба шиддати худ бирасад, аслан қобили илоҷ нест ва дармонаш фақат марги ҳасуд аст. Бархе аҳодис ҳам ин ҳақиқатро таъйид ва ба он тасреҳ мекунад.
Амирулмуъминин(а) фармуд:
«Ҳасуд шифо намеёбад».(2)
Ҳамчунин он бузургвор фармуд:
«Ҳасад бемории ғайриқобили илоҷе аст, ки аз байн намеравад, магар бо ҳалокати ҳасуд ё мурдани маҳсуд».(3)
Сухане бо ҳасадкунанда
Каме воқеъбинӣ кофӣ аст то ба ин натиҷа бирасем, ки ҳасад як бемории шоеъ ва роиҷ аст. Хелеҳо ба ҷойи ин, ки худро ба неъмат бирасонанд, неъматҳои дигаронро ҳадаф қарор медиҳанд. Ғофил аз ин, ки махозин ва сарватҳои бепоёни илоҳӣ, метавонад ҳамаро бархурдор намояд ва доштани яке арсаро бар дигарӣ танг намекунад. Ба иборати дигар, ту барои доро шудан, лозим нест ба фикри рабудани неъмат аз кафи дигарон бошӣ.
Сухане бо маҳсудон (ҳасадшавандагон)
Вақте сӯҳбат аз бемории ҳасодат мешавад, маъмулан рӯйи сухан бо ҳасуд аст. Ҳама саъй мекунанд, ки аз роҳҳои мухталиф, шахси ҳасудро мавриди хитоб қарор диҳанд ва ба навъе ӯро аз ин сифат нораво барҳазар доранд, локин дар ин қисмат аз китоб, сухани кӯтоҳ бо касоне дорем, ки дар маърази ҳасодати дигарон ҳастанд.
Оё барои ин гурӯҳ амалкарди хоссе дар баробари ҳасудон тавсия мешавад? Бо муроҷиа ба мутуни динӣ, тавсияҳое чанд барои маҳсудон метавон ёфт.
Дар ҳадисе аз Пёмбри акрм (с) омадааст:
Дар баровардани ниёзҳои худ аз катмон ва пинҳон намудан, кумак бигиред; Зеро ҳар соҳиби неъмате ҳасуд воқеъ мешавад.(4)
Аз зоҳири ҳадис чунин истифода мешавад, ки вақте барои расидан ба ҳадафе ва баровардани ҳоҷате барномарезӣ ва талош мекунед, ҳаркасеро аз он огоҳ накунед; чаро, ки мумкин аст ҳасуде бо иттилоъ ёфтан аз ҳадаф ва талоши шумо, бо иқдомоти мухталиф монеътарошӣ кунад ва шуморо аз расидан ба мақсудатон боз дорад.
Нуктаи дигар ин, ки дар ин ҳадис, ҳазрат ошкоро баён медорад, ки ҳар соҳиби неъмате мавриди ҳасодати дигарон воқеъ мешавад, аз ин рӯ ба назар мерасад, ки соҳибони неъмат дар изҳор ва намоён кардани доштаҳои худ диққат кунанд.
Охирин нукта дар бораи маҳсуд ин аст, кӣ: дар сураи Фалақ, Худованд ба Паёмбараш дастур медиҳад, ки аз шарри ҳасадварз ҳангоме, ки ҳасодат мекунад, ба Худо паноҳ барад. Ин дастури илоҳӣ нишонгари он аст, ки наметавонем худро аз шарри ҳосидон дар амаон бидонем. Пас ҳасуд метавонад мӯҷиби зарар ва зиён шавад ва мо бояд ҳушёр бошем ва аз шарри ӯ ба Худо паноҳ барем. https://www.khonavoda.com/?p=4189
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев