Имом Ҳусейн(а) фармуданд: “Парвардигоро, касе, ки туро наёфт, чӣ ёфт ва касе, ки туро ёфт, чӣ аз даст дод?”
Инчунин фармудаанд: “Ҳар кас ҳаққи маъбудияти Худоро ба ҷо овард, Худованд беш аз ҳадди интизор ва кифояташ ба ӯ ато мекунад”.
Фармудаанд: “Ҳар кас бихоҳад аз роҳи гуноҳ ба мақсаде расад, дертар ба орзу расад ва зудтар ба хатар афтад”.
Имом Ҳусейн(а) дар мавриди салом додан фармудаанд: “Бахил касест, ки аз салом бухл кунад”.
Инчунин фармудаанд: “Аз коре, ки бояд аз он пузишу маъзаратхоҳӣ кунӣ, ҳазар кун, ки мӯъмин на бад кунад ва на узр хоҳад ва мунофиқ ҳар рӯз бад кунад ва маъзарат биталабад”.
Дар ривояте аз Имом Ҳусейн(а) нақл шудааст, ки фармуданд: “Ҳамнишинии хирадманд, нишонаи писандида будан аст”.
Марде дар ҳузури Имом Ҳусейн(а) гуфт: Муҳаббату эҳсон ба ноаҳл ҳадар равад.
Ҳазрат фармуданд: Чунин нест, некӣ монанди борон аст, ки бар неку бад меборад.
Дар мавриди сухан гуфтани бемаврид фармуданд: “Ҳаргиз бемаврид сухан магӯй, то барои сухан гуфтан ҷое муносиб пайдо кунӣ, зеро чӣ бисёр суханваре, ки сухан баҳақ гуфта, вале чун бемаврид будааст, нописанду маъюб ҷилва гардида”.
Фармуданд: “Касе, ки ризояту хушнудии Худоро битилабад, агарчӣ бо хашми мардум рӯбарӯ гардад, Худованд дар умуроти марбут ба мардум ӯро кифоят мефармояд ва касе, ки хушнудии мардумро бихоҳад ба василаи хашми Худо, Худованд ӯро ба мардум вомегузорад”.
Дар мавриди ин ки умури мардумро чӣ касе бояд идора кунад, фармудаанд: “Ҷараёни умури мардум ва аҳком ба дасти уламо ва донишмандони илоҳист, ки бар ҳалолу ҳароми Худо амин ҳастанд”. https://www.khonavoda.com/?p=26053
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев