Ҳамчу сайде,ки дар нишон монам.
Зери сад таънаӣ гарон монам,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Пешаи доими маро,мардӣ,
Дидааст оразам басо зардӣ.
Гарчӣ дори ту феъли номардӣ,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Феълу рафтори ту дигар гардид,
Ҳарфу гуфтори ту дигар гардид.
Ҷумлаӣ кори ту дигар гардид,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Пеши ту содаву гаранг монам,
Шишае зери зарби санг монам.
Менадони,ки чун паланг монам,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Ҳаққи манро бихӯрдаӣ нокас,
Аз Худо тарс,ба қадри ёрон рас.
Чун уқобам, на мисли ту каргас,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Гарчӣ анҷоми ту дигар гардид,
Хонаву боми ту дигар гардид.
Мансабу номи ту дигар гардид,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Пеши мардум задӣ басо пастам,
Пеши по хӯрдаву набишкастам.
Мегирад доимо,Худо дастам,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Мешудӣ аз бахилӣ дилсардам,
Метавонӣ шиноси,ки мардам.
Ман тамоман дигар намегардам,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Диди,ки халқ эҳтиромам кард,
Ҳаркӣ шуд рӯ ба рӯ, саломам кард.
Пеши ту арзише ба номам кард,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Боз худро ба ман ширин кардӣ,
Чил дурӯғ гуфта офарин кардӣ.
Аспи худро дубора зин кардӣ,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Марди бинмо,макун ту номардӣ,
Нест номардӣ шеваи мардӣ.
Бо ғуруре савора мегардӣ,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Бо кадом нағмаву усул гаштӣ?
Зери по карда рӯйи гул гаштӣ.
Оҳ, нодида масти пул гаштӣ,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
То куҷо мебарад сарафрозӣ?
То ба кай ханда кардаву нозӣ?
Бо думи шер, мекуни бозӣ!
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Ёфтам арзиши ҷавониро,
Сохтам ишқу зиндагониро.
Дур кардам зи худ,калониро,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Чун хирадманду марди оқил бош,
Зеби ҳар ҷашну зеби маҳфил бош.
Бовафою рафиқи ҳамдил бош,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Нафурӯхтам ба нархи ҷон,ҷонат,
Нагузоштам ба зери фармонат.
Гарчӣ бар ман набуд имонат,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Бишукуфон дилат, зи нав гул кун,
Ҳарчӣ бар Кирдугор маҳқул,кун.
Мисли ман сабр кун, таҳаммул кун,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
Қалби Маҳкампурӣ бувад, тоза,
Шӯҳраташ байни халқ,овоза.
Дорад арзиши хешу андоза,
Ман ҳамон будаму ҳамон монам.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев