Дилхароши то куҷо ҳасту,дилозорӣ чаро?
Кори мо баҳри касе афтад азизи мо шавад,
Дасти ҳеҷ касро нагирем,вақти душворӣ чаро?
Худсафедӣ кардани мову туро суде намонд,
Ҳарфи бад гӯем зи пушту, рӯ ба рӯ морӣ чаро?
Хоки гӯр чашмони носерони олам сер кард,
Аз қафои нафси носерида,беорӣ чаро?
Гушна мемирем,аммо бо сари болои худ,
Аз барои як даҳан ош, ин қадар зорӣ чаро?
Чун ниёзеро наметонем,барорем аз касе,
Ноумед карда ба ӯ додан умедворӣ чаро?
Ҳар гуноҳи кардаӣ одам намонад беҷавоб,
Дидаву дониста аъмоли гунаҳкорӣ чаро?
Ақли инсонпарварӣ аз рӯи молу мансаб аст,
Камбағал донову,аммо мекашад хорӣ чаро?
Ношиносе гуфт бар ман ту ҳамон шоир наӣ?
Қоматат афтодаасту куртаат корӣ чаро?
Вақти мастӣ ҳоли ҳам пурсон гардем ширакайф,
Менапурсем ҳоли ҳамро вақти ҳушёрӣ чаро?
Зор будем солҳову эътибори хос дошт,
Эътибор безорӣ соатҳои деворӣ чаро?
Ҳеҷ уқоберо надидам ҳамнишини зоғ шуд,
Дар миёни фосиқон биншастани қорӣ чаро?
Қолаби андозаи худ меравем зери замин,
Ин қадар заҳматкашиҳову заминдорӣ чаро?
Марди оқил гиря пинҳонӣ кунад Маҳкампурӣ,
Дар миёни халқи олам дидаат ҷорӣ чаро?
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев