Предыдущая публикация
Фиребу фитнаҳоӣ пасти рангорангро дидӣ.
Туро дурӯягони дур зи андеша намуда пир,
Ба рӯӣ хастаи худ,сад хати ожангро дидӣ.
Таҳаммул мекуниву дар дили худ ормон дорӣ,
Биноҳоӣ баланду хонаҳоӣ тангро дидӣ.
Худоро шукр фурӯ ҳаргиз нарафта пойбарҷоӣ,
Ҳама дарду ҳама ранҷу ҳама оҳангро дидӣ.
Даме оромдил будиву оромӣ намеёбӣ,
Ба дард омад дилат вақте,ки ҳар дилсангро дидӣ.
Бихуфта олимону шоирон бар хоки гӯристон,
Ба зери хок илму донишу фарҳангро дидӣ.
Ба сонӣ ту бисӯхт дар олами андеша Маҳкампур,
Ҳама хунрезиву ноодамиву ҷангро дидӣ.
✍️ Ҷамшеди Маҳкампур.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев