🔸 Матни пурсиш:
Ширкат дар интихобот бо ҳадафи дафъи афсад ба фосид чи ҳукме дорад? Бархӣ мӯътақиданд дар интихоб байни бад ва бадтар бояд бадро интихоб намуд ва ин як мантиқи ақлӣ аст, мисли замоне ки дар ҳоли марг дар биёбон ҳастем ва як мурдори гӯсфанд ва як мурдори хук вуҷуд дорад ва ақл ҳукм мекунад ки барои намурдан аз мурдори гӯсфанд ба қадри зарурат бихурем.
🔸 Матни посух:
Дафъи афсад ба фосид дар ҷойе маъқул аст ки аввалан даварони миёни он ду собит бошад, ба ин маъно ки яқинан гузинаи севвуме вуҷуд надошта бошад ва сониян ибтилоъ ба даварони миёни он ду ношӣ аз тақсири мардум дар эҷоди гузинаи севвум набошад ва солисан қатъ ба мисдоқи он ду дар хориҷ вуҷуд дошта бошад, ба ин маъно ки маълум бошад афсад кадом ва фосид кадом аст, дар ҳоле ки дар интихоботи ҳукуматҳои ҷавр, аввалан даварони миёни афсад ва фосид собит нест; Зеро чунонки дар китоби шарифи «Бозгашт ба Ислом»[1] табйин шуда, зоҳир кардани халифаи Худованд дар замин ҳамвора барои мардум мумкин аст ва бо ин васф, онон дар пазириши ҳукумати ғайри ӯ маъзур нестанд ва ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3576/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев