🔸 Матни пурсиш:
Дар улум ва фунуне мисли улуми фаннӣ ва муҳандисӣ, кишоварзӣ, мудирият, иқтисод ва ... ки фарзияҳо, назарияҳо, усул ва қавонини мухталифе вуҷуд дорад ва ё ироя мешавад, маъмулан иҷмоъи ҷамъе аз хубрагон барои исботи назарияҳои ироя шуда мавриди қабул воқеъ мешавад. Суъол ин аст ки оё дар ин гуна улум ҳамонанди усули ақойид ва аҳкоми мазҳабӣ бояд ба халифаи Худованд муроҷиъа намуд? Оё иҷмоъ дар ин маворид ҳам дорои ишкол аст?
🔸 Матни посух:
Мурод аз иҷмоъ дар истилоҳи аҳли фиқҳ, иттифоқи назари ҳамаи мусалмонон ё ҳамаи аҳли илм бар як ҳукми шаръӣ аст ки бино бар назари қоъилони ба ҳуҷҷияти он, ҳукми шаръиро исбот мекунад; Чароки иттифоқи назари ҳамаи мусалмонон ё ҳамаи аҳли илм бар ботил, мумкин нест ва ин ба эътибори вуҷуди халифаи Худованд дар миёни онон, саҳиҳ аст; Чунонки Худованд фармудааст: ﴾وَمِمَّنْ خَلَقْنَا أُمَّةٌ يَهْدُونَ بِالْحَقِّ وَبِهِ يَعْدِلُونَ﴿[п/1]; «Ва аз касоне ки офаридаем шуморе ҳастанд ки ба ҳақ ҳидоят мекунанд ва бо он адолат меварзанд» Ва бо ин васф, иттифоқи назари ҳамаи онон бар ботил, муҳол аст; Ҷуз онки чунин иттифоқи назаре на қобили кашф аст ва на судманд; Чароки аз як сӯ эҳсоъи назари ҳамаи онон одатан мумкин нест ва аз сӯӣ дигар чизе ки ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1930/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев