Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми садаи XX дар шароити Тоҷикистон омилҳои мухталифе пайдо гардиданд, ки мамлакатро ба моҷарои сиёсӣ кашиданд. Дар ибтидои соли 1990 қувваҳо ва неруҳои гуногуне пайдо шуда, кӯшиш намуданд, ки ба раванди сиёсӣ таъсир расонанд ва тадриҷан низоми идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро зери таъсири худ нигоҳ доранд.Вобаста ба мавзуи пурбаҳсу фаррохи воқеаҳои февралии соли 1990 ақидаи муҳаққиқону коршиносон ва таърихнигорон гуногун аст.
Яке аз аввалин ташкилот ё иттиҳодияи ҷамъиятие, ки дар саромади зиддиятҳо ва муқовиматҳои сиёсии Тоҷикистон қарор гирифт, созмони «Растохез» ва ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом буд. Яъне, аз ҳамон вақт наҳзати ислом рӯи кор омад. Дар ин бора низ муовини вақти раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Отахон Латифӣ ҳанӯз дар давраи аввали ташкили чунин ҳаракатҳо гуфта буд: «Вақте ки барнома ва низомномаи ташкилоти «Растохез» ба Совети Вазирон ворид шуд, на ҳамаи пешниҳодоти онро қобили қабул донистанд. Ҳоло дар мамлакат низоми ба расмият шинохтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мавҷуд набуд». Сониян, сарварони «Растохез», ҲНИ ва дигар ташкилотҳои ғайрирасмӣ дар мубориза барои соҳиб шудан ба мандати депутатӣ ноком гаштанду ҷонибдоронашон дар парламент мақоми сазовор пайдо накарданд ва онҳо даст ба тазоҳуроти пайваста ва доимӣ заданд. Ҳадаф аз он фишор овардан ба мақомоти ҳизбиву давлатӣ буд. Онҳо мақсад доштанд, ки вазъияти ҷамъиятиро ноором созанд.
Иттиҳодияи навтаъсиси Ҳизби наҳзати ислом фаъолияти маҳалгароиро дар байни донишҷӯён ва ҷавонон ривоҷ дода, тавассути варақаҳо ва овозаҳо афкореро ба мардум талқин намуд, ки гӯё роҳбарият аз уҳдаи идораи корҳои давлатӣ намебарояд. Эҳсос мешавад, ки иттиҳоди ба ном мардумии «Растохез» ва наҳзати исломӣ бо қисмати иртиҷоии руҳониён, махсусан, бо бунёдгароёни исломӣ пайваст гардида, мардумро ба ҳар гуна эътирозҳо ва саркашиҳои шаҳрвандӣ даъват менамуданд.
Рӯзҳои 11-ум ва 14-уми феврали соли 1990 гирдиҳамоии оммавие, ки асосан, тавассути даъвати руҳониён бо роҳбарии пайравони ТТЭ ҲНИ, «Растохез» ва бо ҳамдастии баъзе сиёсатмадорони ифротӣ ба миён омада буд, вазъияти ҷамъиятию сиёсии мамлакатро пуршиддат ва муқовиматбор намуд. Ҳизби наҳзати ислом мардумро зидди ҳам гузошта, инкишофи мутаносиби мамлакатро халалдор намуд. Дар баробари Ҳизби наҳзати ислом низ неруҳои гуногуни сиёсӣ пайдо гардида, кӯшиши аз сари қудрат дур намудани элитаи сиёсии ҳукмронро ба миён оварданд.
Воқеан, гирдиҳамоиҳои аввалин рӯзи якшанбе, 11-уми феврал дар назди собиқ бинои КМҲК ташкил шуд. Дар назди он асосан, ҷавонон, одамони калонсоли ришдор, ки баъдтар аъзои Ҳизби наҳзати ислом будани худро тасдиқ намуданд, ҷамъ шуданд. Аз ҳолати назди КМ аъзоёи наҳзати исломӣ истифода карда, тарғибҳои тундгароёна мебурданд. Баъдтар дар кӯча зиёда аз 30 нафар наврасону ҷавононро ҷамъ карда, даъват намуданд, ки муқобили ҷорӣ намудани вазъияти фавқулода эътироз намоянд, гирдиҳамоию намоишҳоро пайваста ташкил кунанд.
Сатҳи иштирок дар гирдиҳамоӣ гуногун буд. Яке аз рӯи ҳавас, дигаре барои тамошо ва дигаре аз хотири дифои кадом «манфиат» ва чорумӣ бо даъвати иттиҳодияҳои навташкили ғайрирасмӣ вориди майдон гардида буданд. Ба майдони гирдиҳамоӣ наздик шудан ва ё ҳамроҳ гаштан чандон мушкилӣ надошт, аммо аз он хориҷ шудан, чандон осон набуд. Зеро Ҳизби наҳзати ислом кайҳо нақшаи тазоҳуроти дарозмуддат ва шиддатноки гирдиҳамоиро кашида буд.
Рӯзи 12-уми феврал, соати 1000 гирдиҳамомадагон пароканда шуданд. Пайравони Ҳизби наҳзати ислом изҳор доштанд, ки ба зудӣ бо яроқ бармегарданд. Ҳамин буд, ки баъди аз нав ба ҳам омадани тазоҳуркунандагон, тақрибан соати 1600 дар майдон овози тир шунида мешуд. Ҷамъомадагон то соати 21-и бегоҳ доду фарёд намуданд.
Дар натиҷа, он бегоҳ 24 мағоза, 22 муассисаи хизматрасонии маишӣ ва хӯроки умумӣ, 6 бинои маъмурӣ, 2 кинохона, 2 бонки амонатгузорӣ, 1 троллейбус, 1 автобус, 2 мошини боркаш, 3 мошини милитсия, 3 мошини ёрии таъҷилӣ аз ҷониби пайравони Ҳизби наҳзати исломӣ вайрон ва осеб диданд. Мақомоти низомӣ ва қудратии мамлакат кӯшишҳои зиёд ба харҷ медоданд, то вазъиятро ором намоянд. Аммо тазоҳуркунандагони наҳзати ислом ба ҳеҷ кас гӯш намедоданд. Онҳо ҳар амалеро, ки мехостанд анҷом медоданд. Ҳарчи ба хаёли тазоҳуроткунандагон меомад, мегуфтанд. Аз чунин ҳол бисёр гурӯҳҳо истифода намуданд. Аз ҷумла, як гурӯҳ ходимони динӣ ғазаби мардумро ба манфиати худ истифода бурда, мехостанд, нуфузу эътибори худро баланд бардоранд. Онҳо иброз медоштанд, ки «ҳукумат қудрати идора кардани давлатро надорад, онро бояд ба мо диҳад». Ҳатто Ҳизби наҳзати ислом мардумро ба ҷиҳод даъват мекард.
Бояд тазаккур дод, дар фаъолияти Ҳизби наҳзати ислом, ки зери шиорҳои ташаккули сохти нави иҷтимоӣ бо истифода аз неруҳои дигари сиёсӣ, аз ҷумла, гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил амалӣ мегардид, тамоми аломатҳо ва хусусиятҳои шаклгирии табадуллоти давлатиро пайдо намудан мумкин буд. Ҳодисаҳои февралӣ дар Тоҷикистон, ки ба таври мақсаднок ба амал омаданд, ба ҳадафҳо ва натиҷаҳои дилхоҳ нарасиданд. Неруҳои тазоҳуркунанда шикаст хӯрданд.
Абдураҳмонов М,
таҳлилгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев