Беномусию пурпустии Муҳаммадиқболи Садриддин то ҳаддест, ки бо вуҷуди фош гардидани иғвоангезиву дасисабозӣ ва қаллобиву мардумфиребиҳояш бешармона ба амалҳои нангинаш идома дода истодааст.
То дараҷае ин бенангу номус ҳайсияти мардии худро гум кардааст, ки ба хотири пули хоҷагонаш ҳар гуна матолиби супориширо тавассути сомонаи ифротиаш “Ислоҳ.нет” таҳия ва нашр мекунад.
Ин бадзоди қаллоб ҳарфи касеро гӯш кардан намехоҳад. Бо ин рафтори бади худ мардум борҳо ӯро нафрину лаънат кардаанд. Ҳамон тавре ки солҳо қабл мардум падарашро нафрину лаънат карда буданд.
Оқибати нафрину лаънати халқ чи балоҳое ба сари падари ин беномус наоварда буд. Худи ҳамин палиди Муҳаммадиқбол низ шоҳиди балоҳои ба сари падараш омада буд. Мардум падари ин хоину миллатфурӯшро ба хотири гумроҳ намудан, сабаби гуреза шудан ба кишвари Афғонистон ва дар ин кишвар фарзанди ҷигарбандашро ба ғуломӣ фурӯхтан борҳо нафрину лаънат карда буданд.
Фарзанди ин нохалаф ва хоин роҳи падарашро идома дода истодааст ва мисли падараш зери нафрину лаънати мардум қарор гирифтааст. Мардум дар фазои амну ором ва сулҳу суботи кишвар зиндагӣ доранд ва аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар розӣ ҳастанд.
Ҳама дастаҷамъона кӯшиш доранд, ки барои ояндаи неку дурахшони кишвар фаъолияти пурсамар намоянд ва тинҷу ором ба зиндагии худ идома диҳанд.
Аммо чунин нафарони ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аз хурдӣ фурӯхта шуда, умри беҳтарини худро зери хориву зорӣ ва шиканҷа паси сар намудааст, наметавонад хушҳоливу болидарӯҳии мардумро мушоҳида кунад. Зарбаи сахти ҷисмониву равонии зиндагӣ ва бераҳмиҳои падар ӯро ба як нафари бадхоҳу бадтинат табдил додааст.
Ин палид бо вуҷуди он ки медонад, ки касе ба суханони пучу бемаънӣ ва ҳарзаҳои бардурӯғаш эътимод надоранд ва аҳамият намедиҳанд, вале барои ӯ ин чиз муҳим нест. Ӯ мехоҳад, ки тавассути чунин рафтораш, каме ҳам бошад, худро рӯҳан ором намояд. Бехабар аз он ки ӯро низ дар оянда сарнавишти падараш интизор аст.
Чи тавре ки падараш дар ғарибӣ бо дарду ранҷи зиёд ва бекасӣ аз дунё рафт ва ҳатто ҳамин фарзанди оқи падар боре падари пиру ранҷурашро хабаргирӣ нарафт ва дар ҷанозааш ҳам наомад, чунин бекас ва хору зор дар ғурбат хоҳад мурд.
Саиди Салим
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев