Тавре маълум аст, оромии муҳит ва ҳавзаҳои таълимии динӣ дар ҷомеъа муҳимтарин манъбаи таъмини амният ва субот дар кишвар маҳсуб меёбад. Ин нуқтаи калидиро ташкилот ва дастгоҳҳои экстремистӣ барвақт дарк ва ҳис намудаанд. Дастгоҳҳои экстремистӣ барои осебпазир намудани муҳити динӣ ва ноором сохтани фазои иттилоотӣ ҷавонони камхабар аз омӯзаҳои исломӣ ва сабукпойро мағзшуйӣ намуда, ба манфиати гуруҳҳои худ истифода мебаранд. Кишварҳои маълуми минтақа барои расидан ба ҳадафҳои стротегӣ ва геопалитикии худ онҳо аз тамоми роҳу усул истифода доранд. Дар ин замина бархурди қудратҳо ва ҳадафҳои бузурги онҳо дин ва нерӯҳои исломиро барои расидан ба мақсади меҳварии хеш истифода мебаранд.
Наҳзатҳои иғвоангез ва радикалии динӣ охири қарни 20 тақвият ёфта, ба хусус дар кишвар решадавонӣ намуданд ва минбаъд миллатгароиро касб намуда, меҳвари тафриқа низоъ гашта, садҳо ҷавонони кишварро -ро заҳролуд сохтанд.
Мардуми осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ақида ва идеологияи ин гуруҳҳи ифротӣ осеб дида, аксари ҷавонон ба ин гуруҳ дода шуда буданд. Мутаассифона то имрӯз аз ҳадаф ва мақсадҳои пурзалолати ҳаракатҳои иғвоангез ва тундравӣ такфирӣ мардуми кишвар огоҳ нестанд.
Ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ аз ақида ва идеологияи гуруҳи ифротии «Салафия» истифода намуда, ҷавонони ҷумҳуриро раҳнагун сохта, сафҳои ҳизби худро пур намуданд. Онҳо кушиш намудан, ки мавқеъи таълимоти таҳаммулпазирии Имоми Аъзамро дар кишвар танг ва хунсо намуда, идеологияи иғвоангез ва зидди исломии худро ҳамчун таълимоти исломи дар миёни аҳоли ҷойгузин намоянд. Аммо бо ташабусси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 соли Имоми Аъзам эълон гардида, гуруҳои ифротӣ ба нияту мақсадҳои нопоки худ ноил наградиданд.
Қобили зикр аст, ки ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ақидаҳои халқият ва миллати бегонаро ҷорӣ кардааст. Ин ҳизб аз аввал аъзои бисёр надошт, зеро нафароне, ки аз дини ислом дониши пурра надоштанду мақсади ин ҳизбро намедонистанд ба фиреби онҳо дучор шуда буданд. Айни ҳол аксари онҳо аз мақсаду ниятҳои ғаразноки ТТЭ ҲНИ огоҳ шуда, аз аъзо будан даст кашидаанд. Мардуми тоҷик аз ҳизби наҳзат эҳтиёҷ надорад чунон, ки дар тулли фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ ягон кори нек ғайр аз иғвоангезӣ, миллатгароӣ ва ҷудохоҳӣ накардааст. Тамоми мардуми тоҷиқ аз хурд то калон барои аз байн бурдани ин ҳизби террористӣ кушиш намуда, бояд муборизаи беамон баранд. Мо бояд пеш аз ҳама манфиати давлатию миллиро дастгири намуда, ҷавононро таълиму тарбия намоям, ки ба ҳаргуна равияҳои номатлуби дини ҳамроҳ нашаванд.
С.Сулаймонӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев