Оромиву осоиштагӣ, сулҳу субот, фазои муносиб барои зиндагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз бузургтарин неъматҳое аст, ки мардуми соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардаанд. Ва мебояд шукри онро карда, барои бардавомии он саъю кӯшиш варзид.
Ватан ифтихор ва ватандорӣ саодати мост – мегўяд мардуми тоҷик. Оре, Ватан як вожаи бузургу муқаддас ва сарзаминест, ки дар зери мафҳуми он пайвандон, ниёгон, забони модарӣ, ҷуғрофия, илму маърифат, тамаддун ва таърихи ҳар як халқу миллат фаҳмида мешавад. Ҳар фарди бо нангу номус бояд зодгоҳи зодманду пайвандони худ ё ин, ки ба андешаҳои бузургон «сарзамини поки ниёгонаш»-ро дӯст дорад, муҳаббат ва садоқати бепоён ба он дошта бошад, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварашро ҳифз намояд.
Албатта ин суханҳоро шахсоне дарк мекунанд, ки ватани хешро дӯст медоранд. Аммо шахсоне ҳастанд, ки бар зарари Ватан фирефтаи ҳаргуна ҳизбҳои ифротӣ гардида, фурӯхта мешаванд. Чунин шахсон аз сабаби дониши кофӣ надоштан ва паст будани сатҳи маърифатнокӣ даст ба кирдорҳои номатлуб мезананд. Дар натиҷаи амали ҳамин гуна ашхос ҷанги даҳшатнок ва хунрезӣ ба миён омада, фарзандро бе падар, волидонро бе фарзанд ва фарзандонро ятим мекунад. Аммо бояд мо ба қадри оромию осоиштагӣ, ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот расида, барои пешравии Ватан саҳмгузор бошем.
Аз сулҳу оромиши мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон душманони миллати тоҷик нороҳат буда, баҳри нооромии ин сарзамини соҳибистиқлол кӯшида истодаанд. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки танҳо дар ҳолати амнияту осудагӣ метавон ба ҳадафҳои худ расида, баҳри амалишавии умеду орузуҳо саъю талош варзид.
Ҳодисаҳои баъзе кишварҳон барои ҳар як фарди соҳибақл дарси ибрат ва дарси омӯзиши зиндагонӣ аст. Душманони ватану миллат мехоҳанд чунин рӯзҳоро ба сари давлати мо биёваранд. Ҳол он ки миллати тоҷик дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ, ки сабабгори ҳалок гардидани ҳазорон мардуми осоишта гардид, фаромӯш накардааст.
Мо умед дорем, ки то абад чашми ҳасуд нисбат бар кишвари мо кӯр бошаду дар меҳани азизамон - Тоҷикистон сулҳу субот ва осоиштагии мардум, хурсандии волидайн ва шодии кудакон бардавом бошад. Зеро гузаштагони миллати мо ҳамеша моро ба дӯст доштани Ватани маҳбуб ва ҳифозати он аз душман водор кардаанд.
Мардуми диёрамон чунин як муҳаббати бепоён, чунин як робитаи қавиеро, ҳар куҷое, ки бошанд, ҳатто берун аз меҳан, доранду онро хеле хуб пос медоранд. Маҳз ҳамин ишқ ҳаст, ки қалби мо пуроташ, пураланга ва пуршӯъла буда, ин оташу аланга ва шӯълаҳо ҳама аз ватан сарчашма гирифта, боэътиқоду қавидил ҳастем.
Медонем, ки мо ватандорон зиёд ҳастему на ба сухан, балки бо амал, бо кори хеш диёрро ободтар карда, ҳалқаи онҳоеро, ки ватану мардуми кишварро манбаи даромаду салтанати худ карданӣ ҳастанд, танг карда, берун аз даври худ, берун аз давраи хеш мекунем.
Ягонагиву яклухтии сарзамини мо аз худи мо вобаста аст, бинобар ин ба ҳар гуна суханҳои бардурӯғу фитнаангези гуруҳҳои хоини давлату миллат гирифтор намешавем ва тамоми мардуми тоҷик барои дастгирии роҳи пешгирифтаи раҳбарият ҳамеша тайёр ҳастем. Барои мо Ватан яктост – Тоҷикистон яктост. Имруз он ҳодисаву омилҳое ки дар минтақа авҷ гирифта идома доранд, ҳар як тоҷику тоҷикистониро водор мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода он амну субот ва оромии дохилии кишвари азизамонро ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ дошта, муттаҳид гарданд. Бинобар он мо – шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият, Истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
К. Субҳонзод,
сиёсатшинос
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев