Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар номае ба Доналд Трамп, президенти нави Амрико, аз "шиддат гирифтани буҳрони сиёсӣ ва башарӣ" дар кишвар шикоят кардааст.
Ба гузориши манбаъ:
Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, қароргоҳаш дар Ҳолланд, рӯзи 20-уми январ гуфт, “режими Эмомалӣ Раҳмон пайваста озодиҳои шаҳрвандиро саркӯб, намояндагони мухолифин, расонаҳои мустақил ва ҳомиёни ҳуқуқро таъқиб мекунад.”
Гадоев дар номааш аз маъмурияти Трамп хостааст, аз озодии фаврӣ ва бе қайду шарти маҳбусони сиёсӣ, қатъи таъқибу фишор ба фаъолон ва ташкили интихоботи озоду шаффоф дар Тоҷикистон пуштибонӣ кунад.
Шарофиддин Гадоев афзудааст:
“Мо омодаем бо маъмурияти шумо барои пешбурди ислоҳоти демократӣ, ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем”.
Доналд Трамп, намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, дар интихоботи моҳи ноябри соли 2024 дар Амрико пирӯз шуд. Вай рӯзи 20-уми январ савганд ёд кард ва баъд аз чаҳор сол “танаффус” ба Кохи Сафед баргашт.
Тоҷикистон ва Амрико додугирифти зиёд надоранд, аммо Вашингтон пайваста ба бахши пизишкиву марзбонӣ ёрӣ мерасонад. https://tajikpress.com/2025/01/22/%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%85%d0%be%d0%bb%d0%b8%d1%84%d0%b8-%d2%b3%d1%83%d0%ba%d1%83%d0%bc%d0%b0%d1%82-%d0%b1%d0%b0-%d1%82%d1%80%d0%b0%d0%bc%d0%bf-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев