Вазъияти дарӯ ва дармон дар Ғазза дар ҳолати нобудии комил қарор дорад ва дар ин байн ифшогарии низомиҳои саҳюнистӣ ҳам ҷолиб ба назар меояд.
Як низомӣ дар неруи захираи артиши режими саҳюнистӣ бо эътироф ба ҷиноятҳои амдию ошкори ишғолгарон дар борикаи Ғазза эълон кард: Исроил камтарин ҳуқуқ ва арзишҳои инсониро барои фаластиниҳо дар назар намегирад ва мо бидуни ҳеҷ маҳдудияте метавонем ҷони онҳоро бигирем.
Рӯзномаи ибрииҲооретс ба нақл аз як низомии саҳюнист, ки аз ҷанг дар борикаи Ғазза хаста шудааст, ба ҷиноятҳои ҷангие, ки ин режим алайҳи ғайринизомиёни бедифоъ анҷом медиҳад, эътироф кард.
Ҳойим Ҳорзҳов аз неруҳои захираи артиши режими саҳюнистӣ, ки дар меҳвари Нетсорйм дар борикаи Ғазза меҷнгид дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Ҳооретс эълон кард: ончи артиши Исроил дар борикаи Ғазза анҷом медиҳад, ҷиноятҳои ҷангии системотик аст.
Ин низомии саҳюнист афзуд: ончи дар борикаи Ғазза иттифоқ меафтад, ғайриқобили тавсиф ва ғайриқобили ҳазм аст; зеро ҳеҷгуна арзиши инсонӣ барои фаластиниҳо дар инҷо дар назар гирифта намешавад ва шароити зиндагии онҳо ҳатто бисёр пойинтар аз ҳайвонот аст.
Вай тасреҳ кард: барои низомиёни исроилӣ дар борикаи Ғазза ҳеҷгуна маҳдудияте дар тирандозӣ ба самти фаластиниҳо вуҷуд надорад ва ин низомиён метавонанд ҳар замоне, ки мехоҳанд ба самти сокинони Ғазза шиллик кунанд. Коре, ки артиши Исроил дар инҷо анҷом медиҳад, ҷинояти ҷангии системотик аст; зеро сохтмонҳо ҳамчунон вайрон мешаванд ва мардум низ кӯркӯрона мавриди ҳадаф қарор мегиранд. https://tajikpress.com/2024/12/15/%d0%b8%d1%84%d1%88%d0%be%d0%b3%d0%b0%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d0%bd%d0%b8%d0%b7%d0%be%d0%bc%d0%b8%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d3%a3-%d0%b0%d0%b7-%d2%b7%d0%b8%d0%bd%d0%be%d1%8f/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев