Истиқлолият барои ҳаp миллат калимаи муқаддас аст ва ҳap халқ тӯли таърих кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз меваи шаҳдбори ин дарахти ҳамешасабзи умеду орзуҳо ком ширин кунад. Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад
Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, давлат обод шуд, сулҳу оромӣ, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат барқарор гардид», Ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити муосир дигаргуниҳои густурдаеро дар соҳаҳои гуногун аз сар мегузаронад. Дар чунин шароит таҳти омилҳои гуногун гузариш аз як низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба низоми муносибатҳои нави имрӯза ҷараён гирифта, ҳамзамон миёни аъзои ҷомеа тамоюлҳои ба ин муносибатҳо хоси арзишию иртибототӣ ташаккул ёфта истодаанд. Падидаҳои мазкур бо суръату вижагиҳои гуногун ҷараён мегиранд ва бинобар ҳамин ҳам бархӯрди аъзои ҷомеа низ бо онҳо яксон нест. Он чӣ ин мавқеъҳоро ба ҳам наздик меорад, ин ангезаи ҳифз ва ба ворисият додани низоми арзишҳою робитаҳои устувори иҷтимоиест, ки метавонанд ба сифати омили таҳкимбахшандаи суботу рушди кишвари соҳибистиқлоламон хизмат намоянд.
Истиқлолият на ба ҳама муяссар мегардад ва агар мардумоне ҳам дар ин ҷода ба ҷoe расидаанд, он барояшон бидуни ҷонфишонию аз худ гузаштанҳо насиб нагаштааст. Таҷрибаи имрӯзаи ҳаёти сиёсии миллати тоҷик ва таърихи гузаштаю имрӯзаи ӯ низ дар ин маврид истисно нест. Дар гузаштаи на чандон дур одатан истиқлолияти кунунии кишварамонро бисёриҳо ҳамчун «туҳфа» арзёбӣ мекарданд ва онро танҳо ба ҳодисаҳои солҳои охири асри XX вобаста медонистанд. Чунин арзёбӣ аз касби истиқлолият то андозае эҳтиром аз хизмату ҷоннисориҳои наслҳои пешин, ки воқеан ҳам тавассути заҳматҳои онҳо фарҳангу ҳувияти мардуми тоҷик барқарор монд ва маҳз бо такя аз ин нишонаҳо миллат тавонист баъд аз чандин садсолаҳои маҳрумият аз давлатдорӣ бори дигар соли 1929 аз нав онро ба даст орад, сарфи назар менамуд. Барои ислоҳи муҳтавои чунин баҳодиҳиҳо иқдомҳои амалии Сарвари давлат Э. Раҳмон дар шакли ҳамчун рамзи ҳувияту ваҳдати миллӣ пешниҳод намудани симои Исмоили Сомонӣ ва сазовор донистани унвони аввалин қаҳрамонони миллати тоҷик ба он шахсиятҳои сиёсию фарҳангии миллатамон, ки дар роҳи тадриҷан ба остонаи истиқлолият расидани халқи худ хизмати назарраси таърихӣ анҷом додаанд, мусоидат намуданд. Бинобар ҳамин месазад, ки мо таърихи истиқлиятхоҳии мардуми худро пайваста бо ному корнамоиҳои ҷовидонаи маҳз ҳамин абармардҳо алоқаманд намоем ва собиқаи тӯлонии ҷоннисориҳои миллатамонро дар ин poҳ ба гӯшаи фаромӯшӣ насупорем. Яъне бо ин амал мо метавонем ифтихор намоем, ки анъанаи кӯшиши аз банди вобастагӣ раҳоӣ ёфтани мардуми тоҷик собиқаи тӯлонӣ дорад ва он истиқлолияте, ки имрӯз насиб гаштааст, таҷассуми орзую омол, хизмати ҷоннисоронаи наслҳои гузашта низ мебошад. Кӯшишу мақсади ба қисмати хеш ҳоким шудан ва масъулияти инкишофи миллатро ба дӯш гирифтан ҳамеша яке аз сифатҳои барҷастаи иҷтимоии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷиҳат 9 сентябри соли 1991 ба ин мақсад пурра ноил шудани миллати тоҷик яке аз гиромитарин фаслҳои таърихи имрӯзаи ӯ маҳсуб мешавад.
Дар замони истиқлолият таваҷҷуҳу кӯшиши одамон аз дарки раванду тамоюлҳои зикршуда мутаносибан манзараҳои муайяни диди қишрҳои гуногуни ҷомеаро заминагузорӣ намуданд, ки бо вуҷуди зуҳури баъзе ҷанбаҳои таззоднокашон онҳо тавассути арзишҳои маҳакӣ ба ҳам наздик мешаванд. Маҳз дар заминаи чунин тамоюлот иқтидори посухгӯии муносиб ба талаботи имрӯзаи инкишофи ҷомеа ба даст меояд ва эҳсоси ҳамшарикии онҳо дар ташаккули робитаҳои бунёдии ҷамъиятӣ пурқувват мегардад. Зеро барои инсон танҳо донистани ҷузъҳои таркибии муносибатҳои навин муҳим нест, балки ӯ ҳамеша саъй менамояд қобилияти дарки шароиту заминаҳоеро дошта бошад, ки дар маҷмӯъ имконияти ҳамчун як умумияти воҳид баромад кардан, зуҳур намудани одамони касбу кори мухталиф, минтақаҳои гуногун ва ғайраро фароҳам орад. Ин воқеан ҳам масъалаест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмину таҳкими пояи давлатдории миллии худ ба он таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Ғояи ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносию ифтихори миллӣ ва дигар мафҳумҳое, ки пас аз касби истиқлолияти давлатӣ ҷомеашиносии мо барои ифодаи воқеияти ҳаёти ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба кор мегирад ва онҳо айни замон дар зершуури мардум ҷой гирифтаю дар ташаккули манзараи ҷаҳонбинияш нақш доранд, гувоҳи тақвият пайдо кардани ҳисси ҳамбастагию ҳамгаройии тоҷикистониён мебошад.
Посухҳои муносиб ба воқаеҳои ҳассосу ҳавлангези ҷаҳони имрӯз, хусусан дар даҳсолаи охир гувоҳи роҳандозии фаъолияти мӯътадили истиқлолияти давлатист, ки маҳсули сиёсати ҳадафмандонаи Президенти кишварамон ба шумор меравад. Дар ин радиф иқдомҳои барои ҳифзи истиқлолияти кишвар аз таҳдидҳои мухталиф, эҷоди камарбанди дастҷамъонаи амниятӣ дар тӯли хатти сарҳади давлат бо Афғонистон, шарикӣ дар эҳёи Роҳи абрешим, эҷоди хати иртибототии мустақим бо кишварҳои дунё, ҳимоят аз рукнҳои дунявии давлатдории миллӣ дар муносибатҳои сатҳҳои мухталиф ва ғайра пеши назари ҳар фарди соҳибватан симои арзишҳои муҳими ба ҳаёти ҷомеаи мо вориднамудаи даврони истиқлолияти давлатиро ҷилвагар месозад. Чунин сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлатамон на танҳо дар дохил, балки аз ҷониби соири давлатҳои дунё ва созмону ташкилоти байналхалқӣ низ ба хотири ҷанбаи васеи созандагӣ доштанаш мусбат ва қобили омӯзиш арзёбӣ карда мешавад.
Чунин иқдоми давлатсозии пешгирифта тавонист солҳои аввали касби истиқлолияти давлатӣ хатари ҷиддии аз байн рафтани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон, халалдоршавии тамомияти арзии он, ба минтақаву маҳалҳои ҷудогона тақсим шудани онро аз байн барад. Тамоюли инкишофи ин хатарҳоро на танҳо фаъолияти рӯзафзуни тарафдорони берунии ин раванд, балки фаъолияти бисёре аз неруҳои иҷтимоию сиёсии дохилӣ низ суръат мебахшид ва пайваста кӯшиши буғранҷ сохтани фазои кишварро ба хотири бесалоҳият нишон додани давлату мақомоти роҳбарии сиёсии он ба харҷ медоданд.
Бо дарки воқеъбинонаи чунин вазъият ва зарурати ҳалли мушкилоти фавкуззикр акнун проблемаи сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеаро Сарвари давлат ба яке аз масъалаҳои муҳими таъмини суботу инкишофи минбаъдаи кишвар табдил доданд. Ин раванд такони азиме ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар бахшид ва шаклу усулҳои нави ҳамкориро миёни неруҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ ба вуҷуд овард. Ваҳдати миллӣ тавонист чунин таҷрибаи ҳамкориеро миёни онҳо эҷод намояд, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ аз манфиати умумимиллӣ дастгирӣ намуда, айни замон нуктаи назари худро доир ба ин ва ё он масъала озодона ва кушоду равшан баён намояд.
Маҳз дар ҳамин раванди ҷомеасозӣ бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон мо бо роҳандозии мувафаққонаи истифодаи зарфияти давлати миллӣ ба сифати абзори ҳувиятсози миллӣ мувоҷеҳ гаштем, ки он яке аз рукнҳои муҳими таъмини истиқлолияти сиёсии мамлакат ба шумор меравад. Амалияи мазкур хотираи таърихии мардуми тоҷикро дар намоди давлати миллӣ ғунҷонид ва бо шарофати ин иқдом акнун мудом саҳифаҳо аз бойгонии таърихи бою рангини ин сарзамин дар муоширату муносибатҳои гуногунҷанбаи нави ҷамъиятӣ ҳамчун навори зинда пеши назар меоянду чарх мезананд. Аз ҷумла, номи пули миллию намодҳои дар онҳо ғунҷонидашуда, номи аксари вилояту навоҳӣ, шаҳраку деҳаҳо хотироти таърихии мардумро дар меҳвари ифтихори миллию ватандӯстӣ давр мезанонанд ва ба кору пайкори созанда барои рушди ҷамъиятии ин сарзамин ҳидоят мекунанд.
Дар амалияи давлатсозии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон эҳёи хотираи таърихии ҷомеа пайваста дар меҳвари андешаи ба ҳам созиш додани анъаноти фарҳангии қавму халқияти гуногуни маскуни ин сарзамин давр мезанад. Ин гуна фазои ҷомеасоз тадриҷан барои ташаккули ҳувияти шаҳрвандии кулли сокинони мамлакат заминаи асосӣ фароҳам меорад ва онҳо новобаста аз мансубияти қавмию этникӣ худро ҳамчун «тоҷикистонӣ» мешиносанд ва дар симои давлати миллӣ кафили таъмини амнияту зиндагии шоистаи худро мебинанд. Ин тамоюлро яке аз тезисҳои барои гӯшу ҳуши мардум хушнавози Сарвари давлатамон «Тоҷикистон – ватани ҳамаи тоҷикистониён» маънии тоза мебахшад, ки он дар арафаи ҷашни 20-солагии иҷлосияи ХУ1 Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода буд. Бинобар ҳамин ҳам дар ҷаҳони имрӯз агар падидаи бисёрқавмӣ аз ҷониби баъзе кишварҳо мояи ташвишу нигаронӣ барои таъмини суботу истиқлолияти давлатӣ пиндошта шавад, вале ҷомеаи тоҷикистонӣ бо такя аз таҷрибаи андӯхтаи таърихияш ин падидаро ба сифати омили таҳкими суботу рушди худ қабул дорад.
Имрӯз ҳар сокини ин сарзамин дар симои давлати Тоҷикистон кафили таъмини ҳуқуқу озодиҳо, омили татбиқи манфиатҳои ҳаётан муҳими худро мебинад. Воқеан ҳам ин самараи татбиқи он сиёсатест, ки аз кору пайкори созандаи Сарвари давлатамон маншаъ мегирад ва ҳузурашон дар арсаи сиёсӣ тавонист идеалҳои дар зеҳну қалби мардум нуҳуфтаро ба воқеият табдил диҳад.
Ҳамин тавр, дастовардҳои бузурге, ки имрӯз Тоҷикистон ба онҳо бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ноил шудааст, воқеан ҳам барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию ифтихори миллӣ ва ваҳдати мардуми он нақши бузург доранд.
Зикирзода Қобил.,
устоди ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев