Дар аксари кишварҳои шарқӣ ҳамеша ду хатар вуҷуд дорад, яке ин ки боварҳои омехта ва ҷаҳлу хурофот, ки мардумро дар ҳолати карахтӣ, нодонӣ ва таассуб нигоҳ медорад, дигар ин ки манфиатбардории иддае аз кишварҳои қудратҳои аввалу дуввуми ҷаҳон, тавассути ҳамин гуна вазъ мехоҳанд аз тавсияи манфиатҳои худ дифоъ намоянд.
Дар ин миён бозингарони абарқудрат ҳамеша дар садр қарор мегиранд. Онҳо ба хотири нигоҳдошт ва боз ҳам тавсеа додани манофеи хеш аз ҳама гуна воситаҳо истифода менамоянд. То ҳадде зиёде кушиш менамоянд, ки кишварҳои мавриди назар дар ҳолати таассуб, камдонишӣ ва ҷомеаашон пур аз зиддияту ихтилоф қарор бигирад. Онҳо ба ҳар шакли мумкине, ки набошад аз бархӯрду зиддиятҳои дохилии ин кишварҳо истифода намуда, онҳоро дар ҳолати парокандагии иҷтимоӣ ва ихтилофҳои назарӣ ва диниву мазҳабӣ нигоҳ медоранд. Мутаассифона, бархе аз табақаҳои мардумони ин минтақа гумон меварзанд, ин ё он қудрат онҳоро озод месозад ва ба онҳо хушбахтӣ меоварад.
Бархурди қудратҳои ҷаҳонӣ ва гузаштан аз як даст ба дасти дигари кишварҳо онҳоро боз ҳам ба фақру нотавонӣ дастнигарӣ ва дармондагӣ савқ медиҳад. Махсусан пас аз байн рафтани Иттиҳоди шуравӣ он мавзеъҳое, ки дар таъсири геополитикии ин кишвар буданд, зери таъсири кишварҳои дигар қарор гирифтанд ва махсусан дар манотиқи Ховари Миёна баъзе кишварҳо ба бархӯрдҳои сахт, ноустувории сиёсӣ ва ҷангҳои шаҳрвандӣ кашида шудаанд. Як суоле ба миён меояд, ки манофеи кишварҳои бозингар аз ин навъи бархурдҳо дар чӣ аст? Вақте ба вазъи умумии ин навъи муносибат назар меафканем, метавон ба осонӣ мушоҳида намуд, ки сараввал дар ин кишварҳо ҳукуматҳоеро руйи кор меоваранд, то бо мардумашон дар ихтилоф қарор бигиранд. Баъдан ин ихтилофотро истифода намуда, бархурдҳоро ба миён меоранд, ки натиҷаи он бо ноамнӣ, ҷанги шаҳрвандӣ анҷом мепазирад ва ба ин восита пулу сармояю дороии ин кишварҳо барои ҷуброн кардани касри даромадҳои кишварҳои дасти аввали ҷаҳон сарозер мешавад.
Аз тарафи дигар одатан байни ин кишварҳо аз назари сиёсӣ ҷангҳое роҳандозӣ мешавад, ки тавассути ин ҷангҳо, маблағҳо, дороиҳо ва тавони ин кишварҳо барои хариди аслиҳа равона карда шавад. Яъне ҳар боре кишварҳои қудратманд дар ин ё он буҳрони молияви дасту по мезананд, онҳо роҳи бурунрафтро аз ин вазъ дар ду навъ амалкард лозим медонанд ё давлатҳоро, махсус он кишварҳое, ки аз назари молӣ қавианд ва тахмин зада мешавад, ки сармояҳои зиёде дар он ҷамъ омадааст, дар он ё бархурди дохили инқилоб ташкил медиҳанд, ё ду кишварро байни ҳам ҷанг меандозанд. Дар чунин навъи манфиатбардориҳо яке аз асбоби навъи беҳтарини онҳо дар Ховари Миёна коргирӣ аз дину бовар ва исломи сиёсӣ аст.
Гоҳо соддабоварии мардумони ин кишварҳо дар он зоҳир мегардад, ки онҳо гумон мекунанд, ки ин ё он қудрате баҳри онҳо озодӣ ва саодатро ба армуғон меоварад. Вале таърих як чизро собит кардааст, ки ҳеҷ миллат ва қавми забардасте дилаш ба ҳоли давлат ва миллати зердаст намесӯзад. Баръакс ба ҳар роҳу восита ин кишварҳои кучакро аз ноогоҳӣ, нодонӣ, дармондагӣ ва таассубу хурофоташон истифода намуда, онҳоро ҳам аз дарун (яъне ба маънои барҳам задани суботи дохилӣ, ҷудоӣ ба миён овардан байни ҳокимияти сиёсию мардум) ва беруна (роҳандозии ҷангҳо бо кишварҳои ҳамсоя) сузонида дар хокистари онҳо нони хешро мепазад. Ин ба он маънист, ки қудратҳо аз бадбахтии кишварҳои заиф истифода бурда, масоили дохилии хешро ҳал мекунад. Давоми 20 то 50 сол ҳар замоне, ки буҳронҳои молиявӣ дар кишварҳои қудратманд ба вуҷуд оянд, онҳо дар иддае аз кишварҳои ҷаҳон инқилобҳо ва ҷангҳои локалиро роҳандозӣ мекунанд. Агар аз руйи ин мантиқ воқеиёти 50 соли охирро таҳлил кунем метавон ба хулосае расид, ки аксар аз бархурду инқилобҳои Ховари Миёна ҷузъе аз ин барнома ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки дар ҳар кишваре ҷанги дохилӣ роҳандозӣ мешавад, агар аз як тараф зиёни азими молиявию иқтисодӣ ба миён орад, аз тарафи дигар сабаби табоҳии сармояи миллию зеҳнӣ гардида, боиси фирори мағзҳо аз ин кишварҳо мешавад. Ҳисоби камбуди кадрию зеҳнӣ дар кишварҳои қудратманд ба ин восита ҷуброн карда мешавад. Ин ҳолат чунин тавсир дорад, ки барои як кадри мутахассисро тайёр намудан 25 30 сол вақт сарф гардида, ҳазорон ҳазор маблағи пулӣ хароҷот мешавад. Ба воситаи ноамн кардани вазъ ё барҳам задани шоистасолорӣ дар ҷомеа ба таври муфту маҷҷонӣ кишварҳое, ки аз лиҳози қудрату сармоя тавоноанд, онҳоро ба худ ҷалб мекунанд. Зиёни дигари ин вазъ кушта шудани иддае аз мардуми оддӣ шикаста шудани пойгоҳи маънавию илмӣ, ки он дар тули 50, 100 сол ба миён омада буд, далели ҳамин гуна вазъ аст. Агарчи ин ҷомеаҳоро дубора ба оромиш мерасонанд, вале ҳеҷ гоҳ қудратҳо дар кушиши ин нестанд, ки ҳокимиятҳое ки дар ин манотиқ сари кор оянд, воқеан донишманд ва бо мардум дар як самт қарор гирифта, мушкилоти ҷомеаи худро бароварда намояд. Онҳо ҳатман боз ихтилофоти наверо дар миён мегузоранд ва кушиш ба харҷ медиҳанд, ҳамин гуна як фазои печида ва номутаносиб дар ин кишварҳо ҳукмрон бошанд. То замони ин ки мардуми бумии ин кишварҳо дарк накунанд, ки сохтмони давлату миллат ва саодати рӯзгорашон дар дасти худи онҳост. Ҳеҷ кишваре ҳам аз берун наметавонад тамоми мушкили онҳоро бароварда созаду онҳоро хушбахт намояд, то замони он ки худи онҳо барои сохтмони як ҷомеаи огоҳ фарогир ва донишманд кушиш ба харҷ надиҳанд.
Дар ҷомеае, ки шуури иҷтимои бар пояи таассубу хурофот аст, он ҷо ягон амалкард бар пояи ақли солим нест, ҳама кор ба думболи беқайдубандиву бебарномагӣ сурат мегирад. Табиӣ аст, ки дар чунин ҷомеа дониш, маънавиёт ва тахассуси ҳирфаӣ будани фард ҳеҷ ҷойгоҳе надораду дар он рушд ба кундӣ сурат мегирад.
Барои бовармандони мутассибу хурофазада ба ҷуз маҷмуи он арзишҳои қудсишудае, ки аз шариатҳошон бармеояд, чизи дигаре хуш намеояд. Онон ҳамеша нодонӣ, ҷаҳолат ва хурофотро бар ҳамагуна ҳақиқату сухани санҷидашуда, тарҷеҳ медиҳанд. Бадии кор дар он аст, дар чунин навъи ҷомеаи печидаи хурофотӣ, баён кардани ҳар гуна назари таҳлилӣ хатарафзост.
Он ҷо ки ҳамоқат ва балоҳат ҳамчун хирад шумурда мешавад, аслан дар он ҷо аз хирад гап задан баробар ба худкушист. Зеро қавми мутаассиб ва хурофотӣ ҳарчи нав аст ва ҳарчи берун аз дидгоҳҳои онҳост, онро бисёр ба мушкилӣ қабул мекунанд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо то ҳадде қолабрезӣ шудаанд, ки ҳатто фаҳме барои фаҳмидан надорад. Магар метавон аз чунин ҷамоат интизори фаҳми мафҳуми озодӣ буд. Мафҳуми озодӣ танҳо дар афроде метавонад ҷойгоҳ дошта бошад ва дарку фаҳм шавад, ки он соҳиби хирад ва тафаккур аст. Онҳо аз озодӣ як фаҳми маҳдуди бовармандӣ ва хурофотиро дуруст кардаанд, ки он ҳеҷ ба фаҳмиши илмӣ ва фалсафӣ дуруст намеояд. Вақте аксари бошандагони як ҷомеаро чунин афрод ташкил медиҳанд, бисёр мушкил аст, ки дар он дидгоҳи илмии муосир ва равобити иҷтиомии солим тақвият пайдо кунад.
Дар ҳеҷ як матни китобҳои фалсафа, равоншиносӣ ва адабиёт эътиқод ғурурманди таассубиву хурофотӣ, ки он бо шамоили ифротӣ зуҳур мекунад, наметавонад, дарвозаи фаҳму хирадро ба руйи инсон боз кунад ва аз тарафи дигар чунин фарди мутаассибу хурофазада тавони зеҳнии дарку фаҳми дигаронро низ надорад. Он бо чунин эътиқоди мағруронаи тассубию хурофотӣ ва ифротӣ дари ҳамагуна дарку фаҳм, мусоҳибаю муколама ва диди воқеъбинонаи илмиро ба руйи хеш мебандад.
Тавре зикр намудем кишварҳои манфиатбардори ҷаҳони сеюм ҳамеша кушиш мекунанд, онҳо дар ҳоли нодонӣ, таассубзадагӣ ва хурофотию ҳараҷу мараҷ гирифтор монанд. Дар байни мардумони ин кишварҳо ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, ки огоҳӣ дониш ва рушангарӣ рушд намояд, зеро онҳо дар ҳар гуна огоҳӣ эҳсоси хатар менамоянд.
Агар ба амалкардҳои дар Шарқи Наздику Миёна доштаи қудратҳо назар афканем, онҳо ҳеҷ гоҳ аз табақаи донишманд дастгирӣ намекунанд. Ҳамеша мухолиф ва душмани сарсахти мактаб ва маорифи дунявианд. Бештар аз нафароне чеҳра месозанд, ки паёмашон аз нодонӣ, хурофот ва бовармандӣ аст. Вақте ба таҳқиқ амалу кори онҳоро мушоҳида менамоем, агарчӣ иддае аз онҳо бовармандони дину мазҳаби масеҳӣ бошанд ҳам, вале ба хотири таъсиргузорӣ ба мардуми оддии соддабовар аз шахсиятҳои динӣ нимоде месозад, то ба ин восита ба зеҳнияти мардуми авом таъсир гузошта, онҳоро ба худ мутамоил кунанд ва аз ҷониби дигар нодониро бар дониш ва ҷаҳолатро ба равшаннигарию илм тарҷеҳ дода, дар зеҳнияти мардум аз онҳо як навъ нимоду идеал месозанд.
Ҳамин аст, ки онҳо ҳангоми вохурию мулоқот ба гуруҳҳои бовармандию руҳонӣ амалҳоеро анҷом медиҳанд, ки аз назари воқеӣ музҳику хандаовар аст. Масалан датсбусӣ аз сарони динӣ чунин зеҳниятеро дар шуури мардуми оддӣ ба миён меорад, ки бубинед як хориҷӣ ки ғайридин аст, барои он ҳам муҳим будан ва бофтаи ҷудотофта будани ин табақа муҳим ба назар мерасад. Онҳо ба ин восита пайғом медиҳанд, ки мардуми оддӣ низ дасти онҳоро бибӯсад, аз онҳо итоат кунад, ки гуё онҳо аз баргузидагони макони номаълуме ҳастанд, ки ифтихор додаанд, то бар рӯи замин бошанд. Ин гуна амалкарди онҳо баръакс барои бедории ҷомеа ва рӯ овардан ба илму дониш монеа эҷод месозад. Ҳамеша ба ин восита кушиш ба харҷ медиҳанд то зеҳнияти баста, қудсипараст ва фарозаминиро дар ҷомеаҳои шарқию мусалмонӣ ривоҷ диҳанд.
Дар коргири аз сиёсатҳои дохилии онҳо ҳизбу ҳаракатҳоеро ба вуҷуд меоранд, ки шабаҳи якдигаранд ва дар амалкардашон ҳамон муқаддас гардонии дину бовар ва таассубу хурофот ҷой доранд. Танҳо бо каме ихтилоф аз ҳам фарқ доранд ва ин ихтилофҳо ҳам замоне ба кор андохта мешаванд, ки ҳизб ё ҳаракати сиёсии ҳоким натавонад манфиатҳои сиёсии онҳоро бароварда созад, гуруҳи дигарро сари кор меоваранд, ки ин гуруҳ низ на ба манфиати мардум, балки ба манфиати қудратҳо бояд хизмат кунад. Қудратҳо дар навбати худ ҳеҷ гоҳ дифоъ аз гуруҳҳои равшангар, мутафаккир ва нобиға намекунанд, онҳо хуб дарк мекунанд, ки агар ин гуруҳҳо ба қудрат даст ёбанд, наметавонанд аз манфиатҳои онҳо дифоъ варзад. Аз ҷониби дигар ин гуруҳҳо бо тарвиҷ намудани дунявияту донишҳои муосир, яъне ба таври дигар ба роҳ мондани маорифи дунявӣ мардумро огоҳӣ мебахшанд, ки дигар мардуми огоҳ ҳеҷ гоҳ зери бори онон намераванд ва худ ба тафаккури созандаву офаринанда мерасанд.
Бо назардошти таҳлилҳои боло аҳли ҷомеаи моро зарур аст, то рӯй ба мактабу маориф оваранд. Танҳо донишу огоҳӣ, дарки илмии ҷаҳон ва дар ин замина созандагиву бунёдкорӣ метавонад, баданаи ҷомеаи моро қавӣ гардонида, онро аз ҳама гуна хатар эмин дорад. Рушди бомароми ҷомеаро таъмин намояд.
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев