Тавре хабаргузории Фергана иттилоъ медиҳад, бар асари пандемияи коронавирус қаблан ин муҳлат то 15 июн муқаррар шуда буд.
Мувофиқи фармон , то 15 сентябр ба ҷуз иҷозаи кор, патент ва иҷозаи ҷалбу истифодаи кормандони хориҷӣ, муҳалти ҳуҷҷатҳои амалашон ба охир мерасида, аз қабили раводид (виза), иҷозаи зисти муваққатӣ, ҳуҷҷати иҷозаи зист, корти муҳоҷират ва ғайраро дароз кардан лозим нест.
Дар ҳамин ҳол, акнун бидуни берун рафтан аз ҳудуди қаламрави Русия ҳуҷҷатҳоро нав кардан имкон дорад.
Дар давраи аз 16 июн то 15 сентябр шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Русия бо тартиби бидуни талаботи гирифтани раводид меоянд, ҳуқуқ доранд, ки дар бораи додан (дароз кардани муҳлат), дубора ба расмият даровардани патент бе назардошти талабот ба муҳлати муқарраршудаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ҷиҳати анҷоми расмиёти мақсади сафар ва хориҷ шудан аз Русия ариза диҳанд.
Дар ҳамин муҳлат корфармоёне, ки барои ҷалбу истифодаи кормандони хориҷӣ иҷоза гирифтаанд, ҳуқуқ доранд, ки барои дароз кардани муҳлати иҷозатнома барои коргарони худ бо ариза муроҷиат кунанд.
“Чунин иҷозатнома бе назардошти талаботи мақсади сафари шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба ҳама гуна муҳлат то 15 сентябри соли 2020 дода мешавад (муҳлаташ тамдид мешавад)”, - қайд мешавад дар фармон.
Пардохти маблағи патент аз 18 апрел бо фармони Путин бекор шуд. Ба корфармоён барои ба кор гирифтани хориҷиёни муҳлати амали патенташон гузашта ё чунин ҳуҷҷатҳо надошта иҷоза дода шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷарима кардан барои он манъ шуд. Чунин сабукиҳо замони эпидемияи коронавирус бо сабаби баста шудани сарҳадҳо ҷорӣ шуданд. Вуруди хориҷиёнро ба кишвар ҳукумати Русия аз 18 март манъ кард, ки дар натиҷа мақоми ҳуқуқии аксарияти муҳоҷирони дар Русия ҳузурдошта зери суол қарор гирифт.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев