Чӣ замони дилангезу дилрабое буд, замони кӯдакии ман паҳлӯи модар! Шабҳои тобистон, вақте зери токи ангур, рӯйи кат мехобидем, модар шеърҳои носуфтаи худро бари гӯшам қироат мекард. Вақте ӯ шеър мехонд, дунё дар назарам боз зеботару рангинтар менамуд. Ман чашм сӯйи баргҳои ангур медӯхтам. Баргҳои сабз, ангурҳои пухта дар токи дароз ҳамоил буданд. Ман чунин мепиндоштам, ки онҳо ҳам аз ин ҳолам воқифанд. Бодаки сабук мевазид ва баргу сари ангурҳои вазнинро ноайён ба ҷунбиш меовард. Модар пас аз хондани шеърҳои худ ба гуфтани қиссаҳои бачагиаш шурӯъ мекард. Ман хамӯш ба онҳо гӯш медодам. Андак-андак, по ба по хоб ба чашмони ман пирӯз мегардид. Бо лаби хандон ва бо таассуроти амиқ маро паҳлӯи модар хоб мебурд. Ин шабҳое буд, ки ҳамакнун наметавонам онро ба ҳеҷ афсона, зебоии олами имрӯз иваз намоям. Чун дар олами ҳикояҳои модари азиз ман вориди дунёи сеҳрангез мешудам. Имрӯз модар дар ин олам нест. Ӯ хеле зуд ин оламро падруд гуфт. Ҳар замон, ки маро хумори дидори модар мегирад, шабҳои қиссагӯии ӯро ба хотир меоварам. Қиссаҳояш то ба ҳол, дар шабҳои танҳоӣ ҳамроҳ ва таскини дили ман ҳастанд. Ман модарро ёд кардам, чеҳраи зебои ҷавони ӯро, қиссаҳои зери токи ангур гуфтаи ӯро. Аз зери баргҳои токи ангури ҳусайниву султонӣ гӯиё чеҳраи модарро мебинам. Ӯ ба дурии дуриҳо рафтааст. Аммо чеҳрааш, хандааш, табассумаш ва қиссаҳои ҷаззобаш зери гӯшам садо медиҳанд. Онҳо суруди зиндагии ман гардидаанд. Ҳар шаб қабл аз хоб ин сурудҳо паси гӯшам садо медиҳанд ва маро ба овони кӯдакиам бармегардонанд. Модар қисса мегуфт, қиссаҳои дилангезу оромиву тасаллибахш...
***
Садои модар беҳтарин суруду мароми зиндагист.
***
Модар ва чеҳраи ӯ дар хотири ҳар тифл ҷовидон нақш мебандад.
***
Модар ҳамроҳ бо андешаҳояш, мададгору дастгир дар ҳар лаҳзаи зиндагӣ, мӯҷиби амалӣ гардидани орзуву таманноҳои кӯдакаш аст.
***
Модар гарчанд аз ин олам рафтааст, аммо қиссаҳояш, аллаҳояш, ашкҳояш, ғамҳояш, шодиҳояш, дуоҳояш ҳама, ҳамоно бо мо - фарзандон барои ҷовидон дар хотирҳо мондааст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1